Сентябр 29, 2016 09:00 Asia/Dushanbe

Қисмати 712 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 8-13

8

 

وَوَصَّيْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَيْهِ حُسْنًا وَإِن جَاهَدَاكَ لِتُشْرِكَ بِي مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا إِلَيَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ 

 

Ва ба инсон сафориш кардем, ки ба падар ва модараш некӣ кунад ва агар он ду талош кардаанд то чизеро, ки ба он илм надорӣ, шарики ман қарор диҳӣ, аз онҳо итоат макун, бозгашти шумо ба сӯйи ман аст, пас шуморо ба ончӣ анҷом медодед, огоҳ хоҳам кард.

 

9

وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُدْخِلَنَّهُمْ فِي الصَّالِحِينَ

Ва касоне,ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, бегумон ононро дар зумраи солиҳон дармеоварем.

Дар садри Ислом, иддае аз ҷавонон ба Паёмбари Ислом имон оварда ва даст аз бутпарастӣ бардошта буданд, аммо падарон ва модарони онҳо мехостанд аз ойини Паёмбар (с) даст бардоранд, ҳатто  бархе модарон иътисоби ғазо мекарданд то фарзандони худро таҳти фишорҳои отифӣ  “Меҳрубонӣ”   қарор диҳанд, бо ин ҳол онҳо муваффақ нашуданд фарзандонашонро аз ойини Ислом ҷудо кунанд.

Ин ояҳо хитоб ба он ҷавон ва ҳамаи касоне, ки дар хонаводаҳои куфр ва ширк зиндагӣ мекунанд, мефармояд: Дар ҳолати байни пайвандҳои хонаводагӣ ва пайвандҳои мактабӣ таорӯз “Хилофварзӣ, бо ҳам ихтилоф доштан” эҷод шавад, ҳифзи дин, аз ҷалби ризояти волидайн муҳимтар аст ва набояд ба хотири авотиф ва эҳсосот, даст аз дин ва ойин бардошт, албатта ҳифзи падар ва модар ҳамвора лозим аст ва то онҷо, ки ба онҳо некӣ кунед ва дар баровардани ниёзҳояшон кӯтоҳӣ наварзед.

Идомаи ояҳо хитоб ба ҳамаи афроди хонавода, чӣ волидайн ва чӣ фарзандон мефармояд: Ҳамаи корҳои шумо дар дунё сабт мешавад ва бояд рӯзе посухгуи корҳои худ бошед ва танҳо касоне дар Қиёмат дар канори покон ва солиҳон хоҳад буд, ки аҳли имон ва амали шойиста бошанд.

 

Аз инояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Некӣ ва эҳсон ба волидайн, масалаи инсонӣ ва бидуни қайд ва шарт аст, онҳо чӣ мусалмон бошанд ё кофир, бояд ба онҳо хидмат кард ва эҳтиром гузошт.

 

2 – Даъват ба ширк, дар воқеъ даъват ба коре бе далил ва ҷоҳилона аст, зеро ширк, ҳеҷ мабнои ақлӣ ва илмӣ надорад.

 

3 – Фарзандон дар интихоби роҳи саҳиҳ бояд озод бошанд, падар ва модар наметавонанд онҳоро ба роҳе, ки худ рафтаанд, маҷбур кунанд.

 

 

10

 

    وَمِنَ النَّاسِ مَن يَقُولُ آمَنَّا بِاللَّهِ فَإِذَا أُوذِيَ فِي اللَّهِ جَعَلَ فِتْنَةَ النَّاسِ كَعَذَابِ اللَّهِ وَلَئِن جَاء نَصْرٌ مِّن رَّبِّكَ لَيَقُولُنَّ إِنَّا كُنَّا مَعَكُمْ أَوَلَيْسَ اللَّهُ بِأَعْلَمَ بِمَا فِي صُدُورِ الْعَالَمِينَ            

 

Ва бархе аз мардум касоне, ки мегуянд: Мо ба Худо имон овардаем, аммо ҳангоме, ки дар роҳи Худо мавриди шиканҷа ва озор қарор гиранд, озор ва шиганҷаи мардумро монанди азоби Худо мешуморанд “Ва даст аз имон бармедоранд” ва агар аз сӯйи парвардигорат ёрӣ ва пирӯзӣ “Ба шумо” бирасад, мегуянд: Мо бо шумо будем, оё Худо ба ончӣ дар дилҳои ҷаҳониён аст, огоҳтар нест?

 

 

11

 

              وَلَيَعْلَمَنَّ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَلَيَعْلَمَنَّ الْمُنَافِقِينَ

 

Ва қатъан Худованд ононро, ки имон овардаанд мешиносад ва мунофиқонро “Низ” мешиносад.

 

Дар идомаи ояҳои қабл, ин ояҳо ба гуруҳи дигар аз муъминон ишора дорад, ки танҳо дар ҳолати рифоҳ ва осойиши зиндагӣ, аҳли имон ҳстанд ва ҳар гоҳ нигаҳдории имон барои онҳо, бо сахтӣ ва мушкилӣ ҳамроҳ бошад, аз имон ва ёрии муъминон даст мешуянд ва барканор мераванд, аммо ҳангоме, ки мушкилот бартараф шуд ва муъминон дубора ба қудрат расиданд, худро шарики аҳли имон нишон медиҳанд, онҳо мегуянд: Мо ҳамаҷо дар канори шумо ва бо шумо будем, пас дар ин пирӯзӣ ҳам шарики шумо ҳастем.

Идомаи ояҳо мефармояд: Худованд аз ботини ҳамаи инсонҳо огоҳ аст ва медонад чӣ касоне ҳозиранд барои ҳифзи имон то пойи ҷон биистанд ва чӣ касоне бо андак сахтӣ, аз имони худ даст бармедоранд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Имони бархе аз мардум, забонӣ аст, на қалбӣ, пас ба ҳар иддаъои имонӣ иътимод накунем, зеро имони воқеии афрод дар ҳангоми гирифтории онҳо дар сахтиҳо маълум мешавад.

 

2 – Гоҳе имон овардан ва ё ҳифз ва нигаҳдории имон, ҳазина дорад, ки аҳли имон сахтиҳои роҳро мепазиранд ва таҳаммул мекунанд.

 

3 – Мунофиқон афроди фурсатталаб ҳастанд, ба ҳангоми сахтӣ ва хатар мегурезанд ва дар ҳангоми роҳатӣ ва пирӯзӣ, худро дар канори мардум ва ҳамроҳи онҳо нишон медиҳанд то аз дастовардҳо ва мазоёи он баҳраманд шаванд.

 

 

12

 

    وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا اتَّبِعُوا سَبِيلَنَا وَلْنَحْمِلْ خَطَايَاكُمْ وَمَا هُم بِحَامِلِينَ مِنْ خَطَايَاهُم مِّن شَيْءٍ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ        

 

Ва касоне, ки кофир шудаанд, ба касоне, ки имон овардаанд гуфтанд: Роҳи моро пайравӣ кунед, мо бори гуноҳони шуморо ба уҳда мегирем, ҳоло он, ки онҳо чизе аз гуноҳонашро ба уҳда нахоҳанд гирифт, қатъан онҳо дурӯғгуёнанд.

 

 

13

    وَلَيَحْمِلُنَّ أَثْقَالَهُمْ وَأَثْقَالًا مَّعَ أَثْقَالِهِمْ وَلَيُسْأَلُنَّ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عَمَّا كَانُوا يَفْتَرُونَ                           

 

Ва бешак онон бори “Гуноҳони” худашон ва борҳои дигарро бо борҳои худ бар дӯш хоҳанд кашид ва мусаламан рӯзи Қиёмат аз ончӣ “Ба Худо ва паёмбар” ифтиро “Туҳмат задан” мебастанд, мавриди суол қарор хоҳанд гирифт.

 

Мушрикон талош мекарданд, ки муъминонро аз имони худ мунсариф карда ва ба роҳи ширк боз гардонанд, ин оят мефамояд: Онҳо ба касоне, ки имон овардаанд, мегуфтанд: Ба роҳи мо ва роҳи ниёгон боз гардед ва даст аз паёмбар (с)  бардоред, агар ин кор хато ва гуноҳ набошад, ки чизе бар мо ва шумо нест, ва агар ҳам гуноҳ бошад, мо гуноҳи шуморо багардан мегирем ва бар шумо чизе нест.

Идомаи ояҳо мефармояд: Онҳо дар ин иддаъо дурӯғ мегуянд: Зеро кайфар ва подош ба дасти Худост, на онҳо, онҳо наметавонанд кайфареро аз души гунаҳкор бардоранд ва ӯро маоф сазанд, албатта агар касе ба воситаи ин ҳарфи нодурӯст гумроҳ шавад ва даст аз имон бардорад, дар Қиёмат кайфар хоҳад дид ва он фарди мушрике ҳам, ки мӯҷиби гумроҳии вай шуда, илова бар гуноҳони худ, гуноҳони фарди гумроҳшударо бар душ хоҳад дошт.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Душманон аз муъминон даст барнамедоранд, гоҳ бо озор ва шиканҷа ва гоҳ бо ваъдаҳои дурӯғин, дар пайи бозгардондани муъминон ба роҳи куфр ва ширк ҳастанд.

 

2 – Дар ҷаҳонбинии исломӣ, ҳеҷ кас наметавонад бори гуноҳи дигареро бар душ кашад, ё иддаъо кунад гуноҳи ту ба уҳдаи ман!

 

3 – Аммо касе, ки дигаронро гумроҳ кунад, дар гуноҳи онон шарик аст ва масули гуноҳони касе аст, ки ба василаи ӯ мунҳариф шуданд, албатта ин чизе аз гуноҳи касе, ки мунҳариф шуда кам намекунад.