Қисмати 797 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 5-9
Қисмати 797 сураи муборакаи " Ёсин ", ояи 5-9
5
تَنزِیلَ الْعَزِیزِ الرَّحِیمِ
"Қуръон" аз ҷониби Худованди қодири меҳрубон нозил шудааст.
6
لِتُنذِرَ قَوْمًا مَّا أُنذِرَ آبَاؤُهُمْ فَهُمْ غَافِلُونَ
То мардумеро бим диҳи, ки падаронашон бим дода нашудаанд, аз ин рӯ онон ғофиланд.
Дар идомаи оятҳои қабл, ки ба ҳикматомӯз будани Қуръон ва азамат ва устувории он ишора дошт, ин оятҳо ибтидо мефармояд: Қуръон, каломи Худост, на сухани Паёмбар (с), гарчӣ бар забони Паёмбар ҷори шудааст, аммо бо дигар суханони Паёмбар мутафови аст, агар ба ривоёте, ки аз Паёмбар нақл шуда ва дар китобҳои ҳадисӣ гирдоваришуда, муроҷиа кунем, дармеёбем, ки лаҳн ва шеваи баёни аҳодиси Паёмбар бо тарзи баёни оятҳои Қуръон мутафовит аст, албатта касе, ки андак ошнои бо забони арабӣ дошта бошад, тафовути онҳоро ба хуби ҳис мекунад.
Идомаи оятҳо мефармояд: нузули Қуръон барои инзори мардум будааст то аз ғафлат бадар оянд ва аз ҳақоиқи ҳастӣ огоҳ шаванд, ҳақоиқе, ки ба сарнавишти инсон марбут аст ва ноогоҳӣ аз онҳо муҷиб мешавад инсон, танҳо дунёро бубинад ва аз охират, ки сарои зиндагии ҷовид аст, ғофил бимонад.
Идомаи оятҳо дар ҷиҳати баёни аҳмияти рисолати Паёмбари Ислом (с) дар Ҷазиратул араб мефармояд: пеш аз он дар ин минтақа Паёмбар аз нажоди араб мабъус нашуда буд ва онон аз неъмати Паёмбарии улулазм маҳрум буданд.
Албатта барасоси оятҳои дигари Қуръон, ҳамвора дар миёни мардум касоне будаанд, ки ононро инзор карда ва ҳуҷатро бар онон тамом кунанд, аммо аз паёмбарон маҳур набуданд, чунонкӣ дар фосилаи ҳазрати Исо (а) то Паёмбари Исллом (с), ҳеч паёмбари улулазм зуҳур накардааст.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Худованд ҳамаи сифатҳои комилро дорост, ҳам Азиз ва Муқтадир аст ва Раҳим ва Меҳрубон.
2 – Ҳушдор ва инзор барои он, ки мардум аз хоби ғафлат бедор шаванд, аз суннатҳои илоҳӣ ва аз вазоифи аслии паёмбарон будааст.
7
لَقَدْ حَقَّ الْقَوْلُ عَلَى أَکْثَرِهِمْ فَهُمْ لَا یُؤْمِنُونَ
Ба яқин фармони "Азоб" бар пештари онон сазовор гашта "Муҳақиқ шуда" аст, пас ишон имон намеоваранд.
Дар идомаи ояти қабл, ки фармуд паёмбарон барои ин мабъус мешаванд, ки пардаи ғафлатро аз дидгони марум биздоянд, ин оят мефармояд: бисёре аз мардум ба анзори паёмбарон тавҷеҳ надорад ва имон намеоваранд, табии аст чунин афроде дар қиёмат гирифтори азоби илоҳӣ хоҳанд шуд.
Албатта равшан аст, ки дар қиёмат, касоне сазовори азоб мешаванд, ки то поёни умр тавба накарда ва аз роҳи нодурӯсти ҳуд боз нагарданд ва ё сармандори куфр ва ширк буда ва бисёре аз мардумро аз роҳи рост гумроҳ карда бошанд.
Аммо агар касе пеш аз дидани нишонаҳои марг, аз роҳи нодурӯст бо корҳои ношоистаи худ пушаймон шуда ва ба сӯйи Худо боз гардад, машмули афв ва раҳмати илоҳӣ мешавад. Худованд чунин касеро аз хулуд дар оташ наҷот медиҳад.
Аз ин оят меомӯзем:
1 – Дар баҳси диндорӣ, зиёдӣ ё камии афрод мелок нест, ҳатто аксари мардуми ҷаҳон даст аз дини Худо бардоранд, далили бар дурустии кори онҳо нест, муъминоне, ки дар ақалят қарор доранд, набояд дар ҳақонияти роҳи худ шак кунанд ё дучори яъс ва ноумедӣ шаванд.
2 – Ғафлат аз ҳақонияти ғайбӣ, инсонро ба куфр ва иннод бо ҳақ мекашонад.
8
إِنَّا جَعَلْنَا فِی أَعْنَاقِهِمْ أَغْلَالًا فَهِیَ إِلَى الْأَذْقَانِ فَهُم مُّقْمَحُونَ
Мо дар гардани онҳо ғулҳое қарор додем, ки то чонаҳояшонро мепушонад чунон, ки сарҳои онон боло мондааст.
9
وَجَعَلْنَا مِن بَیْنِ أَیْدِیهِمْ سَدًّا وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا فَأَغْشَیْنَاهُمْ فَهُمْ لَا یُبْصِرُونَ
Ва пеши рӯйи онон садде ва пушти сарашон низ садде қарор додем ва дидгонашонро низ пушондем, пас ҳеч чизро намебинанд.
Ин оятҳо, кайфари кофиронро дар дунё ва охират баён мекунад, дар тавсифи азоби қиёмат, ғул ва занҷири дузахро ёд мекунад, ки ҳатто иҷозаи ҳаракат ба сар ва гардани дузахиён намедиҳад ва афзун бар сузандагӣ, навъе таҳқирро ба дунбол дорад.
Онҳо, ки дар дунё ҳозир ба дидани ҳақоиқи пеширӯ ва пушти сари худ набуданд, на Худоро, ки мабдаъ ва оғози ҷаҳон аст, медиданд ва на охиратро, ки поёни кори онҳо ва ҷаҳон аст, мепазируфтанд. Онҳо дар охират низ ингуна маҳшур шуда ва курдилии онҳо дар дунё, дар қиёмат низ муҷасам хоҳад шуд.
Дар воқеъ қиёмат, таҷасуми аъмоли инсон ба шакли дигар аст, албатта зоҳири аъмол дар дунё ба гунае аст, ки инсон чӣ басо зиштии онро намебинад, аммо дар қиёмат, чун инсонҳо ба шакли ботинии худ маҳшур мешаванд, курдилӣ ва беэътимодӣ ба ҳақиқат, дар қолаби курӣ ва нобиноӣ зоҳир мешавад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
1 – Ғул ва занҷири қиёмат, дар ҳақиқат ғул ва занҷираҳое аст, ки кофирон дар дунё ба даст ва пойи худ бастаанд, онҳо дар дунё гумон мекунанд, ки озоданд, аммо дар воқеъ асири ҳавои нафсонии худ ҳастанд.
2 – Кофироон, ба фикри имрӯзи худ ва баҳраманд шудан аз лазоти онии зиндагӣ ҳастанд, баргузашта ва ояндаи ҷаҳон чашм фурӯ бастаанд ва бар чашмони онҳо пардае овехта шудааст, лизо ҳақиқатро намебинанд, на аз гузашта ибрат мегиранд ва на ба сарнавишти худ дар оянда меандешанд.