Қисмати 794 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 42-44
Қисмати 794 сураи муборакаи " Фотир ", ояи 42-44
42
وَأَقْسَمُوا بِاللَّـهِ جَهْدَ أَیْمَانِهِمْ لَئِن جَاءَهُمْ نَذِیرٌ لَّیَکُونُنَّ أَهْدَى مِنْ إِحْدَى الْأُمَمِ فَلَمَّا جَاءَهُمْ نَذِیرٌ مَّا زَادَهُمْ إِلَّا نُفُورًا
Мушрикон бо сахтарин қасамҳо, ба Худо савганд ёд карданд, ки агар ҳушдордиҳандае ба суроғашон биёяд, аз умматҳои дигар ҳидоят ёфтатар шаванд, пас ҳамин, ки ҳушдордиҳандае барояшон омад, ҷуз нафрат "Аз ҳақ". Чизе бар онон наяфзуд.
43
اسْتِکْبَارًا فِی الْأَرْضِ وَمَکْرَ السَّیِّئِ وَلَا یَحِیقُ الْمَکْرُ السَّیِّئُ إِلَّا بِأَهْلِهِ فَهَلْ یَنظُرُونَ إِلَّا سُنَّتَ الْأَوَّلِینَ فَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّـهِ تَبْدِیلًا وَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّـهِ تَحْوِیلًا
"Нафрати онон аз ҳақ" ба хотири гарданкашӣ дар замин ва найранги бадашон буд ва найранги бад ҷуз аҳлашро фаро нагирад, пас оё ҷуз сунати "Худованд дар бораи" пешиниёнро интизор доранд? Бо он, ки барои сунати илоҳӣ ҳаргиз ҷойгизине нахоҳи ёфт ва ҳаргиз барои сунати илоҳӣ таъғире нахоҳи ёфт.
Дар тафосири муътабар омадааст, ки мушрикони Макка, ҳангоме, ки шуниданд яҳудиён бархе паёмбарони худро куштаанд ва ҳозир ба пазириши таолими онҳо набудаанд, савганд ёд карданд ва гуфтанд: агар паёмбаре ба сӯйи мо биёяд, мо суханашро мепазирем, даъваташро иҷобат мекунем ва беҳтар аз дигар умматҳо ҳидоят мешавем, аммо вақте, ки Паёмбари Ислом (с) дар миёни мардуми Макка зуҳур кард, бузургони Қурайш дар мақоми инкор ва такзиб баромаданд, онҳо ҷуз нафрат чизе аз худ нишон надоданд ва анвои макр ва найрангро барои ҷилавгири аз Ислом оварданд то мардум ба кор баранд.
Табии аст онҳо паёмбаре мехостанд, ки ба майл ва салиқаи онҳо амал кунад ё лоақал бар хилофи майл ва салиқаи онҳо сухан нагуяд, аммо вақте омузаи Ислом мабни бар баробари ҳамаи инсонҳо дар баробари Худои мутаол матраҳ шуд, бар сарон ва бузургони мушрикон бисёр гарон омад, онҳо ҳаргиз ҳозир набуданд, ки бипазиранд бо бардагонашон яксонанд , чаро, ки аз дидгоҳи Ислом, озод ва барда ҳар ду махлуқи Худо ҳастанд ва арзиши инсонҳо дар назди Худованд, ба покӣ, дурустӣ ва тақвоии онҳост, на озод ва барда будан, ё молик ва мамлук будан.
Маншаи муборизаи идае бо Ислом ва дигар адёни илоҳӣ, гарданкашӣ дар баробари Худост, инсонҳое, ки хостаи худро бар хостаи Худо тарҷиҳ диҳад ва ҳозир набошад дар барбари Худованд таслим шавад, дучори истикбор мегардад. Фарди мустакбир ва гарданкаш барои тазъифи дини Худо ба анвои макр ва найранг рӯй меоварад ва доиман дар ҳоли тавтиачини аст, албатта агар Худованд ирода кунад, тавтиаҳои ҳилагарон ва мустакбирон бетаъсир мешавад ва ба худашон боз мегардад, ин қонуни Худованд дар робита бо ҷавомеи башарӣ аст, қонуне, ки таъғирнопазир аст ва ба унвони як сунати илоҳӣ дар тули таърих ҷараён доштааст.
Аз ин оятҳо меоиӯзем, ки:
1 – Ба ҳар савганде наметавон эътимод кард, чӣ басо савгандҳои маҳкаме, ки шикаста шавад ва бархилофи он амал шавад.
2 – Башар ниёз ба ҳушдор дорад то гирифтори ғафлат нашавад ё агар гирифтор шуд, аз хоби ғафлат бедор шавад.
3 – Куфри бисёре аз мардум, ношӣ аз нашинохтани ҳақ нест, балки ношӣ аз рӯҳияи саркашӣ ва истикбори онҳост, ки ҳозир нестанд дар баробари офаридгори ҷаҳон сари таслим фуруд оваранд.
4 – Ҷаҳон бар асоси сунатҳо ва қавонини муаяни илоҳӣ идора мешавад, шинохти ин сунатҳо барои расидан ба саодат ва хушбахтӣ муҳим аст.
44
أَوَلَمْ یَسِیرُوا فِی الْأَرْضِ فَیَنظُرُوا کَیْفَ کَانَ عَاقِبَةُ الَّذِینَ مِن قَبْلِهِمْ وَکَانُوا أَشَدَّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَمَا کَانَ اللَّـهُ لِیُعْجِزَهُ مِن شَیْءٍ فِی السَّمَاوَاتِ وَلَا فِی الْأَرْضِ إِنَّهُ کَانَ عَلِیمًا قَدِیرًا
Оё дар замин нагаштанд то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз эшон буданд ва қудраташон беш аз онон буд, чӣ шуд? Ва ҳеч чиз дар осмонҳо ва замин нест, ки Худовандро дармонда кунад, чаро, ки Ӯ доно ва тавоност.
Дар идомаи ояти қабл, ин оят хитоб ба кофирон ва мункирон мегуяд: агар дар замин сайр кунед, мебинед,ки сунати Худованд дар бораи ақвоми пеш аз шумо чигуна будааст, онҳо, ки қудраташон аз шумо бештар буд, ба хотири истодагӣ дар баробари ҳақ нобуд шуданд ва чизе аз осори қудрати онҳо боқӣ нест.
Фиръавн ва Намруд ва дарбориён ва атрофиёни онҳо, ки рӯзе намоди қудрат ва сарват буданд ва бар бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҷаҳон ҳукум меронданд, имрӯз аз онҳо чӣ боқи мондааст?
Оё онҳо тавонистанд дар баробари иродаи илоҳӣ муқовимат кунанд ва Худоро аз анҷоми иродааш боз доранд? Оё тавонистанд аз чанголи қудрати илоҳӣ бигурезанд ва худро наҷот диҳанд?
Оре мутолиаи таърихи гузаштаи ҷаҳон, аз ақвом ва подшоҳони мухталиф, баёнгари ин сунати илоҳӣ аст, ки куфр ва зулум побарҷо намемонад ва саранҷом хуши надорад, пас бояд аз гузашта дарси ибрат бигирем ва ояндаро ба гунае бисозем, ки гирифтори саранҷоми бад нашавем.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Қуръон, мусалмононро ба сайр ва сафар дар замин ва мутолиаи таърихи зиндагии ақвоми гузашта даъват мекунад.
2 – Дар дини Ислом, ба ҳифзи осори бостонӣ ба ҷо монда аз тамадунҳои гузашта ва боздид аз онҳо, барои мутолиа дар мавриди ақвоми пешин ва ибрат гирифтан аз сарнавишти онҳо супориш шудааст.
3 – Қудрат ва сарват ва шукӯҳи зоҳирии мустакбирон чашми моро кур накунад, дар мавриди поёни кор ва сарнавишти онҳо бияндешем.
4 – Ба қудрати худ мағрур нашавед, чаро, ки ҷавомеъ ва афроди қавитар ҳам қалъ ва қамъ "Саркуб кардан, хору залил" ва нобуд шудаанд.