Январ 15, 2018 11:45 Asia/Dushanbe

Қисмати 793 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 39-41

39

 

هُوَ الَّذِی جَعَلَکُمْ خَلَائِفَ فِی الْأَرْضِ فَمَن کَفَرَ فَعَلَیْهِ کُفْرُهُ  وَلَا یَزِیدُ الْکَافِرِینَ کُفْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ إِلَّا مَقْتًا وَلَا یَزِیدُ الْکَافِرِینَ کُفْرُهُمْ إِلَّا خَسَارًا

 

Уст, ки шуморо ҷонишин дар замин қарор дод, пас ҳар кас кофир шавад, куфраш ба зиёни худи ӯ хоҳад буд ва кофиронро куфрашон, ҷуз душмане ва хашм назди Парвардиграшон намеафзояд ва кофиронро куфрашон ҷуз забон ва хасорот намеафзояд.

 

Ин оят ибтидо бар ҷонишини инсон дар замин таъкид мекунад, матлабе, ки муфасирон ду гуна маъно кардаанд: яке намояндагии инсон аз Худо дар замин ва дигаре ҷонишини ақвоми ҷадид баъд аз ақвоми қабли, дар ҳарду сурат, оят баёнгари лутфи Худованд бар иинсон аст, ки ба ӯ иҷозаи баҳрамандӣ аз тамоми мувоҳиби табии ва тасхири ин кураи хокиро медиҳад. ба ҳукми ақл, бояд соҳиби ин неъматҳоро шинохт ва шукургузории Ӯ буд, аммо мутаасифона бисёре аз инсонҳо Ӯро намешиносанд ва неъматҳои Ӯро куфрон мекунанд.

Куфроне, ки ба куфр ва инкори Худованд ба шукри бандагон ниёз надорад, чунон, ки ба асли вуҷуди онҳо ниёз надорад, замоне, ки онҳо набуданд, Худо буд ва замоне ҳам, ки онҳо нестанд, Худованд ҳаст, пас куфр ва имони мардум, кучактарин суд ва зиёне ба офаридгори ҷаҳон намерасонад, балки суд ва зиёнаш ба худи мардум боз мегардад.

Албатта табии аст инсонҳои шокир ва муъмин, дар дунё  ва охират машмули лутф ва раҳмати вежаи Худованд қарор мегиранд ва инсонҳои кофир, бо корҳои зиишташон, хашм ва ғазаби илоҳиро ба худ ҷалб мекунанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Ҳамонгуна, ки мо ҷонишини ақвоми пешин шудем, рӯзе ҳам мо меравем ва ақвоми ҷадид ҷойгизини мо мешаванд, пас ба доштаҳои худ мағрур нашавем ва куфрони накунем.

 

2 – Осор ва паёмадҳои хатарноки куфр маҳдуд нест ва ба таври муратаб густариш меёбад.

3 – Куфр, заминаи иртикоби бисёре аз гуноҳон аст ва инсонро дар масири суқут ва ҳалокат қарор медиҳад.

 

 

40

 

قُلْ أَرَأَیْتُمْ شُرَکَاءَکُمُ الَّذِینَ تَدْعُونَ مِن دُونِ اللَّـهِ أَرُونِی مَاذَا خَلَقُوا مِنَ الْأَرْضِ أَمْ لَهُمْ شِرْکٌ فِی السَّمَاوَاتِ أَمْ آتَیْنَاهُمْ کِتَابًا فَهُمْ عَلَى بَیِّنَتٍ مِّنْهُ  بَلْ إِن یَعِدُ الظَّالِمُونَ بَعْضُهُم بَعْضًا إِلَّا غُرُورًا

 

Бигу: оё шарикони хешро, ки ба ҷойи Худо мехонед, дидаед? "Оё дар бораи онҳо андешидаед?" ба ман нишон диҳед, ки чӣ чизеро аз замин офаридаанд? Оё барои онҳо дар "Офариниши" осмонҳо мушорикате аст? Ё ба онҳо китобе додаем, ки эшон, далил ва ҳуҷате аз он бар ширки худ доранд? "На, ҳеч кадом нест" балки ситамкорон бар асоси ваъдае, ки баъзеяшон ба баъзе дигар медиҳанд, якдигарро мефиребанд.

 

Ин оят дар қолаби чанд савол, ширкро зери савол мебарад ва аз Паёмбар (с) мехоҳанд, ки чунин афроде, далили ақлӣ ё нақлӣ бар ширки худ ироа кунанд, оё касоне, ки онҳо шарики Худо дар кори ҳастӣ мепиндоранд, токунун чизе дар замин ё осмон офаридаанд? Пас чигуна онҳоро шарики Худое мепиндоранд, ки ҳамаи ҳастиро офаридааст? Назари ақлӣ, оё касе, ки қудрати офариниш надорад, лаёқат ва салоҳияти маъбуд  шудан дорад?

Акнун, ки равшан шуд аз назари ақлӣ, далиле бар ширк вуҷуд надорад, оё дар китобҳои осмоние, ки Худованд бар паёмбаронаш нозил карда, дастури парастиш ё иҷозаи парастиши ин маъбудҳои хаёлиро додааст? Равшан аст, ки ҳеч далили ақлӣ ё нақлӣ барои ин кор вуҷуд надорад ва фқат афкори нодуруст ва хурофӣ аст, ки муҷиб шуда шумо ба шафоати ин шарикон умед дошта бошед ва онҳоро бипарастед, орзӯи мавҳум ва нобаҷо, ки шуморо фиреб дода ва аз масири дурусти бандагии Худо дур кардааст.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

1 – Яке аз роҳҳои даъвати дигарон ба Ислом, бедор кардани виҷдони онҳо бо тарҳи саволҳои равшан аст.

 

2 – Куфр ва ширк, ҳеч мантиқ ва пуштувонаи ақлӣ надорад, балки пояи афкори нодурусти биношуда, ки инсонро фиреб медиҳад.

 

3 – Куфр ва ширк, зулм ба инсон ва инсоният аст ва бозхурди он ба худи инсон боз мегардад.

 

 

41

 

إِنَّ اللَّـهَ یُمْسِکُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ أَن تَزُولَا  وَلَئِن زَالَتَا إِنْ أَمْسَکَهُمَا مِنْ أَحَدٍ مِّن بَعْدِهِ  إِنَّهُ کَانَ حَلِیمًا غَفُورًا

 

Ҳамоно Худованд осмонҳо ва заминро нигоҳ медорад то аз ҷойи худ мунҳариф нашаванд "Налағзанд ва аз мадори худ хориҷ нашаванд" ва агар "Аз масири худ" мунҳариф шаванд, ҳеч кас ҷуз Ӯ наметавонад онҳоро нигаҳ дорад, албатта Ӯ бурдбор ва омӯрзандааст.

 

Ояти қабл дар бораи офариниши осмон ва замин ва мавҷудоти заминӣ буд, ин оят дар бораи тадбири низоми осмон ва замин аст, ки он низ танҳо ба дасти Худост ва ҳеч махлуқе шарики Худо дар ин кор нест, аз онҷо, ки мушрикон Худоро ба унвони Холиқ қабул доштанд ва маъбудони худро дар кори тадбири ҳастӣ ва зиндагии хеш шарик медонистанд, ин оят мефармояд: ҳамонгуна, ки дар офариниш, касе шарики Худо нест, дар идораи ҳастӣ низ касе шарики Ӯ нест ва ҳифзи низоми мавҷуд ва бақои он танҳо ба дасти Худост.

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Вазъияти осмонҳо ва замин ва қароргирифтани замин ва хуршед ва ситорагон дар ҷойгоҳҳо ва мадорҳои муаян, бо иродаи Худованд аст ва Ӯст, ки ҳар лаҳза онҳоро ҳифз мекунад.

2 – Назми ҳоким бар ҳастӣ, барасоси иродаи илоҳӣ ва барнома аз пеш таъйин шудааст, на умури тасодуфие, ки нохоста ба инҷо расида бошад.

 

3 – Худованд, ҳам Холиқ аст, ҳам мудаббир, ба вуҷуд омадани падидаҳо ва бақои онҳо ба дасти Ӯст ва то замоне, ки Ӯ нахоҳад, мавҷудот завол пайдо намекунанд.

 

4 – Агар бурдборӣ ва омурзандагии Худованд набошад, ҳастӣ бар мари золимон ва муҷримон фуру мерезад, агар Ӯ ба золимон муҳлат медиҳад, аз рӯйи бурдбори аст, на аҷз ва нотавонӣ.