Декабр 14, 2017 06:40 Asia/Dushanbe

Қисмати 786 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 12-13

12

 

وَمَا یَسْتَوِی الْبَحْرَانِ هَـذَا عَذْبٌ فُرَاتٌ سَائِغٌ شَرَابُهُ وَهَـذَا مِلْحٌ أُجَاجٌ  وَمِن کُلٍّ تَأْکُلُونَ لَحْمًا طَرِیًّا وَتَسْتَخْرِجُونَ حِلْیَةً  تَلْبَسُونَهَا وَتَرَى الْفُلْکَ فِیهِ مَوَاخِرَ لِتَبْتَغُوا مِن فَضْلِهِ وَلَعَلَّکُمْ تَشْکُرُونَ

 

Ду дарё яксон нестанд, ин яке обаш ширин, латиф "Ва" нушиданаш гуворост ва он яке шур ва талх аст, аммо шумо аз ҳар гушти тоза мехуред ва васоили зинатӣ истихроҷ мекунед, ки онро мепушед ва киштиҳоро дар он мебини, ки амвоҷро мешикофанд "Ва пеш мераванд" то аз фазли Худо баҳра гиред ва шояд сипосгузор бошед.

 

Дар ояти қабл, Худованд ба қудрати худ дар офариниши инсон ва бархе аз вижаҳои вуҷуди ӯ ишора кард, ин оят ба яке аз нишонаҳои Худованд дар табиат ишора карда ва мефармояд: дарёҳои ҷаҳон дугонаанд, бархе ширин ва бархе шур, аммо Худованд дар ҳар ду гуна, анвои хурокиҳо ва пушиданиҳоро барои башар фароҳам каардааст, анвои обзиён ва гунаҳои мухталифи моҳиён, ки башар дар тавлид ва таксири  онҳо ҳеч нақше надошта ва заҳмате накашидааст, балки ӯ фақат онҳоро сайд карда ва барои масрафи худ ё фуруш ба дигарон ба соҳил овардааст, ин манбаъи азим маводи ғазои, на фақат посухгӯйи ниёзи соҳилнишинон аст, балки ниёзи сокинон навоҳи ва сарзаминҳои дур аз дарёро низ таъмин мекунад.

Афзун бар хурокӣ, асбоби зинатӣ чун садаф ва дур "Марворид, марчон"  ва марворид, ки гаронтарин ашёи зинатӣ маҳсуб мешавад, дар умқи дарёҳо ва уқёнусҳо тавлид мешавад ва ба ройгон дар ихтиёри ғаввосон қарор мегирад.

Агар умқи дарёҳо, хуроки башарро таъмин мекунад, сатҳи онҳо, шоҳроҳи ҳамвор ва густардааст, ки бедуни ҳаргуна ҳазинае барои сохт ва нигоҳдории онҳо, асбоби интиқоли коло ва мусофиронро ба нуқоти мухталифи ҷаҳон фароҳам месозад, ба гунае, ки киштиҳои азим ва ғулпайкаре, ки имкони ҳаракат дар сатҳи замин ё ҷаввиро надоранд, ба роҳати бар сатҳи об ҳаракат мекунанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Дарё яке аз манобии муҳим таъмини маводи ғазоие аст, ки Худованд ба ройгон дар ихтиёри башар қарор дода аст.

 

2 – Сайри зиндагии инсонҳо низ ҳамчунин оби дарёҳо гоҳе ширин ва гоҳе шур ва талх аст, агар инсони нохудо ва саёди хубе бошад, метавонад дар ҳамаи ҳолатҳо аз зиндагии худ баҳраи дуруст бибарад ва ба мувафақият даст ёбад.

 

3 – Баҳрагирӣ аз асбоби зинатӣ барои зебоӣ ва оростагии худ, мавриди пазириши Ислом аст.

 

 

13

 

یُولِجُ اللَّیْلَ فِی النَّهَارِ وَیُولِجُ النَّهَارَ  فِی اللَّیْلِ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ کُلٌّ یَجْرِی لِأَجَلٍ مُّسَمًّى  ذَلِکُمُ اللَّـهُ رَبُّکُمْ لَهُ الْمُلْکُ  وَالَّذِینَ تَدْعُونَ مِن دُونِهِ مَا یَمْلِکُونَ مِن قِطْمِیرٍ                  

 

Ӯ шабро дар рӯз ва рӯзро дар шаб дохил мекунад ва хуршед ва моҳро ром ва мусаххар кардааст, ҳар яке аз онҳо то замони муаяне ба ҳаракати худ идома медиҳад, ин аст Худованд, Парвардигори шумо, ки ҳокимият "Ва фармонравоии" ҷаҳон аз они Ӯст ва касонеро, ки ҷуз Ӯ мехонед, молики пусти ҳастаи "Дона" хурмое "Ҳам" нестанд.

 

Пас аз оятҳое, ки ба нишонаҳои тавҳид дар вуҷҷуди инсон ва офоқи табиат пардохт, ин оят ба нишонаи дигар аз оятҳои табии ишора карда ва мефармояд: гардиши замин ба гирди хуршед, ки шаб ва рӯзро барои сокинони замин падид меоварад, барасоси тадбири илоҳӣ аст, шаб ва рӯзе, ки дар фаслҳои чаҳоргонаи сол, тавили онҳо мутафовит аст ва ба як маъно дар якдигар дохил мешаванд, шаб ва рӯзе, ки якбора намеоянд ва ҳар як ба сурати тадриҷӣ ғуруб карда ва ҷойи худро ба якдигаре медиҳад.

Идомаи оят, далили ин амрро тасхири хуршед ва моҳ дониста ва мефармояд: хуршед бо азамат, ба амри Худованд, барои хидмат ба башар тасхир шуда то ниёзи ӯро ба нӯр ва гармо бароварда созад ва заминаи рушд ва намуи гиёҳонро аз дили хоки беҷон фароҳам кунад.

Ба ҳангоми торикии шаб низ, моҳ ҳамчун ойинаи бузург, нӯри хуршедро мунакис месозад ва дар набуди офтоб иҷоза намедиҳад торикии мутлақ, аҳлли заминро фаро гирад ва мусофирон шаб дар хушки ё дарё гирифор шаванд.

Албатта башар набояд гумон кунад, ки замин ва хуршед ва моҳ, ҷовидон ва абади ҳастанд, балки тамоми каррот ва саёраҳо низ умри мушахасе доранд  ва рӯзии онҳо фуру мепошанд.

Идомаи оят мефармояд: аҳлли имон ба чунин Худое эътиқод дорад, ки ҳастӣ дар ихтиёри Ӯст ва ҳамаи чиз ба ирода ва тадбири Ӯ идора мешавад, аммо мушрикон ва кофирон, ки ба ҷойи Худо ба суроғи дигарон мераванд ва онҳоро муасир мешумуранд, бидонанд, ки ғайри Худо ба андозаи сари сузане, бар умури олм, ҳоким ва молик нестанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

1 – Қавонини табии, ба тадбири илоҳӣ вазъ шуда ва таҳти ҳокимияти илоҳӣ аст, на ҳоким бар хости Худованд.

 

2 – Кӯтоҳ ва баланд шудани шаб ва рӯз ва ё интиқоли тадриҷии ҳар як ба дигаре, тасодуфӣ нест, балки аз ҳадафдор будани офариниш ва назми он ҳикоят мекунад.

 

3 - Низоми ҳастӣ аз ҷумла ҳаракати моҳ ва хуршед, дорои барнома ва замонбандии мауаяне аст ва ҳар чиз бар асоси тақдири мушахасӣ, масири худро тай мекунад.

 

4 – Ба Худое рӯй биёварем, ки қодир аст, ба суроғи касоне наравем, ки қудрате надоранд ва бар кори худ низ қодир нестанд.