Ноябр 30, 2017 06:54 Asia/Dushanbe

Қисмати 780 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 46-47

46

 

قُلْ إِنَّمَا أَعِظُکُم بِوَاحِدَةٍ  أَن تَقُومُوا لِلَّـهِ مَثْنَى وَفُرَادَى ثُمَّ تَتَفَکَّرُوا مَا بِصَاحِبِکُم مِّن جِنَّةٍ إِنْ هُوَ إِلَّا نَذِیرٌ لَّکُم بَیْنَ یَدَیْ عَذَابٍ شَدِیدٍ        

 

"Эй Паёмбар" бигу: ман шуморо фақат ба як чиз андарз медиҳам, ки барои Худо қиём кунед, ду нафар ду нафар ва як нафар як нафар, сипас бияндешед "То дарёбед", ки ҳамнишин ва рафиқи шумо ҳечгуна ҷунуне надорад, Ӯ барои шумо аз азоби сахте, ки дар пеш аст, ҷуз ҳушдордиҳандае нест.

 

Дар ин оят ва оятҳои баъди сураи Сабаъ, Худованд паёмбарашро маъмур мекунад то ба сароҳат шеваи даъвати худро барои мардум баён кунад. Ба унвони аввалин нукта дар ин оят мефармояд: эй Паёмбар! Ба мардум бигу, ки даъвати ман барои ислоҳи шумо ва ҷомеаи шумост, ки агар мехоҳед аз ин мунҷалоби фасод ва гуноҳ ва зиштӣ наҷот ёбед ва грифтри уқубати сахти корҳои худ нашавед, бояд барои ислоҳи худ ва ҷомеа қиём кунед, албатта қиём бар асоси имон ба Худо ва бо ангезаи илоҳӣ, на ангезаҳои модӣ ва дунявӣ

Агар ба таври ҷиди ва бо қасди илоҳӣ омода шудед, бояд пеш аз ҳар иқдоме, бовариҳои худро бо фикр ва андеша, ислоҳ ва тасҳиҳ кунед, дар ин бияндешед, ки Худованд барои чӣ шуморо офаридааст ва аз шумо чӣ мехоҳад? Бингаред, ки Худованд бар чӣ ҳадафи паёмбарашро барои шумо фиристодааст? Ҳамчунин дар бораи поёни кори худ, хуб бияндешед.

Агар қадре фикр кунед, дар меёбед, ки Худованд паёмбарашро барои иршод ва ҳидояти инсонҳо фиристода ва ӯ ҳадафе ҷуз ҳушдор бамардум барои барҳазар доштани онҳо аз корҳои зишт надорад, пас чигуна мумкин аст касе, ки мардумро ба тафаккур ва андешидан даъват мекунад, худ маҷнун бошад, онгуна, ки мухолифон ба ӯ туҳмат мезананд: оё ҳар кас ба ман ва шумо дар бораи хатари бузурге, ки аз он огоҳ нестем, ҳушдор диҳад, маҷнун ва девона аст? Дар ҳоле, ки ӯ аз он хатар ба хубӣ огоҳ аст.

Албатта дар ҷараёни талош барои ислоҳи ҷомеа, набояд мунтазири дигарон бимонем бо як гул баҳор намешавад, ё ин, ки чун аксаряти ҷомеа ба хато мераванд, аз мо чӣ коре бармеоояд? Балки бояд ду нафар ду нафар ва агар нашуд, як нафар барои ислоҳи худ ва ҷомеа бигушем ва беиътиноии дигарон, моро аз анҷоми вазифа боз надорад

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Бо нишастан ва ҳарф задан, корҳо дуруст намешавад, бояд қиём кард ва ба по хост, албата барои Худо.

 

2 – Дар қиёмат барои Худо, камият ва теъдоди афрод, нақши аслиро надорад, балки муҳим кайфияти иқдом ва ангезаи холисона барои ҳаракат дар роҳи Худост.

 

3 – Паёмбар, (с)  солҳо дар миёни мардум зиндагӣ кардааст, ҳамаи мардум ӯро ба ақл ва тадбир ва садоқат ва амонатдорӣ мешиносанд ва кучактарин нуқтаи заифе аз эшон дида нашудааст, бо ин ҳол, ҳангоме, ки Паёмбар (с) ба мушрикон дар бораи авоқиби шуми корашон ҳушдор медиҳад, мутаҳам ба ҷунун ва ифтиро мешавад.

 

 

47

 

قُلْ مَا سَأَلْتُکُم مِّنْ أَجْرٍ فَهُوَ لَکُمْ  إِنْ أَجْرِیَ إِلَّا عَلَى اللَّـهِ  وَهُوَ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ شَهِیدٌ                                                              

 

Бигу: ҳар аҷр ва подоше аз шумо хостам, пас он барои худатон, музди ман ҷуз бар Худо нест ва Ӯ бар ҳар чизе гувоҳ аст.

 

Дар идома ояти қабл, дар ин оят низ Паёмбар (с) маъмур мешавад то дар бораи шеваи даъвати худ ба мардум бигуяд: ман дар ҳидояти шумо ба роҳи Худо ва низ ҳушдор дар мавриди қиёмат, ҳеч ангезаи модӣ надорам ва ҳеч чизе аз шумо намехоҳам, подоши ман ба уҳдаи Худост.

Ҳар кореро ҳам, ки аз шумо хостаам анҷом диҳед, нафъаш барои худатон аст, на барои ман! Агар гумон мекунед чизе барои худам аз шумо хостаам, он ҳам барои шумо! Агар ҳам аз шумо музде дархост мекунам ва масалан мегуям аҳлли байтамро дӯст бидоред, ба хотири он аст, ки фоидаи ин кор ба худи шумо боз мегардад, натиҷаи пайрави аз онҳо ин аст, ки роҳи ростро ёфта ва дучори гумроҳӣ ва инҳироф намешавед.

Мисли ин, ки устоде ба шогирдаш бигуяд: ончиро дарс додаам хуб бихонед ва пас аз ман низ ба суроғи шогирдонам биравед, ин ду хоста, қатъан нафъаш ба худи донишҷуён мерасад, на устод, ҳамаи паёмбарон дар тули таърих, ҳамчун муалимон дилсузе будаанд, ки роҳи дурусти зиндагӣ карданро ба мардум омухтаанд ва аҷр ва подоше аз мардум дархост накардаанд.

 

Аз иноят меомӯзем, ки:

 

1 – Мубалиғони диннӣ, набояд аз мардум тавақуи молӣ дошта бошанд, онҳо бояд бе тавақуии худро эъром кунанд ва аз рӯйи анҷоми вазифа, мардумро иршод намоянд.

 

2 – Бо иинтихоби роҳи Худо ва анҷоми дастуроти диннӣ, худро талабкори Худо ва паёмбар надонем, зеро ончӣ анҷом медиҳем, ба нафъи худамон аст ва суде барои Худо ва расул надорад.

 

3 – Агар Худо бар корҳои мо гувоҳ аст, пас чаро аз суханон ва туҳматҳои норавои бархе аз афрод нороҳат шавем ва дар роҳи иршоди мардум кӯтоҳӣ кунем?