Декабр 14, 2017 06:51 Asia/Dushanbe

Қисмати 787 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 14-17

14

 

 

إِن تَدْعُوهُمْ لَا یَسْمَعُوا دُعَاءَکُمْ وَلَوْ سَمِعُوا مَا اسْتَجَابُوا لَکُمْ وَیَوْمَ الْقِیَامَةِ یَکْفُرُونَ بِشِرْکِکُمْ وَلَا یُنَبِّئُکَ مِثْلُ خَبِیرٍ

Агар онҳоро бихонед дуои шуморо намешунаванд ва агар бишнаванд ба шумо посух намегуянд ва рӯзи қиёмат ширки шуморо инкор мекунанд ва ҳеч кас монанди "Худованди" огоҳ, туро "Аз ҳақоният" хабардор намекунад.

 

Ояти қабл фармуд: мушрикон касонеро мехонанд, ки ҳеч қудрат ва ҳокимияте бар ин олам надоранд, ин оят  мефармояд: онон касонеро мехонанд, ки на қудрати шунидан доранд ва на қудрати посух додан, бутҳои сангӣ ва чубие, ки аз гӯш ва забон ва фаҳм ва идрок марҳуманд, ин маъбудҳои сохтагӣ на фақат дар дунё ба кори касе намеоянд, балки дар охират низ ба амри Худованд ба забон оммада ва алайҳи шумо сухан хоҳанд гуфт: сухане бадин мазмун, ки шумо мушрикон дар воқеъ моро парастиш намекардед, балки хаёлот ва ҳавасҳои худро мепарастидед, гарчӣ ба зоҳир дар баробари мо сари таъзим фуруд меовардед, вале дар ҳақиқат барои он буд, ки ба хостаҳои дили худ бирасед.

Поёни оят низ мефармояд: ин вақоие, ки дар қиёмат иттифоқ меафтад, танҳо Худованди доно ва хабир аз он огоҳ аст ва аз тариқи китобаш ба шумо хабар медиҳад то дучори ширк ва инҳироф нашавед.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Ҳисгароии башар то ҷойе аст, ки ҷамодоти беҷон ва кар ва гур ва бехосиятро мепарастанд, аммо Худои ҷон офарин ва бино ва шунаворо раҳо мекунанд.

 

2 – Ширк на дар дунё судманд аст, на дар охират.

 

3 – Ҷуз Худо ҳарчӣ ва ҳар киро бипарастем, дар қиёмат аз мо безорӣ меҷуяд ва алайҳи мо шокӣ мешавад.

 

4 – Ахбори қиёматро ҷуз аз тариқи ваҳӣ ва китоби осмонӣ наметавон дарёфт.

 

 

15

 

یا أَیُّهَا النَّاسُ أَنْتُمُ الْفُقَراءُ إِلَى اللَّهِ وَ اللَّهُ هُوَ الْغَنِیُّ الْحَمیدُ                

 

Эй мардум! Шумо ба Худо ниёзмандед ва Худост, ки бениёз ва сутуда аст.

 

 

16

 

إِنْ یَشَأْ یُذْهِبْکُمْ وَ یَأْتِ بِخَلْقٍ جَدیدٍ                         

 

Ва агар бихоҳед шуморо мебарад ва офаридаи ҷадиде меоварад.

 

 

17

 

وَ ما ذلِکَ عَلَى اللَّهِ بِعَزیزٍ،                             

 

Ва ин кор бар Худованд душвор нест.

 

Дар идомаи оятҳои пешин дар бораи тавҳид ва яктопарастӣ, ин оятҳо мефармояд: гумон накунед агар фармони намоз ва ниёиш аз сӯйи Худо содир шуда, Ӯ ниёзманди парастиши шумост! Ӯ ҳамвора бе ниёз буда ва шумо дар ҳамаи ҳол, ниёзмади Ӯ ҳастед, он замон, ки шумо набудед Ӯ буда ва он замоне, ки шумо нестед, Ӯ хоҳад буд. Ӯ ниёзманди вуҷуди шумо нест, чӣ расад ба он, ки ниёзе ба ибодат ва намоз ва ниёиши шумо дошта бошад, агар фармон медиҳад, ки намоз бихонед барои он аст, ки бо Ӯ муртабит бошед ва ниёзҳои худро аз Ӯ бихоҳед на дигарон.

Ба унвони мисол агар муалим ба донишомуз таклифи дарсе медиҳад, ба маънои ниёзи муалим ба донишомуз нест, балки нишонаи тадбир ва дилсӯзии муалим барои рӯшди илми донишомуз аст, намоз омили рӯшди рӯҳӣ ва маънавии мо инсонҳост ва Худованд, ки моро офарид, бандагонашро дӯст дорад. Ӯ мехоҳад мо дар дунёи модӣ ва ҳайвонӣ таваққуф накунем, балки рушд карда ва ба сутуҳи болотар иртифоъ ёбем, лизо моро мукаллаф  ба намоз ва ибодат кардааст.

Мо инсонҳо на фақат барои асли вуҷудамон, балки барои бақои худ низ, ниёзманди лутфи Ӯ ҳастем, зеро вуҷуди мо саросари фақр ва ниёз аст ва чизе аз худ надорем, ки битавонем онро нигоҳ дорем мо зотан фақир ҳастем ва Худованд зотан бениёз. Ӯ қоим ба зоти худ аст ва мо қоим ба зоти Ӯ пас танҳо Ӯ сутуда ва лоиқи ситоиш аст ва мо инсонҳо бо парастиши Ӯ чизе ба Ӯ изофа намекунем, балки аз партави нӯри Ӯ баҳра мегирем.

Касе, ки хонаашро пушт ба хуршед месозад, зараре ба хуршед намерасонад, балки худашро аз нӯри хуршед маҳрум мекунад, вале он,ки панҷараашро рӯ ба офтоб боз мекунад, худро дар партави нӯри пурфоидаи хуршед қарор медиҳад, на он,ки ба хуршед нафъе бирасонад.

Идомаи оятҳо ба яке аз далоили бениёзии Худо ва ниёзмандии инсон ишора карда ва мефамрмояд: Ӯ агар бихоҳад метавонад шумо инсонҳоро аз рӯйи замин бардорад ва ба ҷойи шумо инсонҳо ё мавҷудоти дигаре биёварад ва ин кор дар назди Ӯ кори сахт ва душвор нест.

 

Аз ин оятҳо меомузем:

 

1 – Даъвати Худо ба яктопарастӣ, ҳоки аз ниёзи Ӯ ба мо нест, балки нишонаи ниёзи мо ба паноҳгоҳи муҳкам ва қобили итминон аст.

 

2 – Инсон агар худро бениёз бубинад, дар баробари Худо такаббур мекунад ва ҳозир ба хузуъ дар баробари Ӯ нест, лизо Қуръон бар ниёзмандии инсон таъкид дорад.

 

3 – Ағниё, дар маърази ҳасодат ё рақобати дигарон ҳастанд, лизо маъмулан маҳбуб нестанд, аммо Худованд ғани ва сутуда аст ва бархилофи умумм ағниё, ғанои худро дар роҳи рафъи ниёзи махлуқот ба кор мебарад, дар натиҷа ҳамвора мавриди ситоиш аст.

 

4 – Бояд ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ дошта бошем, ки дасти Худо дар офариниши мавҷудот боз аст ва барои қудрати беинтиҳои Ӯ ҳеч бунбасте вуҷуд надорад.