Қисмати 713 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 14-18
Қисмати 713 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 14-18
14
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَى قَوْمِهِ فَلَبِثَ فِيهِمْ أَلْفَ سَنَةٍ إِلَّا خَمْسِينَ عَامًا فَأَخَذَهُمُ الطُّوفَانُ وَهُمْ ظَالِمُونَ
Ва ба ростӣ мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш ба паёмбарӣ фиристодем, ӯ ҳазор сол, панҷоҳ сол кам дар миёни онон ба сар бурд, “Аммо бештар мардум ба ӯ имон наёварданд” пас селоб ононро фаро гирфт, дар ҳоле, ки ситамгор буданд.
15
فَأَنجَيْنَاهُ وَأَصْحَابَ السَّفِينَةِ وَجَعَلْنَاهَا آيَةً لِّلْعَالَمِينَ
Ва мо ӯ ва сарнишинони киштиро наҷот додем ва онро нишонае барои ҷаҳониён қарор додем.
Ин ояҳо ва ояҳои пас аз он ба саргузашти қавмҳои пешин, ки дар замони паёмбароне чун Нуҳ (а) ва Иброҳим (а) ва Мусо (а) зиндагӣ мекарданд, ишора дорад ва мизони имон ва ҳамроҳи онон, ё нофармонӣ ва кӯтоҳии ононро баён медорад.
Барасоси ин ояҳо, бо он,ки ҳазрати Нуҳ (а) наздик ба ҳазор сол ба даъвати мардум ва иршод ва инзори “Панд додан” онон пардохт, аммо идаи бисёре каме ба ӯ имон оварданд ва аксаряти мардум роҳи куфр ва инод дар пеш гирифтанд, лизо ба хости Худованд, азоби сахте, ки сел ва туфони азим буд, нозил шуд ва ҳамаи мухолифон ва маонидон “Инод” нобуд шуданд ва фақат муъминон наҷот ёфтанд то мояи ибрат барои ақвоми баъдӣ бошад ва бидонанд, ки агар уммате роҳи зулм дар пеш гирад ва дар муқобили ҳақ биистад, ба ҳалокат мерасад.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Имон ва куфр, дар ҳалокат ва наҷоти ақвом дар ҳамин дунё таъсиргузор аст.
2 – Аз назари Қуръон, умри тулонии ҳазор сола имконпазир аст, лизо эътиқод ба зинда будани ҳазрати Маҳдӣ (а) аз ҳазор ва дусад сол пеш токунун, амри имконпазир аст.
3 – Дар таблиғоти дин, сабр ва пойдорӣ лозим аст ва набояд интизори имон овардани аксаряти мардумро дошт.
16
وَإِبْرَاهِيمَ إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاتَّقُوهُ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
Ва “Ёд кун” Иброҳимро онгоҳ, ки ба қавмаш гуфт: Худоро бипарастед ва аз Ӯ парво кунед, ин кор барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.
17
إِنَّمَا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّهِ أَوْثَانًا وَتَخْلُقُونَ إِفْكًا إِنَّ الَّذِينَ تَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّهِ لَا يَمْلِكُونَ لَكُمْ رِزْقًا فَابْتَغُوا عِندَ اللَّهِ الرِّزْقَ وَاعْبُدُوهُ وَاشْكُرُوا لَهُ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Ҳамоно шумо ба ҷойи Худо бутҳоро мепарастед ва дурӯғи бузӯрг мебофед, ба ростӣ касоне, ки ба ҷойи Худо парастиш мекунед, молики рӯзии шумо нестанд, рӯзиро назди Худо ҷустуҷӯ кунед ва Ӯро бипарастед ва дар баробари Ӯ сипос бигзоред, ки ба сӯйи Ӯ боз мегардед.
Пас аз ҳазрати Нуҳ (а) ҳазрати Иброҳим (а) дуввумин паёмбари улулазм аст, ки мардумро аз парастиши бутҳо барҳазар медошт ва онҳоро ба парастиши Худои якто даъват мекард. Он ҳазрат яке аз решаҳои бутпарастиро ниёзи молии мардум дониста ва хитоб ба онҳо мефармуд: Агар ҳам ба хитоби фақр ва ниёз, дар баробари бутҳо ибодат мекунед, бидонед, ки ин аҷсом ҳеҷ нақше дар зиндагӣ ва тавоне дар баровардани ниёзҳои шумо надоранд.
Аммо агар Худоро бипарастед ва аз неъматҳои Ӯ сипос бигзоред, ҳам аз бандагии ин аҷсоми беҷон раҳоӣ меёбед, ва ҳам дар баробари касе саҷда кардаед, ки ризқ ва рӯзии шумо дар дунё ба дасти Ӯст ва пас аз марг низ поёни кори шумо бо Ӯст.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Ибодат ва парастиш, бидуни тақво ва парҳез аз гуноҳон, корсоз нест.
2 – Онон, ки ба ҷойи Худо, дигаронро дар зиндагии модии худ муасир медонанд, гирифтори навъи ширк ҳастанд.
3 – Дин, ҳамон тавре, ки мардумро ба талош барои роҳатӣ ва рафоҳ дар зиндагӣ ва таъмини ниёзҳои модӣ даъват мекунад, аз онҳо мехоҳад шукургӯзори неъматҳои Худованд бошанд ва танҳо Ӯро бипарастанд.
18
وَإِن تُكَذِّبُوا فَقَدْ كَذَّبَ أُمَمٌ مِّن قَبْلِكُمْ وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ
Ва агар маро такзиб кунед, «Тааҷуб надорад, зеро» умматҳои пешин низ паёмбаронашонро такзиб карданд ва бар паёмбар ҷуз таблиғи равшани «Дин» таклифе нест.
Дар идомаи ояҳо, ҳазрати Иброҳим (а) дар ин оят хитоб ба бутпарастон мефармояд: Ман интизор надорам, ки ҳамаи мардум ба дини Худо имон биёваранд, зеро таҷрибаи ақвоми гузашта нишон медиҳад, ки мардумони бисёре паёмбаронро такзиб карданд ва даъвати ононро напазируфтаанд, вазифаи ман ва ҳамаи паёмбарони илоҳӣ, иблоғи даъвати илоҳӣ аст ва дар қиболи пазириш ё адами пазириши мардум масуляте надорам, ман дар қиболи масуляти худам, ки таблиғи динни Худост, бояд посухгӯ бошам, агар ҳамаи мардум ҳам кофир шаванд чизе бар уҳдаи ман нест.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Паёмбарон мардумро ба имон овардан маҷбур намекунанд ва вазифаи худро иблоғ медонистанд. На иҷбор.
2 – Муъминон интизор надоштабошанд ҳамаи мардум мисли онҳо ба Худо имон биёваранд, агар онҳо вазифаи таблиғии худро анҷом диҳанд, дар қиболи кофирон масуляте надоранд.