Сентябр 27, 2016 11:18 Asia/Dushanbe

Қисмати 706 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 70-75

70

 

    وَهُوَ اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ لَهُ الْحَمْدُ فِي الْأُولَى وَالْآخِرَةِ وَلَهُ الْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ                              

 

Ӯст Худои якто, ки маъбуде ҷуз Ӯ нест, ситоиш дар дунё ва охират барои Ӯст фармонравоӣ танҳо барои Ӯст ва ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавем.

 

Дар чан ояҳои гузашта, ояҳои Қуръон ба нафии ҳаргуна шарик барои Худованд пардохта буд, чӣ шарик дар холиқият, чӣ шарик дар ибодат ин оят ба тавҳиди рабубӣ ишора карда ва мефармояд: Кадом маъбуд аст, ки дар нузули неъмат бар шумо бо Худованд шарик бошад? Ҳамаи неъматҳои модӣ ва маънавӣ аз сӯйи Ӯ ба шумо мерасад, лизо фақат Ӯ қобили сипос ва стоиш аст танҳо Ӯ молик ва ҳокими ин ҷаҳон ва ҷаҳони охират аст, ҷуз Ӯ чӣ касе қудрати фармон додан ба ин ҳастӣ бо азамматро дорад? Дар поёни умр низ бозгашти шумо ба сӯйи Ӯст, на маъбудҳои хаёлие, ки мавриди парастиши мушрикон ҳастанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Курнаш “Сарфуруд овардан, таъзим, саҷда” ва парастиш, танҳо сазовори касе аст, ки оғоз ва поёни инсон ва ҷаҳон ба дасти Ӯст.

 

2 – Ҳокимияти таквинии Худо бар ҳама мавҷудоти ҳастӣ, ва ҳокимяти ташриии Ӯ бар зиндагии инсонҳо, нишот гирифта аз холиқияти Ӯ ва моликияти Ӯ бар ҳамаи махлуқот аст.

 

 

71

 

    قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِن جَعَلَ اللَّهُ عَلَيْكُمُ اللَّيْلَ سَرْمَدًا إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ إِلَهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُم بِضِيَاء أَفَلَا تَسْمَعُونَ             

 

“Эй паёмбар ба мушрикон” бигу: Оё андешидаед, ки Худованд шабро бар шумо то рӯзи Қиёмат пойдор созад, кадом маъбуд ҷуз Худо бароятон рушноӣ меоварад? Оё намешунавед?

 

 

 

72

 

    قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِن جَعَلَ اللَّهُ عَلَيْكُمُ النَّهَارَ سَرْمَدًا إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ إِلَهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُم بِلَيْلٍ تَسْكُنُونَ فِيهِ أَفَلَا تُبْصِرُونَ      

 

Бигу: Оё андешидаед, ки агар Худованд рӯзро то рӯзи Қиёмат бар шумо ҷовидон кунад, кадом маъбуд, ҷуз Худованд бароятон шабе меоварад, ки дар он оромиш ёбед? Оё намебинед?

 

73

 

    وَمِن رَّحْمَتِهِ جَعَلَ لَكُمُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لِتَسْكُنُوا فِيهِ وَلِتَبْتَغُوا مِن فَضْلِهِ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ                        

 

Ва аз лутф ва раҳмати Ӯст, ки барои шумо шаб ва рӯзро қарор дод то дар шаб биёромед ва “Дар рӯз” аз фазли Худо “Ризқ ва рӯзии худро” биҷӯйед бошад, ки шукур гузоред.

 

Ин ояҳо бар ҳокимяти мутлақи Худованд бар ҳастӣ ишора карда ва мефармояд: Агар Худованд заминро аз гардиш боздорад, ба гунае, ки ҳаркуҷо ҳозир рӯз аст, то поёни ҷаҳон рӯз бимонад ва ҳар куҷо ҳозир шаб аст, то поёни ҷаҳон шаб бимонад, оё касе аз он маъбудҳои хаёлие, ки шумо мепарастед, метавонад заминро ба ҳаракат дароварад ва рӯз ва шабро миёни нуқоти мухталифи кураи замин тақсим кунад?

Оё таваҷҷӯҳ кардаед, ки ҳамин гардиши мутаносиби рӯз ва шаб чӣ неъмати бузӯрге барои шумо ва ҳамаи мавҷудоти зинда аст? агар нӯр ва ҳарорати хуршед ба ниме аз кураи замин намерасид тавре қатъи ҳаёт дар он нимкураи рӯ ба нобудӣ мерафт ва агар ниме аз кураи хокӣ ҳамвора дар маърази нӯр ва ҳарорати хуршед буд, бисёре аз мавҷудоти зинда тоб наёварда ва аз байн мерафтанд, гардиши замин ба даври худ аст, ки мӯҷиб мешавад шаб ва рӯз бо назми хос ва дар замони кӯтоҳ, ҷойи худро ба якдигар бидиҳанд ва дамои ҳаво ба ҳангоми ғуруб, коҳиш ва ботулӯи хуршед афзоиш ёбад.

Гарчӣ нур ва ҳарорат, лозимаи ҳаёти инсон ва ҳамаи мавҷудоти зиндааст, аммо торикии шаб ва кам шудани дамо низ заминаро барои истироҳати инсон ва бисёре аз мавҷудот фароҳам месозад, ин худ неъмати бузӯрг аст,камтар ба он таваҷҷӯҳ мешавад.

 

 

Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:

1 – Даъват ба мутолиаи низомии ҳастӣ ва назм ва тадбир ҳоким бар он, аз беҳтарин роҳҳои тавҳид ва худошиносӣ аст, гардиши муназам ва дақиқи замин ба даври худ ва падид омадани шаб ва рӯз, ба таври қатъ аз нишонаҳои қудрати Худованд аст.

 

2 – Шаб барои осоиш ва рӯз барои кор ва талош ва фаолият аст.

 

3 – Дар талош барои ҳидоят ва роҳнамоии мардум, аз пурсишҳои бедоркунанда баҳра бигирем, то мухотаби худ бияндешад ва ба ҳақонияти Ислом пай бубарад.

 

4 – Шинохти неъматҳо, инсонро ба шукр ва сипоси Ӯ медорад, саъй кунем неъматҳои илоҳиро ба навҷавонон ва ҷавонон бишносонем то рағбати бештаре ба ибодати Худо пайдо кунанд.

 

 

74

 

               وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَائِيَ الَّذِينَ كُنتُمْ تَزْعُمُونَ

 

“Ёд кун” рӯзе, ки “Худованд” онҳоро нидо медиҳад ва мегуяд: Куҷоянд шариконе, ки барои ман мепиндоштед?

 

75

 

    وَنَزَعْنَا مِن كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا فَقُلْنَا هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ فَعَلِمُوا أَنَّ الْحَقَّ لِلَّهِ وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُوا يَفْتَرُونَ                   

Ва аз ҳар уммате, гувоҳӣ “Огоҳ ва одил”  берун меоварем ва “Ба мушрикон” мегуем: далили худро “Бар ширк” биёваред, пас онгоҳ медонанд, ки ҳақ азони Худованд аст ва ончӣ мебофанд, аз “Дасташон меравад ва аз диди” онон нопадид мешавад.

 

Қуръон бори дигар ба суроғи ҳамон суол меравад, ки дар ояи 62 ҳамин сура матраҳ кард мефармояд: Онон, ки дар дунё ба ҷойи Худо ба суроғи инсонҳо ё мавҷудоте рафтанд, ки гумон мекарданд, сарнавишташон ба дасти онҳост, дар додгоҳи Қиёмат мавриди бозхост қарор мегиранд, онҳо дар ҳузури паёмбарон ҳар  уммат, ки вазифаи даъват ва таблиғи онҳоро ба уҳда доштанд, бояд далили муваҷҷаҳе биёваранд, ки чаро бо вуҷуди паёмбар ва имкони шинохти парвардигори олам, ба суроғи шарикони хаёлӣ рафтанд ва даст аз  ҳақ кашиданд?

Идомаи ояҳо мефармояд: Онҷост, ки ба пушолӣ будани маъбудҳои худ пай мебаранд ва мефаҳманд, ки аз дасти онҳо коре сохта нест ва ҳақ танҳо дар назди Худо ва расулони Ӯст.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Ёдовариии саҳнаҳои Қиёмат дар Қуръон, ҳушдоре аст ба инсонҳои бо имон, ки хатари ширки ҷиддӣ аст ва агар муроқибат накунанд онон низ гирифтори ширк хоҳанд шуд.

 

2 – Паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ аз шоҳидони додгоҳи Қиёмат ҳастанд, пас муроқиб бошем дар ин додгоҳ, расули Худо аз мо шокӣ набошад, балки аз мо шафоат кунад.

 

3 – Ширк, аз бурҳон ва пуштувонаи мустаҳкам бархурдор нест, дар охират пардаҳо ба канор рафта ва ҳақ ва ҳақиқат, зоҳир ва мутаҷаллӣ мешавад.