Қисмати 704 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 59-63
Қисмати 704 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 59-63
59
وَمَا كَانَ رَبُّكَ مُهْلِكَ الْقُرَى حَتَّى يَبْعَثَ فِي أُمِّهَا رَسُولًا يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِنَا وَمَا كُنَّا مُهْلِكِي الْقُرَى إِلَّا وَأَهْلُهَا ظَالِمُونَ
Парвардигорат бар он набудааст, ки шаҳрҳоро нобуд кунад, магар он, ки “Пеш аз нобудӣ” дар маркази онҳо паёмбаре барангезад, ки ояҳои моро бар онон бихонад ва мо нобудкунандаи шаҳрҳо набудаем магар он,ки аҳли он ситамгар буданд.
Дар ояи қабл, дар посухи касоне, ки ба хотири ҳифзи дунёи худ, ҳозир ба пазириши имон нашуданд, Худованд фармуд: Шумо ба чашми худ харобаҳои қавмҳои пешинро дидаед, онон, ки сармасти дунё шуданд ва туғён карданд, ва мо онҳоро ҳалок кардем.
Ин оят ба унвони як суннати оми илоҳӣ дар тули таърих мефармояд: Албатта парвардигори олам то паёмбаре барои мардум нафиристад, ки сухани Худоро ба гӯши онҳо бирасонад, ононро ҳалок намекунад, дар воқеъ фармони кайфари илоҳӣ ҳангоме содир мешавад, ки мардум, ояҳои илоҳиро бишнаванд ва онро такзиб кунанд, агар мардум бо дидани паёмбар ва шунидани ваҳӣ илоҳӣ, дар баробари фиристодаи Худо биистанд ва бо Ӯ ва ойини Ӯ золимона бархурд кунанд, дар ҳамин дунё гирифтори азоби дунё шуда ва ба ҳалокат мерасанд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Худованд то бар мардум итмоми ҳуҷҷат накунд, онҳоро муҷозот нахоҳад кард.
2 – Такзиби паёмбарон ва истодан дар баробари ҳақ, зулми бузӯрге аст, ки Худованд онро дар дунё посух медиҳад.
60
وَمَا أُوتِيتُم مِّن شَيْءٍ فَمَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَزِينَتُهَا وَمَا عِندَ اللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَى أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Ончӣ ба шумо дода шуда, колоӣ зиндагонии дунё ва зиннати он аст ва ончӣ назди Худованд аст, беҳтар ва пойдортар аст, пас оё намеандешед?
61
أَفَمَن وَعَدْنَاهُ وَعْدًا حَسَنًا فَهُوَ لَاقِيهِ كَمَن مَّتَّعْنَاهُ مَتَاعَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ثُمَّ هُوَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مِنَ الْمُحْضَرِينَ
Оё касе, ки ба ӯ ваъдаи некӯ додем, ва ӯ онро хоҳад дид, монанди касе, ки ӯро аз матои зиндагии дунё баҳраманд сохтем, сипас ӯ дар рӯзи Қиёмат аз иҳзоршудагон “Ҳозиршудагон, фарохондагон” “Барои азоб” хоҳад буд?
Ин ояҳо низ дар посух ба афроде, ки ба баҳонаи ҳифзи зиндагии дунявӣ, ҳозир набуданд имон биёваранд, мефармояд: Оё ончиро назди Худост, бо ончиро дар ин дунёи фонӣ назди шумост, яксон мебинед, ки ҳозир нестед барои расидан ба он, аз ин баҳраҳои модӣ даст бардоред? Оё зарқу барқ “Ҷилваву зоҳири, ҷилову шафофӣ” неъматҳои дунявӣ чунон чашми шуморо пур карда, ки зиннатҳои маънавӣ ва саодати абадиро намебинед барои расидан ба неъматҳои пойдори Қиёмат, аз онҳо чашмпушӣ кунед?
Поёни ояи 60 низ ба шакли ғайри мустақим ин корро ғайри ақлонӣ дониста ва аз онон мепурсад: Оё таақул намекунед? Оре як муқоисаи содда, ба ҳар инсони оқиле мефаҳмонад, ки набояд неъмати боқиро фадои неъмати фонӣ кард.
Идомаи ояҳо, вазъи ин инсонҳои зоҳирбинро бо инсонҳои воқеъбин, ки аҳли имон ҳастанд, муқоиса мекунад, мефармояд: Онҳо, ки имрӯз ба ваъдаҳои илоҳӣ яқин доранд ва барои Худо кор мекунанд, дар Қиёмат подоши некуӣ илоҳиро дарёфт хоҳанд кард, аммо онон, ки ба ин дунёи моддӣ дил баста ва сармасти ин ҷаҳони зудгузар шудаанд, дар Қиёмат ба ҷойи туша тақво, бори гуноҳонро бар душ мекашанд ва ба сӯйи дузах ҳидоят мешаванд.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Неъматҳои дунявӣ ва ухравӣ ҳар ду аз ҷониби Худост, муроқиб бошем неъматҳои маҳдуд ва фоннии дунё, моро аз неъматҳои номаҳдуд ва абадии охират маҳрум накунад, ки дар ин сурат бисёр зиёнкор хоҳем буд.
2 – Нишонаи оқил он аст, ки ғарқи дунёи фоннӣ намешавад ва сарои боқиро ба ин ҷаҳони зудгузар намефурӯшад, ба ҷойи он.ки фиреби зоҳири зиндагии дунёро бихурем, талош кунем оқибатандеш бошем, таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки комёбиҳои дунявӣ аз рӯйи сармастӣ ва ғафлат, иҳзори залилонаи охиратро дар пай дорад.
3 – Дар амри таблиғи дин ва тарбияти афрод, истифода аз шеваи муқоисаи ва баёни матолиб ба сурати суолҳое, ки изҳонро бедор мекунад, дороии таъсирҳои бештаре аст.
62
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَائِيَ الَّذِينَ كُنتُمْ تَزْعُمُونَ
Ва “Ёд кун” рӯзе, ки Худованд ононро нидо медиҳад ва мефармояд: Куҷоянд, он шариконе, ки барои ман мепиндоштед?
63
قَالَ الَّذِينَ حَقَّ عَلَيْهِمُ الْقَوْلُ رَبَّنَا هَؤُلَاء الَّذِينَ أَغْوَيْنَا أَغْوَيْنَاهُمْ كَمَا غَوَيْنَا تَبَرَّأْنَا إِلَيْكَ مَا كَانُوا إِيَّانَا يَعْبُدُونَ
Касоне, ки фармон “Азоб” бар онҳо ҳатмӣ шуда, мегуянд: Парвадигоро! Инон касоне ҳастанд, ки мо гумроҳ кардем, ҳамон гуна, ки худ гумроҳ шудем, ононро низ гумроҳ кардем мо аз онон ба сӯйи ту безорӣ меҷӯйем, “Онҳо дар воқеъ” моро намепарастиданд “Балки аз ҳаво ва ҳаваси худ пайравӣ мекарданд.
Ин ояҳо ба вазъияти мушрикон дар Қиёмат ишора карда ва мефармояд: Онҳо бидуни ҳеҷгуна ёр ва ёвар ва паноҳе дар саҳнаи Қиёмат ҳозир мешаванд ва мавриди ин хитоби Худованд қарор мегиранд: Онҳоеро, ки шумо дар дунё шарики ман дар умури зиндагии худ мепиндоштед, имрӯз куҷо ҳастанд, ки шуморо наҷот диҳанд? Ояҳо дар идома мефармояд: пешвоёни куфр ва ширк, ки мавриди пайравӣ ва парастиши мардум будаанд, дар саҳна ҳозир шуда ва дар посух мегуянд: Онҳо иддъо мекунанд, ки таслими мо будаанд ва мо маъбуди онҳо будаем, аммо дар воқеъ чунин нест, онҳо тобеи хостаҳои нафсонии худашон буданд ва барои расидан ба хостаҳои худашон дунболи мо омаданд ва ҳамчун мо гумроҳ шуданд пас дар воқеъ мо маъбуди онҳо набудаем ва аз ин ҷиҳат аз онҳо табаррӣ “Безорӣ” меҷӯйем.
Тарсими “Хат кашидан, расм кардан, тарсими нақша” ин ояҳо аз додгоҳи Қиёмат, шабеҳи додгоҳҳои дунявӣ аст, ки вақте муҷримонеро дастгир мекунанд, ки бо ҳамдастии якдигар, сирқат ё ҷиноятеро муртакиб шудаанд, ҳар як аз онҳо кушиш мекунанд гуноҳро ба гардани дигаре бияндозад ва худро бегуноҳ нишон диҳад, муҷримон мегуянд дигарон буданд, ки моро фиреб доданд ва ба ин роҳ кашонданд тарафҳои муқобил ҳам мегуянд, ки гуноҳро ба гардани мо наяндозед, балки худатон туғёнгар ва гумроҳ будед, табии аст, ки ин иддъоҳо дар додгоҳи адли Парвардигор пазируфта нест ва муҷримон ба сазоӣ аъмолашон хоҳанд расид.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Тсаввури вуҷуди шахсҳо ё ашёе, ки дар радифи Худо ва шарики Ӯ қарор гиранд, пиндори мавҳум ва хаёлидур аз воқеият аст.
2 – Ҳар кас дигаронро ба ҷойи Худованд, ба сӯйи худ бихонад, дар Қиёмат гирифтори кайфари сахт хоҳад шуд.
3 – Афроди фиребхурда ва гумроҳ ба дунболи гумроҳ кардани дигарон низ ҳастанд.
4 – Дар Қиёмат, пешвоён ва пайравони гумроҳ, аз якдигар табаррӣ меҷӯйянд, аммо ин сӯде ба ҳоли онҳо надорад ва онон ҳамагӣ раҳсипори дузах мешаванд.