Қисмати 785 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 9-11
Қисмати 785 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 9-11
9
وَاللَّـهُ الَّذِی أَرْسَلَ الرِّیَاحَ فَتُثِیرُ سَحَابًا فَسُقْنَاهُ إِلَى بَلَدٍ مَّیِّتٍ فَأَحْیَیْنَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا کَذَلِکَ النُّشُورُ
Ва Худованд аст, ки бодҳоро фиристод то абреро барангезанд, пас онро ба сӯйи сарзамини мурда рондем ва ба василаи он заминро баъд аз мурданаш зинда кардем, растохез низ чунин аст.
Дар ояти қабл, ба ҷойгоҳи муъминон ва кофирон дар қиёмат ишорае шуд, ин оят дар посухи касоне, ки дар вуқуъи миод шак доранд ва онро амре номумкин мепиндоранд, мефармояд: Худованд дар ҳамин дунё низ ҳар сола дар зимистон, дарахтонро мехушконад ва мемиронад ва дар баҳор онҳоро зинда мекунад растохези шумо инсонҳо низ ҳамин гуна аст.
Оё Худое, ки бо баҳрагири аз бод ва борон, замини ташнаро сероб мекунад ва бадин васила асбоби ҳаёти замин ва равиши дубораи гиёҳон ва дарахтонро фароҳам мекунад, қудрат надорад, пас аз марг, шуморо дубора ҳаёт бибахшад ва аз замин бароварад?
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Вазиши бодҳо, ки абрҳоро аз рӯйи дарёҳо ва уқёнусҳо ба сӯйи сарзаминҳои хушк ба ҳаракат дармеоваранд ва низ бориши борон, ки замини мурдаро ҷони тозае мебахшад ва соири падидаҳои табии, ҳечкоми умури тасодуфӣ нестанд, балки ҳама ба иродаи Худованде аст, ки ҷаҳонро офаридааст.
2 – Низоми ҳастӣ дорои барнома ва назм ва тадбир аст ва аз сӯйи Худованд ва тавассути фариштагон, ки коргузорони Ӯ ҳастанд, идора мешавад.
10
مَن کَانَ یُرِیدُ الْعِزَّةَ فَلِلَّـهِ الْعِزَّةُ جَمِیعًا إِلَیْهِ یَصْعَدُ الْکَلِمُ الطَّیِّبُ وَالْعَمَلُ الصَّالِحُ یَرْفَعُهُ وَالَّذِینَ یَمْکُرُونَ السَّیِّئَاتِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِیدٌ وَمَکْرُ أُولَـئِکَ هُوَ یَبُورُ
Ҳар кас хоҳони иззат аст, пас иззат, ҳама аз они Худост "Танҳо" суханони покиза ба сӯйи Ӯ боло меравад ва кори шоистаи онро боло мебарад ва касоне, ки барои анҷоми корҳои зишт нақша мекашанд, барои онҳо азоби сахте аст ва найранги онон табоҳ мешавад.
Дунёгароён, иззати худро дар гарави касби қудрат ва сарват ё вобастагӣ ба қудратҳои ҳоким медонанд ва тамоми ҳиммати худро сарфи расидан ба он мекунанд, аммо Қуръон мефармояд: иззати воқеи дар гарави вобастагӣ ба Худо, имон ба Ӯ ва бандагии Ӯст, зеро иззат ба маънои нуфузнопазирӣ ва шикастнопазирӣ аст ва ҷуз бо иттисол ба мабдаи хилқат ва қодири мутлақ, ин вижагӣ барои инсон ҳосил намешавад.
Идомаи оят, роҳи расидан ба иззатро, доштани бовариҳои дуруст ва анҷоми корҳои хуб ва шоиста медонад ва мефармояд: ончӣ ба сӯйи Худо боло меравад ва инсонро боло мебарад, имон ва амали солеҳ аст, на ғайри он.
Албатта идае гумон мекунанд бо макр ва найранг ва фиреб метавонанд ба иззат даст ёбанд, дар ҳоле, ки агар ҳам битавонанд дар давраи гутоҳе ба хостаҳои нобаҷои худ бирасад, дар ниҳоят нақшаҳои онҳо табоҳ шуда ва онҳоро ба зиллат ва расвои мекашонад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Иззати воқеи назди Худост, на мардум! Чӣ бисёр касоне, ки имрӯз назди мардум азизанд ва фардо залил, аммо муъмин дар авҷи сахти ва мушкилот азиз аст ва нуфузнопазир!
2 – Миёни имон ва амал робитаи мутақобил барқарор аст ва бар якдигар таъсир доранд, ҳар як дигареро тақвият ё тазъиф мекунанд.
3 – Ҳеҷ кас бо фиреб ва найранг ба иззат намерасад.
11
وَاللَّـهُ خَلَقَکُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ جَعَلَکُمْ أَزْوَاجًا وَمَا تَحْمِلُ مِنْ أُنثَى وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلْمِهِ وَمَا یُعَمَّرُ مِن مُّعَمَّرٍ وَلَا یُنقَصُ مِنْ عُمُرِهِ إِلَّا فِی کِتَابٍ إِنَّ ذَلِکَ عَلَى اللَّـهِ یَسِیرٌ
Худованд шуморо ибтидо аз хок ва сипас аз нутфа офарид, онгоҳ шуморо завҷҳое қарор дод ва ҳеч ҷинси модае бордор намешавад ва вазъи ҳамл намекунад, магар ба илми Ӯ, ва ҳеч кас умри тулонӣ намекунад ё аз умраш коста намешавад, ҷуз он,ки дар киттоби "Илми илоҳӣ" сабт аст, ин амр бар Худованд осон аст.
Мункирони миод, далиле бар адами имкони вуқуъи он аз назари илмӣ надоранд, балки ҳамвора бо тарҳи саволоте, имкони онро мавриди тардид қарор медиҳанд.
Ин оят мефармояд: агар дар қудрати Худо барои офариниши муҷаддади худ шак доред, чигуна аст, ки Худованд метавонад дар дунё шуморо аз хок биёфарад, аммо наметавонад дар қиёмат чунин кореро дубора анҷом диҳад?
Ӯ, ки ҳамаи мароҳили хилқати шуморо аз инъиқоди нутфа то даврони бордорӣ ва зоимон, бо илм ва тадбири худ эҷод карда ва ба тамоми онҳо огоҳ аст, оё дар қиёмат дучори аҷз ва нотавонӣ мешавад?
Пас аз тавалуд низ, даврони ҳаёти шумо дар замин, чӣ кӯтоҳ бошад чӣ тулонӣ, аз таҳти қудрати Ӯ хориҷ нест ва ҳамагӣ дар илми илоҳӣ сабт ва забт аст, оё гумон мекунед таҷдиди хилқат, барои Ӯ кори сахт ва душвор аст?!
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Таваҷҷуҳ ба маншаи хилқати инсон, муҷиб мешавад, ки ӯ ба қудрати Худо пай бибарад ва гирифтори ғафлат ва ғурур ва такаббур нашавад
2 – Ҳамаи инсонҳо, чӣ ҳазрати Одам (а) ва чӣ инсонҳои мавҷуд, аз хок баромадаанд ва ба хок бармегарданд.
3 – Умри инсон ба дасти Худост ва бо илми Ӯ умри баъзе кутоҳ ва умри баъзе баланд аст.
4 – Ҳамаи соот ва лаҳазоти зиндагии инсон, сабт ва забт шуда ва дорои ҳисоб ва китоб аст ва дар қиёмат мадраки мустанад ба нафъи инсон ё ба зиёни ӯст.