Қисмати 781 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 48-54
Қисмати 781 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 48-54
48
قُلْ إِنَّ رَبِّی یَقْذِفُ بِالْحَقِّ عَلَّامُ الْغُیُوبِ
Бигу: ҳамоно Парвардиграм ҳақро "Бар дилҳо" меафканад, ки Ӯ донои ғайбҳо "Ва асрори ниҳон" аст.
49
قُلْ جَاءَ الْحَقُّ وَمَا یُبْدِئُ الْبَاطِلُ وَمَا یُعِیدُ
Бигу: ҳақ омад ва ботил наметавонад оғозгари чизе бошад ва на бозоварандаи он.
Дар идомаи оятҳои пешин дар бораи ҳақонияти рисолати Паёмбари Ислом (с), ин оятҳо мефармояд: Худое, ки аз ботини ҳамаи инсонҳо огоҳ аст, медонад., ки чӣ касе лаёқати дарёфти ваҳйи илоҳиро дорад, лизо Паёмбарро ба унвони фиристодаи худ, баргузидааст ва оятҳои илоҳиро, ки ҳама бар асоси ҳақ ва ҳақиқат аст, бар қалби ӯ нозил мекунад то ӯ ба мардум бирасонад.
Бо омадани Паёмбар (с) ва анҷоми рисолат, ҳақ ба мардум мерасад ва равшан мешавад, ки ғайри даъват ба сӯйи Ӯ, ҳама ботил аст ва ҳар кас ва ҳарчӣ ба ҷойи Худо ба мардум муаррифӣ шавад, на қудрат дорад чизер биёфаринад ва на қудрат дорад ончиро аз миён рафта бозгардонад, куфр ва ширк, роҳҳои ботил ҳастанд, ки дар баробари ҳақ, қудрати истодагӣ ва мондагори надорад, албатта табии аст то вақте ҳақ барои умуми мардум зоҳир ва ошкорнашуда, ботил ҷавлон карда ва кушиш мекунад худро қудратманд ва пойдор нишон диҳад, аммо даврони ботил кӯтоҳ аст ва хеле зудтар аз ончӣ гумон мекунед, аз миён меравад.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Худованд ҳақ аст ва ҳарчӣ аз ҷониби Ӯ бошад, ҳақоният дорад, меъёри ҳақ ва ботил, қавл ва феъли илоҳӣ аст.
2 – Ҳақ бар ботил пирӯз аст ва дар нигоҳи куллӣ, аз ботил коре бар намеояд.
3 – Оғоз ва анҷоми ҷаҳон ба дасти Худост ва дар ин миён, ботил таҳрикоте дорад, вале ҳамчун каф рӯйи об аз байн рафтанӣ аст.
50
قُلْ إِن ضَلَلْتُ فَإِنَّمَا أَضِلُّ عَلَى نَفْسِی وَإِنِ اهْتَدَیْتُ فَبِمَا یُوحِی إِلَیَّ رَبِّی إِنَّهُ سَمِیعٌ قَرِیبٌ
Бигу: агар ман гумроҳ шуда бошам, ба зиёни худ гумроҳ шудаам ва агар ҳидоят ёфта бошам, ба сабаби он аст, ки Парвардигорам ба ман ваҳйи мекунад, ки Ӯ шунавои наздик аст.
Дар ин оят, Худованд Паёмбарашро маъмур мекунад то ба мардум эълом кунад, ҳатто ман ҳам, ки Паёмбари Худо ҳастам, ҳидоятро аз тариқи ваҳйи илоҳӣ дарёфт кардаам ва агар вайи илоҳӣ дар кор набуд, ман низ ҳамонанди дигарон дар гумроҳи будам.
Равшан аст, ки ақл низ ҳуҷати Худо бар мо инсонҳост, аммо агар нури ваҳйи набошад, чӣ басо ақл низ дар миёни роҳҳои мутаадад, дар ташхиси ҳақ ва ботил дучори хато шуда ва инсон дар гумроҳӣ боқи бимонад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Осор ва паёмадҳои гумроҳӣ ё ҳидояти инсон, пеш аз он, ки ба дигарон бирасад, ба худи инсон боз мегардад.
2 – Худованд, ки инсонро офарид, ба ҳолатҳо ва ниёзҳои ӯ огоҳ аст ва миёни Ӯ ва махлуқоташ фосилае нест.
51
وَلَوْ تَرَى إِذْ فَزِعُوا فَلَا فَوْتَ وَأُخِذُوا مِن مَّکَانٍ قَرِیبٍ
Ва кош медиди ҳангомеро, ки "Кофирон ва мушрикон" ҳаросон ва ваҳшатзадаанд ва роҳи гурезе нест ва аз ҷойи низдик дастгир мешаванд.
52
وَقَالُوا آمَنَّا بِهِ وَأَنَّى لَهُمُ التَّنَاوُشُ مِن مَّکَانٍ بَعِیدٍ
Ва мегуянд: ба он имон овардем ва чигуна аз ҷойи дур дастёбӣ бар он "Ба имон" барои онон муяссар "Осон" аст?.
Дар ин оятҳо ва оятҳои пас аз он, ки оятҳои поёни сураи Сабаъ аст, Худованд ба Паёмбар (с) аш ва аҳли имон хабар медиҳад, ки мункирони Қуръон ва қиёмат, ки ҳозир ба пазириши ҳақ нашудаанд, рӯзеро дар пеш доранд, ки фарёдашон баланд ва ҷизъ "Бе сабрӣ" ва фазаъашон "Тарс, нола,фарёд" бисёр аст, аммо дигар суде надорад, онҳо дар он рӯз изҳор мекунанд, аммо имон бидуни амал арзише надорад чунон,ки ин имон, ки бо дидани азоби рӯзи қиёмат, иброз мешавад, корсоз нест, зеро имон бояд дар ҳоли ихтиёр ва аз рӯйи огоҳӣ бошад, на тарс ва иҷбор.
Дар дунё ва охират, ҳеч муҷриме тавони фирор аз қудрати илоҳиро надорад, ҳамонгуна, ки Худованд ба ҳама наздик аст, меҳр ва қаҳри Ӯ низ ба бандагони некукор ва бадкор аст, чӣ наздики маконӣ, чӣ замонӣ ва чӣ мақомӣ.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Тавба ва бозгашт аз афкор ва аъмоли инҳирофӣ, дар дунё имкони пазириш аст, вале дар охират роҳе барои бозгашт вуҷуд надорад
2 –Ба таври табии ҳар кофире бо дидани азоб ва эҳсоси хатар, изҳори имон мекунад, аммо имони огоҳона ва интихобӣ, арзишманд аст, на имони изтирорӣ ва аз рӯйи тарс ва иҷбор.
3 – Қудрат ва азоби илоҳӣ дур нест, ҳар гоҳ Худованд ирода кунад, дар ҳар макон ва замон қобили таҳқиқ аст.
53
وَقَدْ کَفَرُوا بِهِ مِن قَبْلُ وَیَقْذِفُونَ بِالْغَیْبِ مِن مَّکَانٍ بَعِیدٍ
Дар ҳоле, ки пеш аз ин мункири он шуданд, ва аз ҷойи дур тир дар торикӣ меандохтанд.
54
وَحِیلَ بَیْنَهُمْ وَبَیْنَ مَا یَشْتَهُونَ کَمَا فُعِلَ بِأَشْیَاعِهِم مِّن قَبْلُ إِنَّهُمْ کَانُوا فِی شَکٍّ مُّرِیبٍ
Ва миёни онон ва ончӣ мехостанд, ҷудойи афтод, чунон,ки пештар бо имсоли онон чунин шуд, зеро онон дар шак ва тардиди сахте буданд.
Дар идомаи оятҳои қабл, ин оятҳо мефармояд: касоне, ки имрӯз бо дидани азоби илоҳӣ, изҳори имон мекунанд, ҳангоме, ки дар дунё зиндаги мекарданд, ҳақонияти Қуръон ва рисолати Паёғамбар (с) ро инкор мекарданд, онҳо бедалил, тир дар торикӣ меандохтанд ва одами ғайбро, ки шомили мабдаъ ва миод аст, рад мекарданд. Паёмбар (с) ро низ мутаҳам ба ҷунун ё сиҳр карда ва ҳозир ба таамул ва тафаккур дар суханон ва рафтори ӯ набуданд.
Табии аст мункирони қиёмат, ҳамвора ба фикри лаззот ва шаҳавоти худ буда ва ба ҳамин далил зери бори сухани паёмбарон намерафтанд, аммо ин хостаи онҳо давоме надорад ва марг миёни онҳо ва хостаҳояшон ҷудои меафканад, ҳамонгуна, ки кофирон ва мункирон пеш аз онҳо низ ба бисёре аз хостаҳояшон нарасиданд ва ноком аз дунё рафтанд.
Дар интиҳои охирин ояти ин сура, решаи ҳамаи ин мушкилотро шак ва тардиди беҷо эълом мекунад, шак ва тардид ба таври табии барои ҳамаи инсонҳо дар заминаҳои мухталиф ба вуҷуд меояд, аммо бояд бо таҳқиқ ва тафаккур аз он убур кунанд ва ба итминон ва яқин бирасанд.
Сарфи ин,ки ман шак доштам ин инсон Паёмбари Худост ва сухани ӯ ваҳйи осмонӣ аст, сухани қобили қабуле дар назди Худованд нест, зеро метавонисти бо таақул ва тафаккур ба натиҷа бираси ва аз ин ҳолат ду дилӣ ва зан ва гумон хориҷ шави.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Куфр ва инкор мабдаъ ва миод, мабнои илмӣ ва ақлӣ надорад, балки зан ва гумонҳои бепоя ва асос аст, мисли тир дар торикӣ андохтан.
2 – Лаззот ва шаҳавоти дунё фонӣ аст, дар фикри лаззоти пойдори ухравӣ бошем.
3 – Як бор барои ҳамеша таклифи худро дар бораи ҳақонияти Қуръон ва қиёмат равшан кунем ва то поёни умр дар шак ва тардид боқӣ намонем, ки зиёнаш бисёр сангин аст.