Сентябр 27, 2016 10:47 Asia/Dushanbe

Қисмати 703 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 56-58

56

 

إِنَّكَ لَا تَهْدِي مَنْ أَحْبَبْتَ وَلَكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَن يَشَاء وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ                             

 Ва бегумон ту наметавони ҳаркиро дӯст дори ҳидоят куни, балки Худост, ки ҳаркиро бихоҳад ҳидоят мекунад ва Ӯ ба ҳидоятёфтагон огоҳтар аст.

 

Дар ояҳои қабл гуфтем, ки умуми мушрикон ҳозир нашуданд аз бутпарастӣ даст бардоранд ва Исломро бипазиранд,  аммо бархе аз масиҳиёни аҳли китоб, бо шунидани ояҳои Қурон ба Паёмбари Ислом (с) имон оваранд ва эълом карданд  ин ҳамон касе аст, ки ҳазрати Масеҳ башорати омадани ӯро додааст.

Ин оят дар идомаи он ояҳо, ба унвони як асли куллӣ мефармояд: Вазифаи ҳар як аз паёмбарон, иблоғи ояҳои илоҳӣ ва даъвати мардум ба яктопарастӣ аст, аммо ҳеч паёмбаре дар баробари пазириш ё адами пазириши мардум масул нест, ӯ роҳи Худоро ба мардум нишон медиҳад, аммо ин, ки чӣ касоне ин роҳро мепаймоянд то ба мақсад бирасанд, ихтиёри ӯ нест, ӯ дуст дорад ҳамаи мардум имон биёваранд ва Худои якторо бипарастанд, аммо ҳақ надорад мардумро ба иҷбор ба ин роҳ биёварад, агар ҳам онҳоро ба ин кор иҷбор кунад, наметавонад қалбҳои онҳоро ба пазириши роҳи ҳақ водор кунад, танҳо Худост, ки дилҳо ба дасти Ӯст ва ба ҳар, ки толиби ҳақиқат ва лоиқи имон бошад, тавфиқ медиҳад, ки имон биёварад, бинобар ин чӣ басо хешованди паёмбар, ки ба ӯ имон намеоварад ва даст аз ширк барнамедорад ва чӣ басо аҳли китобе, ки бар ойини худ, таасуб наварзида ва ба паёмбари Ислом (с) имон меоварад.

Ояи 43 сураи Юнус низ, ки пештар хондем, фармудааст: “Эй паёмбар” оё ту метавони нобиноёнро ҳидоят куни, ҳар чанд “Бо чашму дил” намебинанд?

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 –Вазифаи паёмбарон, иблоғи даъвати илоҳӣ аст, на иҷбори мардум, пазириш ё адами пазириши мардум дар ихтиёри онҳо нест.

2 – Хост ва машияти илоҳӣ бар пойяи илм ва ҳикмати Ӯст, Худованд бар асоси ҳикматаш, ҳар, киро шойиста бидонад, тавфиқи ҳидоят медиҳад.

 

 

57

 

    وَقَالُوا إِن نَّتَّبِعِ الْهُدَى مَعَكَ نُتَخَطَّفْ مِنْ أَرْضِنَا أَوَلَمْ نُمَكِّن لَّهُمْ حَرَمًا آمِنًا يُجْبَى إِلَيْهِ ثَمَرَاتُ كُلِّ شَيْءٍ رِزْقًا مِن لَّدُنَّا وَلَكِنَّ  أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

“Мушрикони Макка ба Паёмбар (с)” гуфтанд: Агар мо ҳамроҳи ту аз ҳидояти “Қуръон” пайравӣ кунем, аз сарзаминамон рабуда “Ва овора” хоҳем шуд, оё мо ононро дар ҳаррами амн қарор надодем, ки ҳар навъ мева ва маҳсуле, ки ризқе аз ҷониби мост ба сӯйи он сарозер мешавад? Вале бештари онҳо намедонанд.

 

Ин оят дар хусуси касоне аст, ки дар шаҳри Макка  зандагӣ мекарданд ва ба ҳақонияти Қуръон ва Паёмбари ислом (с) пай бурда буданд, аммо барои ҳифзи манофеи шахсӣ ва хонаводагӣ, ҳозир ба пазириши имон ва эъломи он набуданд, баҳонаи онҳо ин буд, ки бузургони Макка, ки қудрат ва сарват ва имконотро дар ихтиёр доранд, моро аз шаҳр ва хонаи худ ронда ва овора мекунанд, дар он сурат, дармонда ва бечора мешавем.

Қуръон посух медиҳад оё қудрати Худованд бартар аст ё қудрати сарони қурайш? Худованде, ки анвои неъматҳоро бар шумо сарозер ва амниятро бар шаҳри Макка ҳоким намудааст, оё қудрат надорад шуморо дар баробари мушрикон муҳофизат кунад?

Гарчӣ мусалмонон дар оғоз мавриди озор ва шиканҷаи мушрикон қарор мегирифтанд, аммо ба иродаи илоҳӣ рӯз ба рӯз қудрати мусалмонон бештар шуд, то ҷойе, ки тавонистанд Маккаро фатҳ кунанд ва онро дар ихтиёр бигиранд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

1 – Бисёр аз касоне, ки имон намеоваранд, ба хотири расидан ба лазатҳои модӣ ё манофеи шахсӣ аст, на он, ки ҳақро намефаҳманд.

 

2 – Амният муқаддам бар ҳар амре аст, дар сояи амният ва оромиши иҷтимоӣ аст, ки равнақи иқтисодӣ ҳосил шуда ва маишат ва неъмат аз тариқи касб ва кор ба даст меояд.

 

 

58

 

    وَكَمْ أَهْلَكْنَا مِن قَرْيَةٍ بَطِرَتْ مَعِيشَتَهَا فَتِلْكَ مَسَاكِنُهُمْ لَمْ تُسْكَن مِّن بَعْدِهِمْ إِلَّا قَلِيلًا وَكُنَّا نَحْنُ الْوَارِثِينَ                

 

Ва чӣ бисёр манотиқе, ки мо “Мардуми онро” ба хотири туғён дар зиндагӣ, нобуд кардем, ин хонаҳои онҳост, ки пас аз онон ҷуз андаке мавриди сукунат қарор нагирифтааст ва фақат мо вориси онон будем.

 

Дар идомаи ояҳои қабл, ин оят хитоб ба мушрикони Макка мефармояд: Шумо ба хотири ҳифзи сарват ва рифоҳи “Осудагӣ, осойиши”  худ ҳозир ба пазириши имон нашудед, оё фаромӯш кардаед, ки бархе аз ақвоми пешин, ки бар асари фузунии сарват ва рифоҳи зиндагӣ дучори мастӣ ва саркашӣ шуданд, ба ҳалокат расиданд.

Барфарз, ки шумо ҳам ба он рифоҳ бирасед, чӣ тазмине ҳаст, ки гирифтори он кайфар ва уқубат нашавед?

Сарзамини Од ва Самуд дар масири корвонҳои тиҷории Аъроб аз Макка ба шом қарор дошт, ва онҳо хонаҳои махрубаи он ақвомро ба чашми худ медиданд, вале ибрат намегирифтанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Гоҳ рифоҳ ва сарват, мояи саодати инсон нест, чӣ басо инҳо мояи ғурур, туғён ва ҳалокати инсон шавад.

 

2 – Бақоёи “Боқимондаҳои” тамаддунҳои гузашта, барои башар пандомӯз аст, лизо ҳифзи осори бостонии ақвоми пешин барои ибратомӯзии наслҳои оянда, лозим ва зарурӣ аст.

 

3 – Дунё фонӣ ва зудгузар аст, фақат зоҳири зиндагии имрӯзи мураффаҳоро “Рифоҳ ёфта, осойиш дода шуда, роҳат ва осуда”  набинем, бидонем онҳо низ амволашон раҳо карда ва хоҳанд рафт.