Сентябр 27, 2016 11:36 Asia/Dushanbe

Қисмати 708 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 79-82

79

    فَخَرَجَ عَلَى قَوْمِهِ فِي زِينَتِهِ قَالَ الَّذِينَ يُرِيدُونَ الْحَيَاةَ الدُّنيَا يَا لَيْتَ لَنَا مِثْلَ مَا أُوتِيَ قَارُونُ إِنَّهُ لَذُو حَظٍّ عَظِيمٍ           

 

“Рӯзе” Қорун бо тамоми зевар ва зиннати худ дар миёни қавмаш зоҳир шуд, онҳо, ки хоҳони зиндагии дунё буданд, гуфтанд: Эй кош монанди ончӣ Қорун “Аз моли дунё” дода шуда, барои мо низ буд, ба рости ӯ дорои баҳраи бузӯрге аст.

 

 

80

    وَقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَيْلَكُمْ ثَوَابُ اللَّهِ خَيْرٌ لِّمَنْ آمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا وَلَا يُلَقَّاهَا إِلَّا الصَّابِرُونَ                  

 

“Аммо” касоне, ки илм ва маърифат ба онон дода шуда буд, гуфтанд: Вой бар шумо, подоши Худо барои касоне, ки имон оварда ва амали шоиста анҷом додаанд, “Аз ончӣ ӯ дорад” беҳтар аст, ва ҷуз шикебоён, онро дарнамеёбанд.

 

Дар ояи қабл гуфтем, ки Қорун яке аз пайравони ҳазрати Мусо (а)  буд, ӯ дар асари мол ва сарвати фаровон, мағрур шуд, даст ба туғён ва саркашӣ зад ва аз мадори имон хориҷ шуд. Ин ояҳо ба яке аз рафторҳои зишти Қорун ишора дорад, рафторе дар ҷомиаҳои имрӯз низ монанди он зиёд дида мешавад ба рах кашидани сарвати худ ва кучак шумурдани дигарон, ишколе гуногуне дорад гоҳе бо сохтани хонаҳои муҷаллал ва ашрофе, ки ҳар бинандаеро ба тааҷҷуб вомедорад, гоҳе бо савор шудан бар утумубилҳои гаронқимат ва моновур додан дар сатҳи хиёбонҳо ва шаҳрҳо ва гоҳ низ бо баргузории меҳмониҳои хеле бошукӯҳ ва пур зарқ ва барқ ҳамроҳ бо худнамоӣ ва исрофи бисёр.

Ин корҳое аст, ки сарватмандони худхоҳ ва сармаст анҷом медиҳанд, ин худнамоиҳо гоҳ боис мешавад, ки мардум оҳе аз рӯйи ноумедӣ бикашанд ва худро фақир ва бадбахт бубинанд ва гумон кунанд, ки чунин сарватмандоне ба авҷи саодат ва хушбахтӣ расидаанд, албатта афроди фаҳмида ва фарҳехта “Илм омӯхта, адаб омӯхта”  инро дарк мекунанд, ки на сарват ба танҳои некбахтӣ меоврад ва на сарватмандон саодатмандони  воқеӣ ҳастанд, чӣ бисёранд сарватмандоне, ки гирифтори мушкилоти рӯҳӣ ё хонаводагӣ ҳастанд ва сармояашон, беш аз он,ки мояи рифоҳ ва хушбахтии онҳо бошад, омили дарди сар ва гирифтори онҳост.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Доштани сарват бад нест, вале фахрфурӯшӣ, худнамоӣ, ва таҷамулгароие, ки таҳқири дигаронро дар пай дорад, кори бисёр нописанде аст.

 

2 – Агар ҳокимони ҷомиъа, дучори ашрофгарӣ ва рӯҳияи Қорунӣ шаванд, бар фарҳанг ва арзишҳои ҷомиъа таъсир гузорида ва мардумро ба сӯйи таҷаммулпарастӣ сӯқ медиҳанд.

 

3 – Дунёпарастӣ, орзӯи инсонҳои камхирад ва гутоҳбин аст, на инсонҳои фаҳмида ва хирадманд.

 

4 – Тамоми сарвати дунё, дар баробари Биҳишти илоҳӣ, ки подоши покон ва солиҳон аст, ночиз ва бемиқдор аст, пас шоиста аст афроди доно ва фаҳим, мардумро аз ишқи ба дунё ва молпарастӣ барҳазар доранд.

 

 

81

    فَخَسَفْنَا بِهِ وَبِدَارِهِ الْأَرْضَ فَمَا كَانَ لَهُ مِن فِئَةٍ يَنصُرُونَهُ مِن دُونِ اللَّهِ وَمَا كَانَ مِنَ المُنتَصِرِينَ                  

 

Пас ӯ ва хонаашро дар замин фурӯ бурдем ва ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки ӯро дар баробари “Азоби” Худо ёрӣ кунанд ва худ низ натавонист аз хеш дифоъ кунад.

 

82

    وَأَصْبَحَ الَّذِينَ تَمَنَّوْا مَكَانَهُ بِالْأَمْسِ يَقُولُونَ وَيْكَأَنَّ اللَّهَ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَن يَشَاء مِنْ عِبَادِهِ وَيَقْدِرُ لَوْلَا أَن مَّنَّ اللَّهُ عَلَيْنَا لَخَسَفَ  بِنَا وَيْكَأَنَّهُ لَا يُفْلِحُ الْكَافِرُونَ                

 

Субҳгоҳ, онон, ки дирӯз мақом ва ҷойгоҳи ӯ “Қорун”-ро орзӯ доштанд, мегуфтанд: Вой!  Гуё Худованд, рӯзиро барои ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, вусъат медиҳад ва ё танг мегирад, агар Худо бар мо миннат наниҳода буд, моро низ ба замин фурӯ бурда буд, вой! Гуйё кофирон растагор намешаванд.

 

Таҳқири мардум бо намоиши сарват ва саркашӣ дар баробари паёмбари Худо ба баҳонаи бениёзӣ аз охират, кори Қорунро ба ҷойе расонд, ки Худованд, бо зилзилаи шадид, кох ва боғ ва ҳамаи ганҷҳои ӯро ба зери хок фурӯ бурд ва асаре аз ӯ боқӣ нагузошт, албатта ояҳои Қуръони Карим аз ҳалокати ақвоми пешин ба василаи зилзила хабар дода аст, аммо дар ин моҷаро, фақат Қорун ва кохаш ба зери хок рафт ва ба дигарон осебе нарасид, ин худ муъҷизаи дигар буд, ҳамонгуна, ки Фиръавн, ки худро молики Миср ва руди Нил медонист, дар руди Нил ғарқ шуд ва қудрат ва ҳукумати ӯ барбод рафт.

Мардуми ом бо дидани ин иъҷози илоҳӣ, аз хоби ғафлат бедор шуда ва эътироф карданд, ки беҷиҳат дар дил, орзӯӣ бархурдорӣ  аз сарвати Қорунро доштанд, зеро рӯзии ҳар кас ба дасти Худост, Ӯст, ки бар асоси илм ва ҳикмати худ, ризқ ва рӯзиро дар миёни мардум тақсим мекунад ва мутаносиб бо ончӣ ба онҳо медиҳад, аз онҳо масулят мехоҳад.

 

 

Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:

 

1 – Поёни саркашӣ ва бузӯргталабӣ ва сармастӣ, ҳақорат ва ҳалокат аст.

 

2 – Сарват, ҳарқадарҳам зиёд ва густарда бошад, василаи наҷоти инсон аз қаҳр ва кайфари илоҳӣ нест.

 

3 – Дар бархурд бо масоил, зуд қазоват накунем, онон, ки бо дидани сарвати Қорун, орзӯ мекарданд эй кош мисли ӯ буданд, бо дидани саранҷоми бади ӯ, гуфтанд чӣ хуб шуд, ки мо мисли ӯ набудем.

 

4 – Ба ҷойи таманои сарват ва дороиҳои дигарон, ба ончӣ Худованд ба мо додааст, қонеъ бошем ва бидонем расидан ба ҳамаи орзӯҳо дар ин дунё, чибасо ба маслиҳати мо набошад.