Сентябр 27, 2016 10:29 Asia/Dushanbe

Қисмати 701 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 47-50

47

 

    وَلَوْلَا أَن تُصِيبَهُم مُّصِيبَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ فَيَقُولُوا رَبَّنَا لَوْلَا أَرْسَلْتَ إِلَيْنَا رَسُولًا فَنَتَّبِعَ آيَاتِكَ وَنَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ         

 

Ва агар набуд ин,ки вақте мусибате дар асари амалкардашон ба онон бирасад бигуянд: Парвардигоро чаро барои мо паёмбаре нафиистодӣ то ояҳои  туро пайравӣ кунем ва аз имон овардагон бошем, “Дар кайфари онон шитоб мекардем”

 

48    

 

    فَلَمَّا جَاءهُمُ الْحَقُّ مِنْ عِندِنَا قَالُوا لَوْلَا أُوتِيَ مِثْلَ مَا أُوتِيَ مُوسَى أَوَلَمْ يَكْفُرُوا بِمَا أُوتِيَ مُوسَى مِن قَبْلُ قَالُوا سِحْرَانِ تَظَاهَرَا وَقَالُوا إِنَّا بِكُلٍّ كَافِرُونَ   

 

         

Пас ҳангоме, ки ҳақ аз сӯйи мо барои онон омад, гуфтанд: Чаро монанди ончӣ ба Мусо дода шуд, ба ӯ дода нашудааст? Оё пеш аз ин ба ончӣ ба Мусо дода шуда, куфр наварзидаанд? Онон гуфтанд: “Таврот ва Қуръон” ду ҷодуянд, ки пуштибони якдигаранд ва гуфтанд: Мо ҳамаро мункирем.

 

Ин ояҳо ба яке аз суннатҳои иллоҳӣ дар тули таърих ишора карда ва мефармояд: Худованд ба инсонҳо ақл дода ва онҳо бо ақли худ, хуб ва бад будани бисёре аз корҳо ё дурӯстӣ ва нодурӯстии хеле аз ақидаҳо ва одоб ва расмҳоро дарк мекунанд. Бо ин ҳол суннати Худованд ин аст, ки то вақте паёмбареро барои қавме нафиристода, онҳоро ба хотири корҳояшон муҷозот намекунад, зеро дар ин сурат хатокорон узр ва баҳона меоваранд, ки агар паёмбаре барои ҳидояти мо омада буд, аҳли ҳидоят ва наҷот будем.

Идомаи ояҳо мефармояд: Албатта баъд аз фиристодани паёмбар низ гурӯҳе баҳонаҷӯ мегуянд: Чаро ҳазрати Муҳаммад (с), муъҷизаҳое ҳамонанди муъҷизаҳои ҳазрати Мусо (а) нишон намедиҳад? Чаро чубдасти ӯ ба мор табдил намегардад ё дарё барои ӯ шикофта намешавад то душманонаш дар об ғарқ шаванд?

Қуръон дар посух ба ин баҳонаҷӯйиҳо мефармояд: Магар ҳама касоне, ки замони ҳазрати Мусо (а) буданд ва ин гуна муъҷизаҳоро диданд, ба ӯ имон оварданд, ки гумон мекунед, агар паёбари Ислом низ чунин кунад, дигар касе баҳонае барои тарки имон надорад?

Ҳақиқат он аст, ки баҳонаҷӯйён дар ҳар замоне муъҷизаҳои илоҳиро сеҳр ва ҷоду мехонанд ва ҳозир ба пазириши онҳо набуданд, ҳам мухолифҳои ҳазрати Мусо (а) ба ӯ ҷодугар мегуфтанд ва ҳам мухолифҳои ҳазрати Муҳаммад (с). Гурӯҳе табдили асоро ба мор, ҷоду мешумурданд ва гурӯҳе низ ояҳои Қуръонро сеҳри калом медонистанд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1-Худованд бо фиристодани паёмбарҳо, бар мардум итмоми ҳуҷат карда ва роҳи ҳаргуна узуртароширо бар онҳо масдуд кардааст.

 

2- Бисёре аз мушкилҳо ва мусибатҳо, натиҷаи амалкарди худи мост ва аъмоли нек ва бади мо дар ҳамин дунё низ таъсиргузор аст.

 

3- Сеҳр ва ҷодугарӣ, шойиътарин туҳмате аст, ки кофирон ба паёмбарони илоҳӣ мезаданд, мункирон муддаӣ буданд, ки Таврот ва Қуръон ду китоби сеҳранд, ки аз якдигар пуштибонӣ мекунанд.

 

 

49

 

    قُلْ فَأْتُوا بِكِتَابٍ مِّنْ عِندِ اللَّهِ هُوَ أَهْدَى مِنْهُمَا أَتَّبِعْهُ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ                                   

 

 “Эй Паёмбар! Ба онон” бигу: Агар рост мегуед “Ки Таврот ва  Қуръон аз сӯйи Худо нест” китобе аз ҷониби Худованд биёред, ки аз ин ду ҳидоятбахштар бошад то ман аз он пайравӣ кунам.

 

50

 

    فَإِن لَّمْ يَسْتَجِيبُوا لَكَ فَاعْلَمْ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهْوَاءهُمْ وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنِ اتَّبَعَ هَوَاهُ بِغَيْرِ هُدًى مِّنَ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ

 

“Эй Паёмбар!” Агар ин пешниҳоди туро напазиранд, бидон, ки онҳо аз ҳавасҳои худ пайравӣ мекунанд ва кист гумроҳтар аз он кас, ки бидуни ҳидояти илоҳӣ, аз ҳаваси худ пайравӣ кунад? Ҳамоно Худованд мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад.

 

Дар идомаи ояҳои қабл, ки кофирон, паёмбарони илоҳиро ба ҷодугарӣ мутаҳам мекарданд, ин ояҳо хитоб ба паёмбари Ислом (с)  мефармояд: Ба мухолифони худ бигу: Шумо, ки мункири Таврот ва Қуръон ба унвони ду китоби илоҳӣ ҳастед, китобе ироа кунед, ки аз ин ду китоб ҳидоятбахштар бошад ва мутмаин бошед, ки дар ин сурат ман аз он китоб пайравӣ мекунам. Ба иборати дигар, Паёмбар (с) мефармояд: Ҳадаф расидан ба ҳидояти илоҳӣ аст, агар шумо ҳам аз ҷониби Худо мабъус шудед ва китобе овардед, мепазирам ва аз он пайравӣ мекунам.

Албатта равшан аст, ки на онҳо аз ҷониби Худо чунин китобе овардаанд ва на аз Қуръон китоби комилтар ёфт мешавад. Онҳо ба дунболи расидан ба хостаҳо ва ҳавасҳои нафсонии худ ҳастанд ва ба далили он, ки китобҳои осмонӣ ва паёмбаронро мухолифи ҳаво ва ҳаваси худ мебинанд, онҳоро зери суол мебаранд.

Дар воқеъ ҳавопарастӣ монеи пазириши ҳақ мешавад ва инсонҳоро ба гумроҳӣ суқ медиҳад, то онҷо, ки ҳавопарастон ба худ ҳақ медиҳанд паёмбаронро гумроҳ ва худро равшанбин ва ҳидоятёфта бидонанд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Барои исботи ҳақ, гоҳе бояд равиши таҳаддӣ ва муборизталабӣ ва мунозираро дар пеш гирифт, чунон, ки яке аз далилҳои ҳақонияти паёмбар ва Қуръон, ҳамин таҳадӣ ва муборизаталабӣ аст.

 

2 – Инсон бояд тобеи ҳақ бошад, ҳатто агар мухолифаш ҳам сухани ҳақеро гуфт: онро бипазирад.

 

3 – Ҳидояти воқеӣ, ҳидояте аст, ки аз илм ва ҳикмати бениҳояти илоҳӣ сарчашма гирифта бошад, на аз илми ноқис ва омехта ба ҳаво ва ҳаваси башарӣ.