Декабр 07, 2017 10:30 Asia/Dushanbe

Қисмати 782 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 1-2

   بسم الله الرحمن الرحیم    

 

Бо поён ёфтани сураи Сабаъ, сураи Фотирро оғоз мекунем, ин сура дар Макка нозил шуда ва чиҳил ва панҷ оят дорад. Дар ояти аввали ин сура, Худованд бо сифати фотир яъне офаринанда муарифӣ шуда ва номи сура баргирифта аз ҳамин оят аст.

 

1

 

الْحَمْدُ لِلَّـهِ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ جَاعِلِ الْمَلَائِکَةِ رُسُلًا أُولِی أَجْنِحَةٍ مَّثْنَى وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ  یَزِیدُ فِی الْخَلْقِ مَا یَشَاءُ  إِنَّ اللَّـهَ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ قَدِیرٌ                                           

 

Ситоиш махсуси Худованд аст, ки офаридгори осмонҳо ва замин аст ва фариштагонро, ки дорои болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргонаанд, рассулоне қарор дод. Ӯ ҳар чӣ бихоҳад дар офариниш меафзояд, ҳамоно Худованд бар ҳар коре тавоност.

 

Ин сура ҳамонанди бархе сураҳои дигари Қуръон назири сураи Ҳамд, бо сипос ва ситоиши илоҳӣ оғоз мешавад, ситоиш бадин ҷиҳат, ки ҳастӣ, бо тамоми азаматаш дар осмон ва замин, ҳама бо қудрати Ӯ офарида шудааст, албатта тадбири умури ҳамаи онҳо бо воситаи фариштагоне аст, ки онҳо низ офаридаи Ӯ ҳастанд, аз ончо, ки ҳар даста аз фарштагон маъмурряти хосе бар уҳда доранд ва қудрат ва тавони онҳо мутафовит аст, Қуръон аз онҳо бо болҳои дугона, се гона, чаҳоргона таъбир кардааст, ки ба назар мерасад баёнгари зарфият ва дараҷоти онҳост.

Равшан  аст, ки фариштагон мавҷудоти модӣ нестанд ва наметавон мафҳуми боли парандагонро, ки як амри модӣ аст, бар онҳо ҳамл кард,балки ин таобир, мафоҳиме ғайри модӣ ҳастанд, ки барои наздик шудан ба зиҳн, дар қолаби алфози модӣ ироа мешавад, монанди ашр ва курсӣ ва лавҳ ва қалам.

Ин оят пас аз ишора ба фариштагон, бар ин нукта таъкид дорад, ки гумон нашавад Худованд дар гузашта ҳастиро офарида ва онро ба ҳоли худ раҳо кардааст, балки ин амр истимрор дорад ва ҳарчиро ҳар замон, ки бихоҳад меофаринад ва офариниши Ӯ поённопазир аст, зеро қудрати Ӯ ҳамвора боқӣ ва пойдор аст.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Худованд, низоми офаринишро бар асоси асбоб ва мусабабот қарор додааст, бо он, ки Ӯ қодири мутлақ аст, аммо тадбири умури оламро тавассути фариштагон анҷом медиҳад.

 

2 – Дасти Худованд дар офариниш боз аст ва ҳастӣ дар ҳол тавсиа ва густариш аст.

 

3 – Рисолат ва маъмуряти фариштагон мутафовит аст, онҳо ҳам рисолати ташриъ ва ҳидояти маънавиро ба уҳда доранд, ҳам рисолати таквиниро.

 

 

2

 

مَّا یَفْتَحِ اللَّـهُ لِلنَّاسِ مِن رَّحْمَةٍ فَلَا مُمْسِکَ لَهَا  وَمَا یُمْسِکْ فَلَا مُرْسِلَ لَهُ مِن بَعْدِهِ وَهُوَ الْعَزِیزُ الْحَکِیمُ                           

 

Худованд, ҳар раҳматеро ба рӯйи мардум бикшояд, боздорандае барои он нест ва ҳарчиро боздорад, пас ғайри Ӯ кушояндае барои он нест ва Ӯ Азизи "Пирузманди" Ҳаким аст.

Дар ояти қабл сухан аз холиқияти Худованд буд, ин оят дар бораи раҳмати густурдаи илоҳӣ сухан гуфтааст, раҳмате, ки асоси хилқат аст ва пас аз хилқат низ, ҳар мавҷуде муҳтоҷи он аст, ҳаёт ва ризқ, ки лозимаи бақои ҳар мавҷуде аст, бар асоси раҳмати илоҳӣ дода мешавад ва касеро ёрои мамониъат аз он нест чунон,ки агар Худованд раҳматашро аз мавҷуде баргирад, касе наметавонад онро ҷуброн кунад.

Албатта вожаи раҳмат, фақат ба маънои меҳр ва муҳаббат нест, ки як мафҳуми отифӣ аст, балки тамоми мавоҳиб ва неъматҳои илоҳиро шомил мешавад, ҳар чизе, ки ба инсон мерасад, раҳмати иллоҳӣ аст, чӣ модӣ бошад, чӣ маънавӣ, таквинӣ бошад, ё ташрии!

Поёни оят бар ду сифати иллоҳӣ таъкид дорад, яке қудрати бепоён ва шикастнопазири Худованд ва дигаре ҳикмати фарогири илоҳӣ, зеро ҳамаи афъоли илоҳӣ бар асоси қудрат ва дар чорчуби ҳикмат ва маслиҳат сурат мегирад, ҳарҷо, ки маслиҳати иқтизо кунад, Худованд бо қудраташ меофаринад ва мебахшад ва онҷо, ки иқтизо накунад, агар ҳамаи дунё ҳам бихоҳанд қодир ба иқдоме нахоҳанд буд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Раҳмати илоҳӣ бар ғазаби Ӯ муқадам аст, асл бар раҳмат аст, магар он, ки инсоне роҳи дарёфти раҳматро бар худ баста бошад

 

2 – Қудрат ва иродаи Худованд дар чорчуби ҳикмати Ӯст. Агар Худо кореро анҷом намедиҳад, далели нотавонии Ӯ нест, балки чун ҳикмати Ӯ иқтизо намекунад, анҷом намедиҳад.