Қисмати 705 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 64-69
Қисмати 705 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 64-69
64
وَقِيلَ ادْعُوا شُرَكَاءكُمْ فَدَعَوْهُمْ فَلَمْ يَسْتَجِيبُوا لَهُمْ وَرَأَوُا الْعَذَابَ لَوْ أَنَّهُمْ كَانُوا يَهْتَدُونَ
Ва ба онон гуфта мешавад: Шарикони худро “Маъбудонеро, ки шарики Худо мепиндоштед” фаро хонед, пас онҳоро мехонанд, аммо посухашонро намедиҳанд ва азобро мебинанд “Ва орзӯ мекунан” эй кош ҳидоят ёфта буданд.
Дар ояи қабл гуфтем, ки дар Қиёмат пешвоёни куфр ва ширк аз пайравони худ безорӣ меҷӯянд ва ҳозир ба пазириши масулияти инҳирофии пайравони худ нестанд, ин оят мефармояд: Барои он, ки мушрикон нотавонии маъбудҳои хаёлии худро дар Қиёмат бубинанд, ба онҳо хитоб мешавад ончиро шарики Худо мепиндоштед, бихонед то ба ёрии шумо биёянд ва шуморо наҷот диҳанд, аммо равшан аст, ки ҷавобе аз сӯйи онҳо намешнаванд ва кӯмаке дарёфт намекунанд, инҷост, ки онҳо орзӯ мекунанд эй кош ҳидояти илоҳиро пазируфта буданд ва имрӯз чунин танҳо ва бепаноҳ дар баробари дузах қарор намегирифтанд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Ба ҳарки ғайри Худо дар дунё дил бубандем ва дунболаи равий ӯ шавем, дар Қиёмат аз ёрии Худованд маҳрум хоҳем шуд.
2 – Қиёмат, рӯзи оҳ ва ҳасрати мунҳарифон ва гунаҳкорон аст, аммо чӣ суд?
65
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ مَاذَا أَجَبْتُمُ الْمُرْسَلِينَ
Ва рӯзе, ки “Худованд” ононро нидо медиҳад ва мефармояд: Ба паёмбарон чӣ посухе додед?
66
فَعَمِيَتْ عَلَيْهِمُ الْأَنبَاء يَوْمَئِذٍ فَهُمْ لَا يَتَسَاءلُونَ
Пас дар он рӯз ахбор бар онон пушида мемонад ва онон аз якдигар чизе намепурсанд.
67
فَأَمَّا مَن تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَعَسَى أَن يَكُونَ مِنَ الْمُفْلِحِينَ
“Аммо он, ки тавба карда ва имон оварда ва кори шоиста анҷом додааст, пас умед аст, ки аз растагорон бошад.
Дар идомаи ояҳои қабл дар бораи ҳузӯри мушрикон дар Қиёмат, ин ояҳо мефармояд: Аз онҳо суол мешавад, ки дар посух ба даъвати паёмбар чӣ кардед? Паёмбарон шуморо ба парастиши Худои ягона ва анҷоми корҳои нек фаро хонданд, шумо чӣ посухе ба онҳо додед?
Мусаламан мушрикон барои ин суол посухе надоранд, агар бигуянд даъвати паёмбаронро пазируфтем ва имон овардем, ки ин дурӯғи бузӯрг аст ва дар Қиёмат, дуруғ ҳеҷ харидоре надорад, агар бигуянд: онҳоро такзиб кардем ва соҳир ва маҷнун хондем ва бо онҳо муқобила кардем ва ҷангидем, бо забони худ, ба ҷурми хеш эътироф карда ва кайфарро ба ҷон харидоранд, ҳарчӣ бигуянд ба зиёни онҳост, ҳеч роҳе барои фарор аз ин суол надоранд ва наметавонанд барои посух ба он, узр ва баҳонае биёваранд, мушкили дигари онҳо ин аст, ки наметавонанд бо соири ҳамкешони худ ба машварат бинишинанд ва бо пурсиш аз якдигар, роҳе барои посух ба ин суоли илоҳӣ биёбанд.
Идомаи ояҳо мефармояд: Онҳо, ки имрӯз чунин дармондашуда ва дар бунбаст қарор гирифтаанд, дар дунё роҳро бар онҳо набаста будем, онҳо ҳар лаҳза метавонистанд тавба кунанд ва ба паёмбарони илоҳӣ имон биёваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, дар ин сурат аҳли саодат ва растагорӣ буданд ва имрӯз гирифтори азоб намешаванд.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Мушрикон дар додгоҳи Қиёмат, на посухе барои ширк варзидан ба Худо доранд ва на посухе барои такзиби паёмбарон.
2 – Дар Қиёмат, роҳҳое дарёфти хабар баста мешавад ва мардум наметавонанд бо ҳамфикрӣ ва машварат ва суол аз якдигар, посухе барои додгоҳи адли илоҳӣ омода кунанд.
3 – Дар Ислом барои мушрикон ва гунаҳкорон низ бунбаст вуҷуд надорад, равиши Ислом ин аст, ки ҳамвора роҳи тавба ва бозгаштро барои кофирон ва гунаҳкорон боз мегузорад то дар ҳар марҳаллае аз фасод ва олудагӣ ҳастанд, битавонанд ба роҳи ҳақ боз гарданд.
4 – Растагории инсон дар гарави тарки бадиҳо ва анҷоми некиҳост.
68
وَرَبُّكَ يَخْلُقُ مَا يَشَاء وَيَخْتَارُ مَا كَانَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ سُبْحَانَ اللَّهِ وَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ
Ва Парвардигорат ҳарчиро бихоҳад меофаринад ва “Ончиро бихоҳад” бармегузинад, онон “Дар баробари Худо” ихтиёре надоранд муназзаҳ аст Худованд ва аз ончӣ “Барои Ӯ” шарик мегиранд, бартар аст.
69
وَرَبُّكَ يَعْلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمْ وَمَا يُعْلِنُونَ
Ва парвардигорат ончиро синаҳояшон пинҳон медоранд ва ончиро ошкор месозанд, медонад.
Дар поёни инбахш аз ояҳо, Қуръон дар посух ба мушрикон, ки барои офаридаҳои илоҳӣ нақше дар таквин “Эҷод” ва ташриъ “Шариат овардан, ойин ниҳодан” қоил буданд, мефармояд: Худованд худ ирода мекунад, ки чӣ биёфаринад ва чигуна биёфаринад, чӣ касеро ба паёмбарӣ баргузинад ва чӣ қавонин ва шариатеро барои мардум вазъ кунад, ҳеҷ кас нест, ки Ӯро маҷбур ба коре кунад ё монеи ирода ва хости Ӯ шавад.
Ба иродаи Худованд, инсонҳо мухтор офарида шудаанд, аммо ихтиёри онҳо ғолиб бар ихтиёри илоҳӣ нест, зеро махлуқ ва мағлуби иродаи Худост, дар умури таквинӣ бадеҳи аст, ки ҳеҷ инсоне дар офариниши худ ва дигар мавҷудот нақше надошта ва надорад, дар умури ташриъӣ низ агар Худованд, анҷом ё тарки кореро аз инсонҳо бихоҳад, онҳо дар баробари хости Ӯ, аз худ ихтиёре надоранд то бархилофи хости Ӯ чизеро ташриъ кунанд, чунон, ки дар ояи 36 сураи Аҳзоб омадааст: Ҳангоме, ки Худо ва паёмбараш ҳукмеро содир карданд, барои мардон ва занони муъмин, ихтиёре нест то хилофи он амал кунанд.
Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:
1 – Офариниши ҳастӣ ва тадбири умури он, ҳамчунин вазъи қонунҳо ва интихоби паёмбарон ва раҳбарони осмонӣ, ҳама ба дасти Худованд аст.
2 – Касе, ки дар баробари қонуни Худо ва ба ҷойи он, қавонуни башариро бипазирад, дар ҳақиқат башарро шарики Худо дар ташриъ ва тақнин дониста аст.