Қисмати 783 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 3-6
Қисмати 783 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 3-6
3
یَا أَیُّهَا النَّاسُ اذْکُرُوا نِعْمَتَ اللَّـهِ عَلَیْکُمْ هَلْ مِنْ خَالِقٍ غَیْرُ اللَّـهِ یَرْزُقُکُم مِّنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ فَأَنَّى تُؤْفَکُونَ
Эй мардум! Неъматҳои Худованд бар худатонро ёд кунед, оё офаридгоре ҷуз Худованд ҳаст, ки шуморо аз осмон ва замин рӯзӣ диҳад? Ҳеч маъбуде ҷуз Ӯ нест, пас чигуна аз ҳақ боз гардонда мешавед?
4
وَإِن یُکَذِّبُوکَ فَقَدْ کُذِّبَتْ رُسُلٌ مِّن قَبْلِکَ وَإِلَى اللَّـهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ
Агар туро такзиб мекунанд, паёмбароне пеш аз ту низ такзиб шудаанд ва ҳамаи корҳо ба сӯйи Худо боз гардонда мешавад.
Дар ояаи қабл ба раҳмати густурдаи илоҳӣ ишора шуд, ин оятҳо ба ягонагии Худованд дар холиқият ва розиқият ишора карда ва мефармояд: ҳамаи неъматҳои модӣ ва ғайри модӣ, ки аз осмон ва замин бар шумо нозил мешавад, аз сӯйи Худованди яктост, ҳамон Худое, ки шуморо офарид, шуморо рӯзӣ медиҳад, на он, ки офариниш ба дасти як Худо бошад ва рӯзирасони ба дасти худои дигар ё мавҷудоте бошад, ки онҳо низ махлуқи Худо ҳастанд, ҷуз Ӯ на холиқе ҳаст, на розиқ, лизо аз ҳар кас ҷуз Ӯ умеди ризқ ва рӯзӣ дошта бошед, дучори инҳироф шудаед.
Идомаи оятҳо ба Паёмбар ва мусалмонон дилдори медиҳад, ки агар кофирон ва мушрикон, таолими Исломро такзиб карда ва ҳозир ба пазириши ҳақ нестанд, дар ҳақонияти роҳи худ дучори шак ва тардид нашавед, балки дар роҳи худ собитқадам ва устувор бимонед ва маҳкам биистед ва бидонед оқибати ҳамаи умур ба Худо боз мегардад, Ӯ куфр ва инкори ононро кайфар медиҳад, чунон, ки имон ва истиқомати шуморо подош медиҳад.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Таваҷҷуҳ ба неъматҳои илоҳӣ, роҳи шинохти Худо ва дурӣ аз куфр ва ширк аст.
2 – Гарчӣ Худованд розиқ аст, аммо Ӯ аз тариқи асбоби табии, ки худ офарида, ризқ ва рӯзӣ медиҳад.
3 – Мутолиаи саргузашти пешиниён, муҷиби пойдорӣ ва истодагӣ дар роҳи ҳақ ва натарсидан аз шавкат ва иқтидори зоҳирӣ ботил мешавад.
4 – Таваҷҷуҳ ба миод, инсонро дар баробари душманони дин ва ҳамчунин ҳаводиси сахт ва талх, муқовим ва пойдор мекунад.
5
یَا أَیُّهَا النَّاسُ إِنَّ وَعْدَ اللَّـهِ حَقٌّ فَلَا تَغُرَّنَّکُمُ الْحَیَاةُ الدُّنْیَا وَلَا یَغُرَّنَّکُم بِاللَّـهِ الْغَرُورُ
Эй мардум! Бегумон ваъдаи Худованд ҳақ аст, пас зиндагонии дунё шуморо нафиребад ва "Шайтони" фиребкор, шуморо ба "Гарм ва омӯзиши" Худованд мағрур насозад "Ва фиреб надиҳад".
Оятҳои пешин ба ягонагии Худованд дар холиқият ва розиқият ва низ мавзӯи набувват пардохт, ин оят дар идома, ба ваъдаҳои Худованд дар бораи қиёмат ишора карда ва мефамояд: ончӣ аз ҳисоб ва китоб дар додгоҳи қиёмат ва биҳишт ва дузах барои некукорон ва бадкорон ваъда дода шудааст, ҳамаги ҳақ ва ҳақиқат аст пас муроқиб бошед, ки на зарқ ва барқи дунё шуморо аз охират ғофил созад ва на ваъдаҳои шайтон, ки бо ишора ба раҳмон ва раҳим ва омурзанда будани Худованд, шуморо ба анҷоми гуноҳ ташриқ ва тарғиб мекунад.
Аз иноят меомӯзем, ки:
1 – Аз шигирдҳои шайтон барои тарғиби инсон ба гуноҳ, умедвор кардани ӯ ба афв ва бахшиши илоҳӣ аст, дар ҳоле, ки шарти омурзиши илоҳӣ, тавба ва пушаймонӣ аз гуноҳ аст, на рағбат ба гуноҳ.
2 – Агар шайтон, кофиронро ба ҷилваҳо ва зарқ ва барқи дунё фиреб диҳад, ҷамъе аз муъминонро низ бо умед ба карам ва бахшиши илоҳӣ, ба гуноҳ мубтало мекунад.
6
إِنَّ الشَّیْطَانَ لَکُمْ عَدُوٌّ فَاتَّخِذُوهُ عَدُوًّا إِنَّمَا یَدْعُو حِزْبَهُ لِیَکُونُوا مِنْ أَصْحَابِ السَّعِیرِ
Ба ростӣ шайтон душмани шумост, пас шумо низ ӯро душман бигиред, ҷуз ин нест, ки ӯ фақат гуруҳи "Ва дор ва дастаи" худро фаро мехонад то аз дузахиён бошанд.
Дар идомаи ояти қабл, ин оят ба ҳамаи инсонҳо, ба вижа муъминон ҳушдор медиҳад, ки шайтон аз оғози офариниши шумо, бо шумо душмани карда ва ҳозир ба саҷда бар шумо нашуд, аз онҷо, ки ӯ ба хотири ин нофармонӣ, аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд, савганд хурдааст, ки ҳар чӣ битавонад инсонҳоро гумроҳ мекунад, пас шумо низ ӯро душмани худ бидонед ва ба васвасаҳои ӯ таваҷҷуҳе накунед.
Идомаи оят мефармояд: чунин нест, ки шайтон бар шумо султае дошта бошад ва битавонад шуморо бар гуноҳ маҷбур кунад, балки нуфузи ӯ танҳо дар касоне аст, ки худашон бихоҳанд дунболарави ӯ бошанд ва дар ҷамъи пайравонаш қарор гиранд, табии аст саранҷоми чунин афроде дузах аст ва ҳамвора шайтон ба оташи ҷаҳанам гирифтор мешаванд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Фақат ба фикри душманони мол ва ҷон ва номус ва об ва хоки кишварамон набошем, гарчӣ ин маворид муҳим аст, вале бояд ба фикри душмани имон ва ахлоқи худ низ бошем, чаро, ки агар ғафлат кунем шайтон моро гирифтори гуноҳ ва каҷравӣ мекунад.
2 - Агар аз ҳизбуллоҳ ба маънои оми он, ки ҳамаи муъминони воқеиро дарбар мегирад, хориҷ шавем, гирифтори ҳизби шайтон мешавем ва дар масире қарор мегирем, ки хуруҷ аз он сахт ва саранҷомаш азоб аст.