Сентябр 27, 2016 11:26 Asia/Dushanbe

Қисмати 707 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 76-78

76

 

    إِنَّ قَارُونَ كَانَ مِن قَوْمِ مُوسَى فَبَغَى عَلَيْهِمْ وَآتَيْنَاهُ مِنَ الْكُنُوزِ مَا إِنَّ مَفَاتِحَهُ لَتَنُوءُ بِالْعُصْبَةِ أُولِي الْقُوَّةِ إِذْ قَالَ لَهُ قَوْمُهُ لَا تَفْرَحْ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْفَرِحِينَ                     

 

Ҳамоно Қорун аз қавми Мусо буд ва бар онон ситам ва тааддӣ “Ситам кардан”  кард ва аз ганҷинаҳои мол ва сарват, он  андоза ба ӯ дода будем, ки ҳамли калидҳояш барои гурӯҳи нерӯманд “Низ” душвор буд, “Ёд кун” ҳангоме, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: “Мағрурона” шодӣ макун, ки Худованд шодикунандагон “Сармаст ва мағрур” – ро дӯст намедорад.

 

Қаблан дар ояҳое аз ин сура, ба моҷарои ҳазрати Мусо (а) ва Фиръавн ишора шуд, аммо ин ояҳо ба саргузашти Қорун ишора  карда, ки яке аз сарватмандони бузӯрги замони Мусо (а) буд, чунон, ки дар китобҳои таърихӣ омада, Қорун аз наздикони Мусо (а) буд ва дар оғоз низ ба ӯ имон овард, аммо гирифтори кибр ва ғурур ношӣ аз сарват шуд, то ҷойе, ки дар баробари ҳазрати Мусо (а) истод ва саркашӣ кард.

Фиръавн, мазҳари қудратҳои туғёнгаре аст, ки мардумро мавриди зулм ва ситам қарор дода ва дар баробари ҳақ меистанд, аммо Қорун, мазҳари сарватмандоне аст, ки дар баробари мардум фахрфурушӣ ва бузӯргталабӣ карда ва аз таолими ҳақ нофармонӣ мекунанд, Сомирӣ низ мазҳари ҳунармандоне аст, ки мардумро ба инҳироф аз роҳи ҳақ суқ медиҳанд ва ба ширк ва гумроҳӣ гирифтор мекунанд.

Идомаи оят, решаи туғён ва саркашии Қорунро ғурур ва ғафлат ва такаббури ӯ медонад, ки ҳарчӣ сарваташ афзунтар мешуд, аз Худо ва хулқи бештар ғофил шуда ва ба фикри зарандӯзӣ ва захира кардани тило ва нуқра ва соири колоҳо ва ҷавоҳироти зӣ “Соҳиб, доро, молик”  қимат буд, дар ҳоле, ки сарват бояд дар ҷиҳати хидмат ба мардум ва гардиш чархҳои иқтисодии ҷомиа ба кор равад, на он,ки иддае сарватманд онро ба нафъи худ иҳтикор “Анбордорӣ” карда ва барои худ захира намоянд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Доштани сарват  ва талош барои афзудани мол ва сарват бад нест, аммо мағрур шудан ба сарват ва саркашӣ дар баробари Худо ва паёмбар ва мардум, кори зишт ва нописанд аст.

 

2 – Мастӣ фақат аз хурдани шароб ҳосил намешавад, гоҳе инсонҳои камзарфият, бо расидан ба пул ва сарват, чунон маст ва мағрур мешаванд, ки ҳамаи чизро фармӯш мекунанд, чунин афроде бо такя бар қудрат ва сарвати хеш, ба ҳуқуқи дигарон таҷовӯз карда ва дучори сархӯшӣ ва сармастӣ мешаванд.

 

 

 

77

    وَابْتَغِ فِيمَا آتَاكَ اللَّهُ الدَّارَ الْآخِرَةَ وَلَا تَنسَ نَصِيبَكَ مِنَ الدُّنْيَا وَأَحْسِن كَمَا أَحْسَنَ اللَّهُ إِلَيْكَ وَلَا تَبْغِ الْفَسَادَ فِي الْأَرْضِ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُفْسِدِينَ   

                            

 

Ва дар ончӣ Худо ба ту додааст, сарои охиратро биҷӯй ва баҳраи худро аз дунё фаромӯш макун ва ҳамонгуна, ки Худованд ба  ту некӣ кардааст, ту низ “Ба мардум” некӣ кун ва дар замин ба дунболи фасод мабош, ки бетардид Худованд, муфсидонро дӯст надорад.

 

Дар ояи қабл ишора шуд, ки гуруҳе аз пайравони ҳазрати Мусо (а), ки афроди фаҳим ва воқеъбин буданд, ба ҷойи он, ки худро хурд бипиндоранд ва Қорунро бузӯрг бишморанд, дар камоли шаҳомат ӯро насиҳат карданд, ки муроқиб бош ба мол ва сарвати худ мағрӯр машав, ки дар он сурат, дигар маҳбуби Худо нахоҳӣ буд, чунон, ки мардум низ сарватмандони мағрурро дӯст надоранд.

Ин оят дар идомаи ояи қабл, чаҳор насиҳати дигар аз забони он муъминони оқибатандешро баён мекунад, ки муҳимтарини он андарзҳо ин аст, ки дунё мазрааи охират аст, агар дар инҷо чизе накорӣ, дар Қиёмат чизе бардош нахоҳи кард, ин ҳама  мол ва сарват, ба монанди базре “Дона” аст, ки бояд дар замин кошта шавад то аз он маҳсул барояд, гирд овардани базр дар анбор ҳар қадар ҳам фаровон бошад, хушае ба бор намеоварад.

Насиҳати дуввум он буд, ки агар мегуем аз моли дунё барои охирати худ туша бардор, маънояш он нест, ки зиндагонии дунёро фаромӯш куни ва ҳамаи амволатро дар роҳи Худо бидиҳи, аз онҳо барои осоиш ва рифои дунёи худ ва хонаводаат низ баҳра бигир. Дунё ва охират, ҳар дуро бубин ва барои ҳар кадом ба миқдоре, ки назди ту манзалат доранд, аз онҳо истифода кун.

Насиҳати саввум, он аст, ки гумон накун ончӣ дори аз они тӯст, ҳамаи ин амвол мулки Худост, ки ба ту эҳсон карда ва дар ихтиёри ту қарор дода аст, худатро молик набин, балки амонатдор бубин, пас ту низ ҳамонанди Худованд, ба ниёзмандон эҳсон кун.

Ва чаҳорумин панд аҳли имон ба Қорун он буд, ки агар ин андарзҳоро ба кор нагирӣ ва таваҷҷӯҳ накуни, мол ва сарвати ту мояи фасод ва табоҳӣ барои худат ва ҷомиъа мешавад, мол ва сармояат ба ҷойи он, ки дар ҷиҳати ислоҳи умури ҷомиъа бошад, бистаре барои табақотӣ “Дараҷа” шудани ҷомиъа ва афзоиши кина ва адовати мардум нисбат ба ту мешавад, чунон, ки имрӯз дар ҷавомии сармоядорӣ, дар садди каме аз мардум, бонкҳо ва сармояҳои ҷомиъаро дар ихтиёр доранд ва аксаряти мардум ҳамчун бардагон кор мекунанд то сарватмандон, сарватмандтар шаванд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Ҳадаф ва мақсади инсон дар ҳама корҳо ва фаолиятҳои иқтисодӣ, бояд ризоят ва хушунади Худованд дар Қиёмат бошад, гарчӣ дунёи инсон низ дар ин масир бояд таъмин шавад.

 

2 – Бояд ба сарнавишти ухравии худ таваҷҷӯҳ дошта бошем, дар айни ҳол аз дунё низ баҳраманд шавем, ба баёни дигар, саҳм ва насиби худро аз ниёзҳо ва хостаҳои табии дар назар бигирем ва мобақиро сарфи охират кунем.

 

3 – Мол ва сарват, агар дар ҷиҳати охират, корҳои нек ва эҳсон ба дигарон мавриди истифода қарор гирад, на танҳо бад нест, балки метавонад заминаи саодат ва некбахтии абадиро барои инсон фароҳам кунад.

 

 

78

    قَالَ إِنَّمَا أُوتِيتُهُ عَلَى عِلْمٍ عِندِي أَوَلَمْ يَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ قَدْ أَهْلَكَ مِن قَبْلِهِ مِنَ القُرُونِ مَنْ هُوَ أَشَدُّ مِنْهُ قُوَّةً وَأَكْثَرُ جَمْعًا وَلَا يُسْأَلُ عَن  ذُنُوبِهِمُ الْمُجْرِمُونَ                        

 

“Қорун” гуфт: Ҳамоно ин “Сарват” ба воситаи донише, ки назди ман аст, ба ман дода шудааст, оё ӯ намедонист, ки Худованд пеш аз ӯ ақвомеро ҳалок кардааст, ки аз ӯ нерумандтар ва сарватандӯзтар буданд? Ва “Ба ҳангоми нузули азоб” муҷримон, аз гуноҳонашон суол намешавад.

 

Дар ин оят посухи Қорун ба панд ва андарзи аҳли имонро чунин баён мекунад, ки ба ҷойи пазириши мавъизаи онҳо, аз рӯйи ғурур ва такаббур мегуяд: Ин мол ва сарват, маҳсули илм ва дониш ва талоши худам аст, пас ихтиёри он бо ман аст на шумо, ки ба ман бигуед чӣ кунам ва чӣ накунам, худам медонам, ки куҷо харҷ кунам ва куҷо захира намоям агар Худованд ин сарватро ба ман дода, лобуд дониш ва талоши маро дида ва маро лоиқ ва шоиста донистааст.

Қуръон ба ин мантиқи нодурӯсти сарватмандони мағрур посух дода ва мефармояд: Магар ӯ таърих нахонда ва намедонад касоне, ки аз ӯ қудратмантар ва сарватмантар буданд, чун дар баробари ҳақ туғён карданд, дар ҳамин дунё худ ва амволашон ба ҳалокат расиданд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Сарват, ҳатто агар маҳсули дониш ва талоши илмии инсон бошад, боз набояд дучори ғурур ва ғафлат шавад ва бояд онро эҳсони илоҳӣ бидонад.

 

2 – Мағрур шудан ба дониш ва қудрат ва сарват, омили ҳалокати инсон да дунё мешавад.