Сентябр 27, 2016 11:45 Asia/Dushanbe

Қисмати 709 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 83-85

83    

تِلْكَ الدَّارُ الْآخِرَةُ نَجْعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا فِي الْأَرْضِ وَلَا فَسَادًا وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ    

                  

 

Он сарои  охиратро барои касоне қарор медиҳем, ки дар замин хостори бартарӣ ва фасод дар замин нестанд ва саранҷоми “Нек, некӯ, хуб” аз они парҳезкорон аст .

 

Дар ояҳои қабл ба саргузашти Қорун ва ҳалокати ӯ дар асари саркашӣ ва сармастӣ, ишора кардем, ин ояҳо дар мақоми як натиҷагирии куллӣ аз он моҷаро мефармояд: Касоне, ки худро бартар аз дигарон мешуморанд ва ба дунболи бартариҷӯйи  бар дигарон ҳастанд, бидонанд, ки ҷойгоҳи онон дар Қиёмат, Биҳишт нахоҳд буд, зеро Биҳишт ҷойгоҳи покон ва парҳезкорон аст.

Такаббур ва истикбор, ки вежагии сарватмандон ва қудратмандони дунёталаб аст, ҳам худи онҳоро ба фасод мекашонад, ҳам сарват ва қудраташон, мояи густариши фасод дар ҷомиа  мешавад, дар таърих омадааст, ки ҳазрати Али (а) ба ҳангоми ҳукумат бар мардум мефамояд: Ҳамонгуна, ки ман қудратро василаи бартариҷӯйи қарор надодаам, соҳибони сарват низ набояд қудрати молии худро василаи султа бар дигарон қарор диҳанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Бархурдорӣ аз сарват ва қудрат, ба танҳоӣ омили фасод нест, ончӣ мояи буруз “Пайдо шудан, ошкор шудан, падид омадан”  ва густариши фасод аст, султаҷӯйи ва бартарталабӣ бо такя бар қудрат ва сарват аст.

 

2 – Парҳезкори воқеӣ касе аст, ки мутавозеъ буда ва дар пайи тафохур ва бартарҷӯӣ бар дигарон аст.

 

 

84

 

مَن جَاء بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ خَيْرٌ مِّنْهَا وَمَن جَاء بِالسَّيِّئَةِ فَلَا يُجْزَى الَّذِينَ عَمِلُوا السَّيِّئَاتِ إِلَّا مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ              

 

Ҳар кас некӣ оварад, барои ӯ “Подошӣ” беҳтар аз он аст ва ҳар кас кори баде оварад, пас касоне, ки корҳои бад анҷом додаанд, ҷуз “Ба андозаи” ончӣ кардаанд, кайфар намешаванд.

 

Дар паи ояи қабл, ин оят ба низоми куллии кайфар ва подош дар охират ишора карда ва мефармояд: Худованд ба ҳангоми додани подош, ба лутф ва фазли худ нигоҳ мекунад, на арзиши амали мардум, лизо ҳамвора арзиши подоши Ӯ бартар аз арзиши корҳои неки мардум аст, гоҳе даҳ баробар, гоҳе сад баробар, гоҳе ҳафсад баробар ва гоҳе ғайри қобили шумориш ва андоза табиӣ аст, ки лутф ва фазли илоҳӣ ба ихлос ва покии нияти инсон низ бастагӣ дорад ва аъмоли яксон, ба хотири ангезаҳои мутафовит, подошҳои мутафовит хоҳанд дошт.

Аммо дар хусус корҳои зишт, Худованд барпойяи адолаташ рафтор мекунад ва кайфарро бар асоси осори бади  ҳар амал муаян мекунад, осоре, ки басо то  солҳо ва қарнҳо пас аз марги фард боқӣ бимонад ва мӯҷиби тарвиҷи фасод ва гуноҳ дар ҷомеа шавад. Ҷолиб аст, ки ин оят намегуяд Худованд бадкоронро кайфар медиҳад, балки мефармояд: кайфари онҳо ҳамон чизе аст, ки худашон анҷом додаанд, яъне ончӣ кардаанд, дар Қиёмат ба шакли мутаносиб бо амали онҳо, зуҳур ва буруз меёбад, дар воқеъ аъмоли худи онҳост, ки мӯҷиби ранҷ ва озори онҳо дар Қиёмат мешавад.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Кори нек аз ҳар кас бошад, писандидааст ва подош дорад, дар дунё ё охират!

 

2 – Анҷоми кори нек кофӣ нест, солим расондани он ба Қиёмат муҳим аст, чӣ басо гуноҳ, минат гузоштан, уҷб, “Такаббур” ғурӯр ва ё риё мӯҷиб мешавад кори неки инсон аз байн биравад ва ба саҳнаи Қиёмат нарасад.

 

3 – Худованд подоши некиҳоро бар асоси фазли худ медиҳад, вале дар кайфари бадкорон бар пойяи адли хейш рафтор мекунад.

 

 

85

 

إِنَّ الَّذِي فَرَضَ عَلَيْكَ الْقُرْآنَ لَرَادُّكَ إِلَى مَعَادٍ قُل رَّبِّي أَعْلَمُ مَن جَاء بِالْهُدَى وَمَنْ هُوَ فِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ           

 

Бегумон он кас, ки Қуръонро “Бар ту нозил ва амал ба онро”  бар ту воҷиб кард, туро ба ваъдагоҳ  “Ва зодгоҳат” боз хоҳад гардонд, “Эй паёмбар!” бигу: Парвардигорам огоҳтар аст, ки чӣ касе ҳидоят оварда ва чӣ касе дар гумоҳии ошкор аст.

 

Ин оят ва ояҳои баъдӣ, ки охирин ояҳои сураи Қасас аст, мухотабаш паёмбари Ислом аст, ки ба фамони илоҳӣ бояд аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кунад, мушрикони Макка, ки аз сарват ва қудрати зиёде бархурдор буданд, иҷоза намедоданд касе ба паёмбар (с) имон биёварад ва ҳар, ки имон меоварад, мавриди озор ва шиканҷа қарор медоданд, то онҷо, ки ҳамон мусалмонони андакро се сол муҳосираи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ карданд ва сахттарин шароитро барои онон ба вуҷуд оварданд, аммо вақте аз кори худ маъюс шуданд, тасмим ба қатли паёмбар (с) гирифтанд, дар инҷо буд, ки Худованд ба ӯ фармон дод аз Макка ба Ясриб биравад.

Паёмбар (с) аз як сӯ мехост дар Макка бимонад, зеро ҳам зодгоҳи ӯ буд ва ҳам хонаи Худо дар онҷо қарор дошт аз сӯйи дигар, бояд барои густариш ва нашри даъваташ аз Макка муҳоҷират мекард Қуъон дар ин оят хитоб ба паёмбар (с) мефармояд: Он Худое, ки Қуръонро бар ту нозил кард ва ин ҳиҷратро барои ту таклиф намуд, ба ту ваъда медиҳад, ки туро ба зодгоҳат Макка баргардонад, он ҳам дар мавқеияте, ки ба ҷойи мушрикон, ту ва муъминон соҳиби қудрат ва ҳукумат бошед.

Идомаи оят хитоб ба паёмбар (с) мефармояд: Ба онҳо, ки рисолати туро инкор мекунанд ва дар инкори худ исрор меварзанд, бигу: Гарчӣ шумо рисолати маро инкор мекунед, аммо Худованд беҳтар медонад, ки чӣ касе аз ҷониби Ӯ барои ҳидояти мардум омада ва мояи ҳидоят ва равшангарӣ аст ва чӣ касе дар гумроҳӣ ва залолат воқеъ шуда ва ҳозир ба пазириши ҳидояти илоҳӣ нест.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Нузули ояҳои Қуръон ва иблоғи он ба мардум, сабаби мухолифати куфор ва дар ниҳоят ҳиҷрати паёмбар (с) ба Мадина шуд, аммо Худои Қуръон, ба паёмбар (с) ваъда медиҳад, ки ӯро дубора бо иззат ва иҳтиром ба Макка боз гардонад, “Чунон, ки дақиқан ҳамин ваъда таҳқиқ ёфт ва паёмбар (с) ба Макка боз гашт”.

 

2 – Ба ҷо овардани фариза, фақат анҷоми намоз ва рӯза нест, балки тиловат ва таблиғи Қуръон ва даъвати мардум ба сӯйи он низ фариза аст.