Сентябр 27, 2016 11:53 Asia/Dushanbe

Қисмати 710 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 86-88

86

وَمَا كُنتَ تَرْجُو أَن يُلْقَى إِلَيْكَ الْكِتَابُ إِلَّا رَحْمَةً مِّن رَّبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرًا لِّلْكَافِرِينَ                   

 

Ва “Эй паёмбар!” ту умед надошти, ки ин бар ту илқо “Ёд додан, омухтан” шавад, ин ҷуз раҳмате аз Парвардигорат набуд, пас ҳаргиз пуштибони кофирон мабош.

 

Дар ояи қабл Худованд ба паёмбараш ваъда дод, ки пас аз ҳиҷрат ба Мадина, бори дигар ӯро ба Макка бозгардонад ва бар кофирон пирӯз гардонад, аммо мазмуни ин оят ин аст ҳамонгуна, ки умед надошти бо қудрат ва иззат ба Макка бозгарди, вале Худованд чунин ирода кард ва онро муҳаққиқ сохт, аз ҷониби худ низ интизор надошти ба рисолат мабъус шави ва китоби осмонӣ бар ту нозил шавад, аммо Худованд бар асоси ҳикматаш, туро машмули раҳмати вижаи худ сохт ва туро ба паёмбарӣ расонд, ҳоло, ки чунин аст пас ҳаргиз таслими хостаҳои нобаҷойи мушрикон ва кофирон нашав, ки ин навъи кӯмак ба онҳост, балки бо қотеият аз онон безорӣ биҷӯй ва онро ба мардум эълом кун.

Дар ояҳои пешини ҳамин сура хондем, ки ҳазрати Мусо (а) барои ба даст овардани оташ ва гарм кардани худ ва хонаводааш ба кӯҳи Тур рафт, аммо онҷо ба паёмбарӣ расид, дар бораи паёмбари Ислом низ дар ривоятҳои таърихӣ омадааст, ки он ҳазрат барои ибодат ва бандагии Худо ба ғори Ҳарро дар кӯҳи Нур мерафт ва Ҷабраил (а) дар онҷо бар ӯ нозил шуд ва ӯро ба рисолати илоҳӣ башорат дод.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Яке аз баҳонаҳои кофирон он аст, ки чаро ваҳӣ бар худи мо нозил намешавад? Қуръон мефармояд: Паёмбарони поктинате, ки дар камоли покӣ ва таҳорати рӯҳ, зиндагӣ мекарданд, чунин интизоре аз Худо надоштанд, чӣ расад ба шумо кофирон!

 

2 – Дар мактаби паёмбарон, ҳар амале, ки ба тақвияти кофирон ва золимон биянҷомад, мамнуъ аст.

 

 

87

 

    وَلَا يَصُدُّنَّكَ عَنْ آيَاتِ اللَّهِ بَعْدَ إِذْ أُنزِلَتْ إِلَيْكَ وَادْعُ إِلَى رَبِّكَ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُشْرِكِينَ                   

 

Ва мабодо туро аз “Иблоғи” ояҳои илоҳӣ, пас аз он, ки бар ту нозил шуд, боз доранд ва “Мардумро” ба сӯйи Парвардигорат даъват кун ва ҳаргиз аз мушрикон мабош.

 

Ин яке аз мусодиқи ояи қабл аст, ки фармуд: Пуштибони кофирон мабош, зеро тарки иблоғи ояҳои илоҳӣ ва кутоҳӣ дар даъвати мардум ба сӯйи тавҳид, боиси тақвияти куфр ва ширкат мешавад, дар таърих омадааст: ҳаргоҳ паёмбар (с) ояҳои Қуръонро бар мардум мехонад ва онҳоро ба шунидани каломи илоҳӣ даъват мекард, мушрикон ва мухолифон ӯро ба шоирӣ ва киҳонат “Фолгӯӣ, пешгӯӣ” ва баёни хурофот мутаҳам карданд, ин оят мефармояд: Эй паёмбар! аз тарси туҳмат ва тувҳини душманон, дар анҷоми вазифаат кутоҳӣ макун, ки агар чунин кунӣ, ту низ аз мушрикон хоҳи буд ва дар назди Худованд тафовуте бо мушрикон нахоҳи дошт.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Душманони дин ҳатто барои паёмбарони илоҳӣ, нақша ва барнома доранд ва дар густариши куфр ва ширк кутоҳӣ намекунанд, бояд дар ҳифзи динни худ кушо бошем ва дар даъвати дигарон ба ойини ислом сустӣ наварзем.

 

2 – Паёмбарони илоҳӣ зери назари Худованд тарбият мешаванд ва Худованд бо амр ва наҳии худ, ба онҳо тазаккур медиҳад то рисолати илоҳиро дуруст анҷом диҳанд.

 

3 – Паёмбарон мардумро ба сӯйи Худо даъват мекарданд, на худ,  дигар он,ки мубориза бо куфр ва ширк, сарлавҳаи барномаҳои онҳо буд.

 

88

 

    وَلَا تَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ كُلُّ شَيْءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجْهَهُ لَهُ الْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ                 

 

Ва бо Худованд, маъбуди дигареро махон ҷуз Ӯ худое нест ҳамаи чиз ҷуз зоти Ӯ нобудшуданӣ аст, фармонравоӣ “Ҳастӣ” махсуси Ӯст ва ба сӯйи Ӯ боз гардонда мешавед.

 

Дар ояҳои қабл, Худованд паёмбарашро аз ҳаргуна сустӣ дар даъвати мардум ва иблоғи ояҳои ҳақ барҳазар дошт, ин оят дар идома мефармояд: ҳеҷ исони муваҳҳид “Яктопараст”  ва  Худошиносе, дар парастиши Худоавнд, дигареро шарик қарор намедиҳад, зеро медонад ҷуз Худо ҳамаи чиз фонӣ ва нобудшуданӣ аст ва фақат Худо мемонад ва ҳар коре, ки барои Худо холисона анҷом шавад, илова бар он,ки ҳокимяти мутлақи ҳастӣ фақат ба дасти Худост ва парастише ҷуз Ӯ маъное надорад.

Дар ин оят ҳамаи мавҷудоти олам,  фонӣ хонда шудаанд, ба далили ин, ки дер ё зуд аз байн мераванд ва ҳалок мешаванд, ҳамчунин ба ин иллат, ки  дар ҳоли ҳозир ҳам, ки вуҷуд доранд, вуҷудашон аз худашон нест ва агар лаҳзае файз ва раҳмати илоҳӣ аз онҳо қатъ шавад, нобуд мешаванд.

Ба дунболи ояи қабл, ки ба ширк ишора дошт, ин оят ширкро чунин маъно мекунад: Хондани дигаре ба унвони Худо бар хилофи ваҳобиюн, ки тавассул ба Паёмбар ва авлиёи илоҳиро ширк медонанд, тавассул ба он бузӯргворон ширк нест, зеро ҳечкас паёмбар (с) ё Али (а) ва ё соири авлиёи поки илоҳиро ба унвони қудрати мустақил дар баробари Худо намехонад, балки онҳо ба унвони инсонҳои бузӯрге, ки дар роҳи нашри ойини яктопарастӣ фидокорӣ ва муҷоҳидат намуданд, мавриди хитоб қарор мегиранд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Муваҳҳид ва яктопарасти воқеӣ, аз банди ҳамаи маъбудҳо озод аст ва дар баробари тоғутҳо ва қудратҳое, ки худро фармонравои замин медонанд ва мехоҳанд бар ҳамаи сокинони замин ҳукум биронанд, истодагӣ ва муқовимат мекунад.

 

2 – Дунё ва ончи дар он аст, фонӣ аст ва дар муқобил, Худо ва ончӣ сибғаи “Ранг, дин, миллат”  Худоӣ дорад, боқӣ аст.

 

3 – Марг, нобудӣ ва ҳалокат нест, балки бозгашт ба мабдаи ҳастӣ аст.