Сентябр 26, 2016 14:20 Asia/Dushanbe

Қисмати 695 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 22-25

22

 

    وَلَمَّا تَوَجَّهَ تِلْقَاء مَدْيَنَ قَالَ عَسَى رَبِّي أَن يَهْدِيَنِي سَوَاء السَّبِيلِ

 

Ва чун Мусо ба сӯйи Мадян рӯй ниҳод, гуфт: Умед аст Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кунад.

 

23

 

    وَلَمَّا وَرَدَ مَاء مَدْيَنَ وَجَدَ عَلَيْهِ أُمَّةً مِّنَ النَّاسِ يَسْقُونَ وَوَجَدَ مِن دُونِهِمُ امْرَأتَيْنِ تَذُودَانِ قَالَ مَا خَطْبُكُمَا قَالَتَا لَا نَسْقِي حَتَّى   يُصْدِرَ الرِّعَاء وَأَبُونَا شَيْخٌ كَبِيرٌ                                         

 

Ва чун Мусо ба “Чоҳи” оби Мадян расид, гуруҳе аз мардумро дар атрофи он дид, ки ба сероб кардани “Чорпоёни хеш” машғуланд ва дар канори онон ду занро ёфт, ки “Гусфандони худро аз рафтан ба сӯйи чоҳи об” дур мекарданд, Мусо ба онон гуфт: Манзури шумо “Аз ин канорагирӣ” чист? гуфтанд: Мо “Гусфандони худро” об намедиҳем то он,ки чупонон хориҷ шаванд ва “Ҳузури мо дар инҷо барои он аст,ки” падари мо пирамарди кӯҳансол аст.

 

Дар ояҳои қабл куфтем,ки яке аз сокинони кохи Фиръавн ба Мусо (а) хабар дод, ки дарбориён тасмим гирифтаанд туро ба қатл бирасонанд, пас ҳар чӣ зудтар аз шаҳр хориҷ шав, ин ояҳо мефармояд: Мусо (а) тасмим гирифт аз кишвари Миср, ки таҳти фармони Фиръавн буд, хориҷ шавад ва ба сӯйи Мадян дар ҷануби Шом биравад, ки хориҷ аз қаламрави фиръавниён буд.

Аммо ин сафар хатарҳоеро низ ба ҳамроҳ дошт, ҳам хатари гумкардани роҳ ва ҳам хатари дастгир шудан тавасути маъмурон, лизо аз Худованд хост, ки ӯро ба роҳи рост раҳнамун кунад.

Идомаи ояҳо мефармояд: Пеш аз вуруд ба шаҳри Мадян, дар канори шаҳр ба галаҳои гусфанде бархурд кард, ки дар канори чоҳе гирд омада ва чупонон машғули об додан ба онҳо буданд, табии буд, ки Мусои (с)хаста аз роҳ ба сӯйи чоҳ биравад то обе биёшомад ва ғубор аз чеҳра баргирад, аммо дар канори чоҳ, чизе аҷибро мушоҳида кард, ки таваҷҷӯҳаш ба он ҷалб шуд.

Ду зани ҷавонро дид, ки мисли сойири чупонон, галае аз гусфандонро оварда буданд то сероб кунанд, аммо дар каноре истода ва муроқиб буданд гусфандонашон бо дигар гусфандон махлут нашаванд, Мусо (а), ки аз дидани ин саҳна тааҷуб карда буд , далили ҳузури онон дар канори чоҳ ва дар айни ҳол канорагирӣ аз мардонро ҷӯё шуд, онон гуфтанд: Падари мо пир шуда ва мо ду хоҳар маҷбурем гусфандонро бичаронем, аммо намехоҳем бо мардон мухлут  шавем, сабр мекунем то онон гусфандонашонро об диҳанд ва бираванд, онгоҳ мо ба канори чоҳ меравем ва гусфандонамонро сероб мекунем.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Омодаги барои ҳиҷрат аз шаҳр ва диёр, яке аз барномаҳои муслиҳони бузург аст то барои таҳаммули сахтиҳо ва мушкилоти оянда омода шаванд.

 

2- Дуо, пас аз иқдом ва ҳаракат маъно дорад, на он,ки ба ҷойи ҳаракат ва талош дуо кунем.

 

3- Риояти ҳарим миёни мард ва зан ва дурӣ аз мардон ва занон дар муҳити кор, як арзиш аст. “Чунон, ки духтарони Шуайб (а), барои парҳез аз ихтилолот бо мардон, гусфандони худро об намедоданд то ин,ки мардон бираванд”

 

4- Дар сурати зарурат, духтарони паёмбари Худо чупонӣ мекунанд, аммо ҳаргиз тан ба зиллат ва гадоӣ намедиҳанд.

 

 

24

    فَسَقَى لَهُمَا ثُمَّ تَوَلَّى إِلَى الظِّلِّ فَقَالَ رَبِّ إِنِّي لِمَا أَنزَلْتَ إِلَيَّ مِنْ خَيْرٍ فَقِيرٌ                              

Пас Мусо барои он ду, “Гусфандонро” об дод, сипас рӯ ба сӯйи сояе овард ва гуфт: Парвардигоро ба ҳар хайре, ки бар ман бифиристӣ ниёзмандам.

 

25

 

    فَجَاءتْهُ إِحْدَاهُمَا تَمْشِي عَلَى اسْتِحْيَاء قَالَتْ إِنَّ أَبِي يَدْعُوكَ لِيَجْزِيَكَ أَجْرَ مَا سَقَيْتَ لَنَا فَلَمَّا جَاءهُ وَقَصَّ عَلَيْهِ الْقَصَصَ قَالَ لَا تَخَفْ نَجَوْتَ مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ                 

Пас “Чизе нагузаш, ки” яке аз он ду зан дар ҳоле, ки бо ҳаё ва ифат роҳ мерафт, назди ӯ омад ва гуфт: Ҳамоно падарам туро даъват мекунад то музди ин,ки “Гусфандонро” барои мо об додӣ, ба ту бипардозад, пас чун Мусо назди ӯ “Шуайб” омад ва достони худро барои ӯ бозгӯ кард, ӯ гуфт: Натарс, ки аз гуруҳи ситамгарон раҳоӣ  ёфтӣ.

Мусо (а), ки худ аз тарси фиръавниён, Мисрро тарк карда ва ба сӯйи Мадян омада ва хаста ва дармонда буд, мушкилоти хешро фаромӯш кард ва ба ҳимояти аз он ду зан, машғули об кашидан аз чоҳ ва сероб кардани гусфандон шуд, бо поён гирифтани кор, бе он,ки музде аз онҳо дархост кунад, зери дарахте рафт ва аз хастагӣ дароз кашид, аммо гуруснагӣ ба ӯ фишор оварда ва ба дунболи ғазо буд, Мусо (а) дар ин шаҳр ғариб буд ва касеро намешинохт то меҳмони ӯ шавад ё ғазое ба даст оварад, лизо аз Худо хост ҳаргуна салоҳ медонад, ниёзи ӯро ба ғазо ва маскан бартараф намояд.

Аз сӯйи дигар, духтарони шуайб (а) зудтар аз рӯзҳои дигар ба хона расиданд падарашон аз онон пурсид, ки магар гусфандонро об надодаед, ки ба ин зудӣ баргаштед?

Духтарон моҷарои кӯмаки Мусо (а) ро бозгӯ карданд, ҳазрати Шуайб (а) ба онҳо гуфт: Ба суроғи он мард биравед ва ӯро ба  хона даъват кунед то ба шеваи муносиб хидмати ӯро ҷуброн ва аз заҳматҳояш қадрдонӣ кунем, яке аз он ду духтар бо ҳолате аз шарм ва ҳаё, назди Мусо (а) омад ва гуфт:  Падарам аз шумо даъват кардааст ба хонаи мо биёед то подоши заҳматҳои шуморо бидиҳад, Мусо (а) аз рафтор ва гуфтори он духтар эҳсос кард онҳо аз хонаводаи пок ва наҷиб ҳастанд ва падарашон марди қадрдон аст, ки ҳозир нест хидмати ӯро бепосух бигзорад, лизо даъвати ӯро пазируфт ва ончиро ҳадс зада буд, дар воқеият дид, ба ин тартиб, ӯ ба хонаи ҳазрати Шуайб (а)  аз паёмбарони илоҳӣ, ворид шуд ва моҷарои зиндагиашро аз оғоз то омаданаш ба Мадян, барои ӯ бозгуфт. Сухани Шуайб (а) чунин буд, ки Худо туро аз ситамгорон наҷот дода ва ту то ҳарзамон, ки бихоҳи меҳмони мо ҳастӣ.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:

 

1-Дар ҳангоми мушкилоти худ, мушкилоти мардумро фаромӯш накунем ва дар ҳадди тавон барои рафъи мушкилҳои дигарон бикушем.

 

2- Ҳалли мушкилҳо ва рафъи ниёзҳои худро аз Худо бихоҳем то ӯ асбобашро он гунае, ки ба хайри мост, фароҳам созад.

 

3- Дар мактаби анбиё, ҳузури зан дар ҷомеа, манъе надорад, ба шарти он.ки ҳамроҳ бо иффат ва покдоманӣ бошад ва ҳарими зан ва мард риоят шавад.

4- Хидматҳои дигаронро арҷ ниҳода ва ба шеваи муносиб ҷуброн кунем.