Сентябр 29, 2016 08:38 Asia/Dushanbe

Қисмати 711 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 1-7

بسم الله الرحمن الرحيم                     

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

 

 

1           الم

Алиф, Лом, Мим.

 

2

      أَحَسِبَ النَّاسُ أَن يُتْرَكُوا أَن يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ

 

Оё мардум пиндоштанд ҳамин, ки бигуянд: имон овардем, “Ба ҳоли худ” раҳо мешаванд ва мавриди озмоиш қарор намегиранд?

 

3

    وَلَقَدْ فَتَنَّا الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَلَيَعْلَمَنَّ اللَّهُ الَّذِينَ صَدَقُوا وَلَيَعْلَمَنَّ الْكَاذِبِينَ                                  

 

Бидуни тардид касонеро, ки пеш аз онон буданд, озмудем, ҳамоно Худованд касонеро, ки “Дар иддаъои имон” рост гуфтанд маълум дорад ва дуруғгӯёнро “Низ” маълум кунад.

 

Номи ин сура ҳамчун бархе дигар аз сураҳои дигари Қуръон, баргирифта аз номи ҳайвоноте аст, ки ба гунае дар ин сураҳо омада аст, чунон, ки дар ояи 41 ин сура, бунёни “Асл, бино” ширк, ҳамчун лонаи анкабут, суст ва нопойдор шумурда шудааст.

Бист ва нуҳ сура аз сураҳои Қуръон Карим бо ҳарфҳои муқаттаа оғоз мешавад, ин сура ҳам бо ҳамин ҳарфҳо шуруъ шудааст пеш аз ин гуфтем ҳуруфи муқаттаа, ҳуруфи рамзгуна аст ва дар маҷмуъ баёнгари он аст, ки Қуръон, муъҷизаи илоҳӣ, аз ҳамин ҳарфҳои содаи алифбо ташкил шудааст, агар шумо ҳам метавонед аз ҳамин ҳарфҳо, китобе ҳамчун Қуръон таҳия кунед ва ба ҷаҳониён арза намоед.

Ояҳои аввалияи ин сура, аз як суннати фарогири илоҳӣ ном мебарад, ки ҳамаи инсонҳоро дар тӯли таърих дарбар мегирад, суннати озмоиш, ки ниёт ва ботини инсонҳоро ошкор месозад ва муддаиёни ростинро аз муддаиёни дурӯғин боз мешиносад.

Ҳамвора касоне ҳастанд, ки худро муъмини воқеӣ мешумуранд ва тассавур мекунанд бандаи таслими Худо ҳастанд, аммо ҳангоме, ки дар роҳи имони худ, бо бархе шадоид “Сахти, бадбахтӣ”  ва номулоимот муваҷҷаҳ “Рӯ ба рӯ”  мешаванд, ба роҳатӣ аз имони худ даст барнамедоранд, дар ин сурат равшан мешавад, ки ин афрод онгуна, ки тассавур мешуд, нестанд.

Бархе ҳам афроди мунофиқе ҳастанд, ки дар дил имон надоранд, вале чун дар ҷомиаи исломӣ зиндагӣ мекунанд, барои ҳифзи манофеи зудгузарашон, худро аҳли имон муарифӣ карда ва завоҳири исломиро риоят мекунанд, ин даста аз афрод низ, вақте пойи мушкилот пеш меояд, нифоқ ва дурӯйяи онҳо ифшо мешавад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Имон, танҳо ба замон ва шиор ва иддаъо нест, балки ҳамроҳ бо озмоиш аст, инсон бояд дар амал нишон диҳад, ки ҳозир аст барои ҳифзи имонаш, даст ба ҳаргуна фидокорӣ бизанд.

 

2 – Озмоиш, аз суннатҳои собити илоҳӣ дар тули таърих будааст ва ҳаркас ба наҳвае озмоиш мешавад, сарватманд бо сарваташ, фақир бо фақраш, қудратманд бо қудраташ ва заиф бо заъф ва нотавониаш.

 

 

4

 

    أَمْ حَسِبَ الَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ أَن يَسْبِقُونَا سَاء مَا يَحْكُمُونَ

 

Оё онон, ки корҳои бад анҷом медиҳанд, пиндоштанд, ки бар мо пеши мегиранд? Чӣ бад доварӣ мекунанд.

 

5

    مَن كَانَ يَرْجُو لِقَاء اللَّهِ فَإِنَّ أَجَلَ اللَّهِ لَآتٍ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

 

Ҳар кас ба дидори Худованд умед дорад, “Бидонад, ки” замони муаяншудаи “Аз сӯйи” Худо, ҳатман омадани аст ва ӯ шунавои доност.

 

Ба дунболи ояҳои қабл, ки суннати фарогири озмоишро баён кард, ин ояҳо ду гурӯҳ кофир ва муъминро мавриди хитоб қарор дода ва бо таҳдиди кофирон мефармояд: Онҳо гумон накунанд метавонанд аз кайфари илоҳӣ бигрезанд ва бар қудрати илоҳӣ ғалаба пайдо кунанд.

Нофармонии онҳо дар баробари Худо ва озор ва азияташон нисбат ба муъминон, ҳама дар парвандаи онҳо сабт аст ва дар додгоҳи адли илоҳӣ мусоҳиба ва кайфар хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар, аҳли имон низ то тавон доранд дар тоат ва ибодати илоҳӣ бикушанд ва дар асари фишорҳои душманон ё мушкилоте, ки бо он даст ва панҷа нарм мекунанд, аз имон даст накашанд, зеро ваъдаи Худованд дар бораи Қиёмат қатъӣ аст. Дар он рӯз бо канор рафтани пардаҳои модӣ, ҳақоиқ ҷилва карда ва онҳо дар мувқифе қарор мегиранд, ки миёни онҳо ва Парвардигорашон ҳиҷобе нест ва ҷулӯйи ҳақро ошкор мебинанд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Иртикоби гуноҳ ва истимрори он , дар дид ва биниши инсон асари манфӣ мегузорад ва ӯро гирифторҳои нодурӯст дар бораи Худо ва низоми ҳастӣ мекунад.

 

2 – Хилофкорон, ба муҳлати илоҳӣ мағрур нашаванд, ки фурсатҳо тамом шудани аст ва Қиёмат қатъан фаро хоҳад расид, некукорон низ дар сабр ва пойдори сустӣ наварзанд, ки ваъдаи илоҳӣ ҳатмӣ аст.

 

 

6

    وَمَن جَاهَدَ فَإِنَّمَا يُجَاهِدُ لِنَفْسِهِ إِنَّ اللَّهَ لَغَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ

 

Ҳар кас талош ва муҷоҳадат кунад, барои худ мекушад, ҳамоно Худованд аз ҷаҳониён бениёз аст.

 

7

    وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُكَفِّرَنَّ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ  وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَحْسَنَ الَّذِي كَانُوا يَعْمَلُونَ                        

 

 

Ва касоне, ки имон оварда ва корҳои шойиста анҷом додаанд, қатъан лағзишҳои ононро мепушонем ва ононро ба бештарин аъмоле, ки анҷом медоданд, “Ва беҳтар аз ончӣ амал мекарданд” подош медиҳем.

 

Касе, ки имон дорад, мунзавӣ “Гушанишин” ва мунфаил “Пазиро” нест, балки инсони фаол ва пуёст, ӯ бояд барои рушд ва пешрафти Ислом ва мусалмонон талош кунад ва дар сурати лузум бо душманони дин мубориза ва ҷиҳод намояд, табии аст Худованд ниёзе ба аҳли имон ва талош ва кушиши онон барои ҳифзи дин надорад ва ончӣ онҳо анҷом медиҳанд, нафъаш ба худашон мерасад.

Албатта Худованд ваъда дода,ки чунин инсонҳое, машмули лутф ва раҳмати вижаи Ӯ қарор мегиранд, Худованд ҳам хатоҳо ва лағзишҳои ононро мебахшад ва ҳам корҳои некашонро подоши беҳтар ва бартар атто мекунад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Манзур аз ҷиҳод дар ин оят, танҳо ҷиҳод бо шамшер ва бо душманон нест, балки мурод ҳаргуна талош ва кушиш аст, хоҳ ин талош дар роҳи худсозӣ ва ҷиҳод бо нафс бошад ё хунсо кардани тувтиаҳои душманон дар арсаҳои сиёсӣ, сқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳаммаи инҳо аз анвои ҷиҳод аст, ки қатъан нафъи он ба худи мусалмонон мерасад.

 

2 – Агар дар масири илоҳӣ талош кунем, Худованд кӯтоҳиҳо ва иштибоҳоти моро мавриди бахшиш қарор медиҳад ва заҳамоти моро ба беҳтарин ваҷҳ подош медиҳад..