Қисмати 702 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 51-55
Қисмати 702 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 51-55
51
وَلَقَدْ وَصَّلْنَا لَهُمُ الْقَوْلَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Ҳамоно мо гуфтори “Ояҳои Қуръон”-ро яке пас аз дигаре барои онон овардем шояд мутазаккир шаванд.
52
الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ مِن قَبْلِهِ هُم بِهِ يُؤْمِنُونَ
Касоне, ки пеш аз ин ба онон китоб додаем, онҳо ба он “Қуръон” имон меоваранд
Ин ояҳо ибтидо ба куфр ва лаҷоҷати мушрикон ишора карда ва мефармояд: Мо ояҳои Қуръонро ба тадриҷ, вале пайваста нозил кардем то дар қалби мушрикон нуфӯз карда, бар онҳо таъсир бигзорад, аммо онҳо мутазаккир нашуданд ва сухани ҳақро напазируфтанд, дар ҳоле, ки бархе аз аҳлли китоб, ки ба паёмбар ва китоби дигаре имон доштанд, вақте ҳақонияти Паёмбари Ислом (с) ро дарёфтанд, ба ӯ имон оварданд ва пайрави ӯ шуданд.
Ба унвони намуна дар ривоятҳои таърихӣ омадааст, бархе аз кашишони сокини Ҳабаша ба пешниҳоди наҷошии подшоҳи ин кишвар, барои баррасии динне, ки Паёмбари Ислом (с) оварда буд ва ошноӣ бо он, ба Макка омаданд, онҳо суханони дилнишини Расули Худо (с) ро шунидандва ба ӯ имон оварданд, онҳо худ мубаллиғи динни Ислом шуданд.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1-Тарбият, амри тадриҷӣ ва гом ба гом аст, он ҳам бо истифода аз тазаккур ва иршод, на таҳмил ва иҷбор.
2- Китобҳои осмонӣ ва раҳбарони диннӣ, як ҳарф ва ҳадафро дунбол мекунанд.
3- Аҳли китоби воқеӣ, касоне ҳастанд, ки пас аз ошноӣ бо Паёмбари Ислом(с) ва ойини ӯ, ба он имон меоваранд ва бар дин ва иътиқоди худ таасуб намеварзанд.
53
وَإِذَا يُتْلَى عَلَيْهِمْ قَالُوا آمَنَّا بِهِ إِنَّهُ الْحَقُّ مِن رَّبِّنَا إِنَّا كُنَّا مِن قَبْلِهِ مُسْلِمِينَ
Ва чун “Қуръон” бар онон хонда шавад, мегуянд: Ба он имон овардем, ин “Сухани” ҳақе аст аз сӯйи парвардигорамон, мо пеш аз он “Ҳам” таслим будаем.
54
أُوْلَئِكَ يُؤْتَوْنَ أَجْرَهُم مَّرَّتَيْنِ بِمَا صَبَرُوا وَيَدْرَؤُونَ بِالْحَسَنَةِ السَّيِّئَةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنفِقُونَ
Онон ба хотири он, ки “Бар ҳақ сабр ва” пойдорӣ кардаанд, ду бор подош дода мешаванд ва бадиро бо некӣ дӯр мекунанд ва аз ончӣ рӯзии онҳо кардаем, инфоқ мекунанд.
Дар идомаи ояҳои қабл, ин ояҳо мефармояд: он гурӯҳ аз аҳли китоб, ки ба Паёмбар (с) имон оваранд, аз қалби солим бархурдоранд ва дар баробари ҳақ хозеанд, багунае ки вақте Паёмбар (с) ояҳои Қуръонро бар онҳо бихонад, мегуянд: Мо онро аз ҷониби Худо медонем, ва ба он имон дорем, чунон, ки пеш аз ин низ дар баробари паёмбари худ таслим будем ва ба ӯ имон доштем.
Қуръон мефармояд: Ба ҳамин ҷиҳат онҳо ду бор подош дарёфт мекунанд, яке ба хотири имон ба китоб ва паёмбари пешин ва дигаре ба хотири имон ба паёмбари ислом(с) ва китоби ӯ. Сипас Худованд дар тавсифи ин муъминони покдил мефармояд: Онон бадиҳоро бо хубӣ посух мегуянд, дар баробари гуфтори бад сухани некӯ ва писандида дар баробари рафтори бад, сабр ва шикебоӣ ва дар баробари номеҳрӯбонӣ, меҳр ва муҳаббат аз худ нишон медиҳанд, онҳо аҳли инфоқ ва расидагӣ ба маҳрӯмон ҳастанд ва дигаронро фармӯш намекунанд.
Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:
1 –Дустдорони ҳақ, ба дунболи ҳақ ҳастанд ин, ки чӣ касе аз чӣ нажоде ва бо чӣ забоне сухани ҳақро мегуяд, масалаи онҳо нест, балки масалаи аслӣ, худи ҳақ аст ва ин барои онҳо муҳим аст пас ҳар кас ҳақро гуфт, бояд пазирӯфт.
2- Пазириши ҳақ, ниёзманди сабр ва истодагӣ дар баробари анвои мушкилҳо ва мухолифатҳо аст.
3- Дар равобити иҷтимоӣ ва таомул бо дигарон, асл бар гузашт ва бахшиш аст, албатта марҳалаи болотар ин аст, ки ба касоне, ки ба мо бадӣ кардаанд, хубӣ кунем.
55
وَإِذَا سَمِعُوا اللَّغْوَ أَعْرَضُوا عَنْهُ وَقَالُوا لَنَا أَعْمَالُنَا وَلَكُمْ أَعْمَالُكُمْ سَلَامٌ عَلَيْكُمْ لَا نَبْتَغِي الْجَاهِلِينَ
Ва чун сухани лағве бишнаванд, аз он рӯй бармегардонанд ва "Ба ёвагуён "мегуянд: Кирдорҳои мо аз они мо ва кирдорҳои шумо аз они шумост, салом бар шумо мо бо нодонон коре надорем “Хоҳони мусоҳибат бо нодонон нестем”
Дар идомаи ояҳои қабл, ин оят яке аз масодиқи сабр дар баробари гуфтор ва рафтори бади дигаронро ин гуна баён мекунад, ки муъминони воқеӣ агар ҳарфи баде ва ёвае бишнаванд, муқобилаи ба мисл намекунанд ва дар мақоми посухгӯӣ, сухани баде бар забон намеоваранд, балки бо онҳо мудоро мекунанд ва бо бархурдӣ мусолиматомез ва муҳтарамона мегуянд: Агар роҳи мо ва кори мо нодурӯст аст, осораш ба худи мо боз мегардад, на шумо ва агар корҳои шумо нодурӯст бошад, осораш ба худатон боз мегардад, на мо пас шуморо ба хайр ва моро ба саломат! Мо ба дунболи корҳои ҷоҳилона нестем, агар шумо ҳам бархурди баде бо мо дошта бошед, мо мутақобилан бо шумо чунин бархурде нахоҳем кард.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Шарти имон ба Худо, дурӣ аз суханони лағв ва беҳуда ё зишт ва нописанд аст, на бо дигарон суханони лағв бигуем ва на дар посухи касоне, ки моро мавриди таҳқир ё тамасхара қарор медиҳанд, ингуна сухан бигуем, зеро муъмини воқеӣ аз сухани лағв эъроз мекунад.
2- Эъроз аз лағв дар гуфтан, шунидан, дидан ва муошират, сифати писандидае аст, ки дар ҳамаи динҳои илоҳӣ, мавриди ситоиш қарор гирифтааст.
3- Агар бидонем наҳӣ аз мункари мо таъсиргузор нест, ҳадди ақал коре, ки бояд анҷом диҳем, эъроз аз мункар ва анҷом диҳандаи он аст то ӯ бифаҳмад мо бо кори ношоисти ӯ мувофиқ ва ҳамроҳ нестам..