Қисмати 700 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 43-46
Қисмати 700 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 43-46
43
وَلَقَدْ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ مِن بَعْدِ مَا أَهْلَكْنَا الْقُرُونَ الْأُولَى بَصَائِرَ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَرَحْمَةً لَّعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Ва пас аз он,ки ақвоми пешинро нобуд кардем, ба Мусо (а) китоби “Осмонӣ Тавротро” додем, ки мояи равшангарӣ ва ҳидоят ва раҳмате барои мардум буд, шояд онон панд гиранд.
Дар ояҳои қабл гуфтем, ки поёни кори Фиръавн ва лашкариёнаш, ғарқ шудан дар рӯди Нил буд. Ин оят мефармояд: Пас аз наҷоти қавми Бани Исроил аз султаи Фиръавн, мо барои ҳидояти онон ва боло бурдани сатҳи фикр ва басирати онон, Тавротро ба Мусо (а) нозил кардем то аз он баҳра гиранд ва машмули лутф ва раҳмати вижаи Иллоҳӣ шаванд. Албатта агар онон ба Таврот куфр варзанд ва дар баробари ҳақ биистанд, ҳамчун ақвоми гузаштае, ки гирифтори азоби иллоҳӣ дар дунё шуданд, онон низ ҳалок хоҳанд шуд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1-Зуҳури паёмбарон ва нузули китобҳои осмонӣ, бар пойяи раҳмати иллоҳӣ ва аз неъматҳои бузурги Худованд будааст то инсон аз роҳи басират ва ҳидоят, ба саодат бирасад.
2- Суннати Худованд дар тули таърих ҳамвора собит ва муаян будааст, ҳар қавм ва миллате, ки аз масири ҳақ мунҳариф шавад, саранҷом ба ҳалокат мерасад.
44
وَمَا كُنتَ بِجَانِبِ الْغَرْبِيِّ إِذْ قَضَيْنَا إِلَى مُوسَى الْأَمْرَ وَمَا كُنتَ مِنَ الشَّاهِدِينَ
Ҳангоме,ки мо фармони “Паёмбариро” ба Мусо супурдем, ту дар ҷониби ғарбӣ “Кӯҳи Тур” ҳузур надоштӣ ва аз шоҳидон “Он воқеа” набудӣ.
45
وَلَكِنَّا أَنشَأْنَا قُرُونًا فَتَطَاوَلَ عَلَيْهِمُ الْعُمُرُ وَمَا كُنتَ ثَاوِيًا فِي أَهْلِ مَدْيَنَ تَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِنَا وَلَكِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ
Вале мо ақвомеро “Дар аъсори асрҳои мухталиф” падид овардем ва рӯзгори дарозе бар онон гузашт ва” саргузашташон фаромӯш шуд чунон, ки” ту дар миёни мардуми Мадян иқомат надоштӣ то “Аз вазъи онон огоҳ бошӣ ва” ояҳои моро “Дар мавриди мардуми Мадян” бар онон “Мардум Макка” бихонӣ, вале мо будем, ки фиристандаи “Паёмбарон” будем “Ва туро ба паёмбарӣ фиристодем ва саргузашти мардуми Мадянро бар ту ваҳӣ кардем.
Ин ояҳо бар ин нукта таъкид дорад, ки ончӣ дар Қуъон дар бораи қавмҳо ва паёмбарони пешин омадааст, далил бар ҳақонияти баёмбари Ислом (с) аст, зеро он ҳазрат дар ҳеҷ кадом аз он саҳнаҳо ҳузур надошта, аммо воқеи марбут ба он қавмҳоро ба тафсил баён медорад. Чунон, ки моҷарои набуввати ҳазрати Мусо (а) дар кӯҳи Тур, ки қарнҳо қабл аз таваллуди паёмбар иттифоқ афтода, ба тафсил ва бо бархе ҷузъиёт дар Қуръон зикр шудааст. Дар Қуръон ахбор ва вақоии шаҳри Мадян, ки Мусо (а) ҳангоми фарор аз Миср ба онҷо рафт ва пас аз ошноӣ бо Шуайб (а), бо духтари ӯ издивоҷ кард, омадааст, ҳамчунин ба даҳ сол иқомати Мусо (а) дар Мадян ва сипас бозгашти ӯ ба Миср ишора шудааст. Ҳамин гуна аст достони бисёре аз қавмҳои пешин , ки ҳазорон сол аз таърихи онҳо мегузарад, аммо саргузашти онҳо дар Қуръон омадааст.
Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:
1 –Хабарҳои таърихие, ки дар Қуръон омада, умуман хабарҳои ғайбӣ буда, ки мардуми замони паёмбар дар Макка, аз он огоҳӣ надоштанд.
2- Яке аз далилҳои иъҷози Қуръон ва ҳақонияти паёмбари Ислом (с) , хабарҳои ғайбӣ Қуръон аст, ки бахши қобили таваҷҷӯҳе аз ояҳоро ба худ ихтисос медиҳад.
46
وَمَا كُنتَ بِجَانِبِ الطُّورِ إِذْ نَادَيْنَا وَلَكِن رَّحْمَةً مِّن رَّبِّكَ لِتُنذِرَ قَوْمًا مَّا أَتَاهُم مِّن نَّذِيرٍ مِّن قَبْلِكَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Ва онгоҳ, ки “Мусо (а)-ро” нидо додем, ту дар канори кӯҳи Тур набудӣ, вале “Ин ваҳӣ” раҳмате аст аз Парвардигорат то ба мардуме, ки пеш аз ту ҳеч бимдиҳандае барои онон наомадааст, бим диҳӣ шояд онон мутазакир шаванд.
Дар идомаи ояҳои қабл ва таъкид бар ғайб будани хабарҳои Қуръон дар бораи ҳазрати Мусо (а), ин оят хитоб ба паёмбари Ислом мефармояд: Ончӣ бар ту нозил кардаем, лутфи иллоҳӣ буда то бо баёни саргузашти қавми Бани Исроил, мардумро ҳушдор диҳӣ ва онҳоро аз саранҷоми корҳояшон битарсонӣ.
Равшан аст, ки мардуми маосири (асри ) Паёмбари Ислом (с) дар Макка, паёмбаре надида буданд то аз тариқи ӯ аз саргузашти қавмҳои пешин огоҳ шаванд, чунон, ки дар ду – се қарни қабл аз он ҳазрат низ, паёмбаре наомада буд то ин хабарҳоро баён кунад, албатта паёмбароне чун Ҳуд (а) ва Солеҳ (а) ва Шуайб (а) дар Ҷазиратулараб ва сарзаминҳои пайромуни он мабъус шуда буданд, аммо аз замони онҳо ба қадре гузашта буд, ки осорашон маҳв ва нобуд шуда буд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1-Яке аз ҳадафҳои биъсати паёмбарон ва нузули китобҳои осмонӣ, ҳушдор ба мардум аст то гирифтори ғафлат нашаванд ва охиратро фаромӯш накунанд.
2- Ақл ва фитрат, бисёре аз ҳақиқатҳоро ба инсон нишон медиҳад, аммо амалҳои бисёре ҳам сабаби ғафлат аз ин нидои дарӯнӣ ҳастанд, лизо паёмбарон ба инсонҳо тазакур ва ҳушдор медиҳанд, шояд онҳо мутазакир шаванд ва ба роҳи ҳақ бозгарданд.