Декабр 09, 2017 07:26 Asia/Dushanbe

Қисмати 784 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 7-8

7

 

الَّذِینَ کَفَرُوا لَهُمْ عَذَابٌ شَدِیدٌ وَالَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ کَبِیرٌ                                              

 

Касоне, ки куфр варзиданд, барои онон азоби сахт хоҳад буд ва касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, барои онон омурзиш ва подоши бузург аст.

 

Дар ояти қабл, сухан аз душмании шайтон бо инсон ва хатари дузахӣ шудани инсон ба хотири вуруд ба ҳизби шайтон буд, ин оят мефамояд: куфр ва инкори ҳақ, заминаро барои султаи шайтон бар инсон ҳамвор карда ва фарҷоми сахтеро барои ӯ ба дунбол дорад, аммо агар инсони аҳлли имон ва кори нек бошад, ҳатто агар гирифтори васвасаи шайтон шуда ва хатое муртаакиб шавад, Худованд гуноҳашро меомӯрзад ва ӯро машмули лутф ва фазли худ қарор медиҳад.

Равшан аст, ки имон бидуни амали берунӣ корсоз нест ва подош ба дунбол надорад, аммо куфр ба танҳои муҷиби дурии инсон аз биҳишт мешавад, зеро вақте ки инсон масири иштибоҳро интхоб кунад, ҳаргиз ба мақсад нахоҳад расид, ҳатто агар бар беҳтарин маркабҳо савор бошад.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки

 

1 – Оқибатандешӣ ва таваҷҷуҳ ба поёни кор, дар тарбият ва саодати инсон муасир аст, зеро кори инсон бо марг тамом намешавад ва инсони оқил, оянданигар ва дурандеш аст.

 

2 – То гуноҳони инсон омурзида нашавад, заминаи вуруди ӯ ба биҳишт ва дарёфти подош фароҳам  намешавад, инсон бо кулабори "Боре, ки бар пушт кунанд"  гуноҳ вориди биҳишт нахоҳад шуд, зеро биҳишт ҷойи нопокон нест.

 

 

8

 

أَفَمَن زُیِّنَ لَهُ سُوءُ عَمَلِهِ فَرَآهُ حَسَنًا فَإِنَّ اللَّـهَ یُضِلُّ مَن یَشَاءُ وَیَهْدِی مَن یَشَاءُ  فَلَا تَذْهَبْ نَفْسُکَ عَلَیْهِمْ حَسَرَاتٍ  إِنَّ اللَّـهَ عَلِیمٌ بِمَا یَصْنَعُونَ                                                 

 

Пас оё касе, ки бадии кирдораш, барои ӯ ороста шуда ва онро неку мебинад, "Ҳамонанди касе, ки воқеъаро ончунон, ки ҳаст мебинад?" оре Худованд ҳар касеро бихоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар касеро бихоҳад ҳидоят мекунад, пас мабодо ҷонат ба сабаби ҳасрат "Ва андуҳ" бар онон аз даст биравад, бегумон Худованд ба ончӣ анҷом медиҳанд доност.

 

Дар идомаи ояти қабл, ки оқибати ду гурӯҳ муъмин ва кофирро баён кард, ин оят мефармояд: рӯҳияи куфр ва иинкор боис мешавад, ки инсон корҳои зиштро зебо бубинад ва аз дарки воқеиёт, онгуна, ки ҳаст, маҳрум шавад, илова бар он, ки дар фикри ислоҳи худ барнамеояд ва мавъиза  ва насиҳатеро намепазирад.

Кофирон чун Худоро қабул надоранд, ҳамаи чизро бо нафси хеш месанҷанд ва табии аст, ки нафси инсон, барои расидан ба лаззот ва шаҳавоти зудгузар, бархе корҳои зиштро зебо ҷилва медиҳад, аммо муъминон корҳои худро бо дастуроти илоҳӣ месанҷанд ва хостаҳои нафсонии худро тахтиа "Хато бар касе гирифтан, нодуруст шумурдан" мекунанд, на он, ки гирифтори тазйини нафс шаванд.

Табии аст куфр ва пирӯзӣ аз ҳавои нафс, инсонро аз пазириши ҳидояти илоҳӣ маҳрум сохта ва ӯро ба бероҳа мекашонад, аммо имон ба Худо, бистари дарёфти ҳидояти илоҳиро фароҳам мекунад ва инсонро дар сиротулмустақим ба пеш мебарад.

Поёни оят, Паёмбари акром (с) ва ҳамаи мусалмононро тавсия мекунад ба ҳоли касоне, ки ҳатто ҳозир ба шунидани сухани ҳақ нестанд чӣ расад ба пазириши он, ҳасрат ва таассуфи шадид нахуред ва ҷон ва рӯҳи худро нафарсоед, чаро, ки кори онҳо бо Худост ва Худованд аз дарун ва беруни онҳо огоҳ аст.

Таърих гувоҳи медиҳад, ки Паёмбар (с) дар роҳи ҳидояти мардум бисёр дилсуз буд. Қуръон дар васфи Паёмбар (с) мефармояд: ӯ бар ҳидояти мардум ҳарис ва нисбат ба муъминон, раҳим аст, бинобарин муроди оят, ин нест, ки бар гумроҳии мардум таассуф нахурем ва нороҳат нашавем, балки мақсуд он аст, ки таассуф ва нороҳатӣ,моро аз ҳаракат ва талош боз надорад ва ё дучори яъс ва ноумедӣ нашавем ва гумон накунем, ки даъват ва таблиғи мо беасар аст.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Яке аз хатароти нафси инсон, тазйини бадиҳо ва тавҷеҳи хилофкориҳо аст, ба иборати дигар, инсон ибтидо гуноҳро тавҷеҳ мекунад, сипас онро анҷом медиҳад.

 

2 – Хубиҳо ва бадиҳоро бояд бо меъёрҳои маҳками ақли ва ваҳйи санҷид, на хостаҳои дил.

 

3 – Худованд, гуноҳро омили гумроҳӣ қарор додааст, ин гумроҳӣ ва инҳироф барасоси амалкарди худи инсон аст, куффор роҳи инҳирофиро аз рӯйи инод ва лаҷоҷат дар пеш мегиранд ва натиҷааш гумроҳӣ бештари онҳост.

4 – Барои ҳидояти мардум бояд ҳирс хурд ва бар гумроҳии онон мутаассиф буд, аммо ин таассуф ва ҳасрат, бояд ҳад ва марзе дошта бошад.         .