Қисмати 714 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 19-23
Қисмати 714 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 19-23
19
أَوَلَمْ يَرَوْا كَيْفَ يُبْدِئُ اللَّهُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ إِنَّ ذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ
Оё надидаанд, ки Худованд чигуна офаринишро оғоз мекунад, сипас онро боз мегардонад? Албатта ин “Кор” бар Худо осон аст.
20
قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانظُرُوا كَيْفَ بَدَأَ الْخَلْقَ ثُمَّ اللَّهُ يُنشِئُ النَّشْأَةَ الْآخِرَةَ إِنَّ اللَّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
“Эй Паёмбар!” бигу: Дар Замин бигардед, пас бингаред, ки “Худованд” чигуна офаринишро оғоз кардааст, сипас Худованди ҷаҳон охиратро падид меоварад, ҳамоно Худованд бар ҳар чизе тавоност.
Дар ояҳои қабл гуфтугӯйи ҳазрати Иброҳим (а) бо мушриконро мурӯр кардем, ки он ҳазрат мардумро аз парастиши бутҳо ва дархости рӯзӣ аз онҳо наҳӣ мекард, ин ояҳо ва чанд оят пас аз он, ки дар миёни ин гуфтугӯ омада, дар мақоми исботи маод “Бозгашт” ва ҷаҳони охират аст, яъне ҳамон чизе, ки мушрикон онро намепазируфтан ва амре ношуданӣ мепиндоштанд, чӣ мушрикони замони Иброҳим (а) ва чӣ мушрикони замони Паёмбари Ислом (с).
Ин ояҳо аз мушрикон мехоҳад, ки ба ақл ва фикри худ муроҷиа кунанд, то дарёбанд, ки офариниши дубораи мавҷудот, барои Худое, ки онҳоро як бор офарида, корӣ осон ва шуданӣ аст, ҳамчунин ба мавҷудоти атрофи худ дар ин ҷаҳони боазаммат бингаранд, то дарёбанд офаринандаи ин ҷаҳон, бар ҳар коре тавоност, лизо офариниши дубораи инсонҳо барои Ӯ корӣ сахт ва номумкин нест.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Қуръон, ҳамвора инсонҳоро ба андешидан барои дарки ҳақоиқи ҳастӣ даъват мекунад.
2 – Офариниш, мазҳари илм ва қудрати бепоёни Худованд дар эҷоди ҳаёт ва марги мавҷудҳо аст.
3 – Дар Ислом, ба ҷаҳонгардӣ ҳадафманд ва мутолиа дар табиат барои ёфтани ҳақиқат, сафориш ва таъкид шудааст, бо мутолиаи дақиқ дар офариниш, Худоро беҳтар метавонем бишносем.
4 – Беҳтарин далил барои имкони маод, қудратнамоии Худованд дар падид овардани мавҷудот дар нахустин мартаба аст.
21
يُعَذِّبُ مَن يَشَاء وَيَرْحَمُ مَن يَشَاء وَإِلَيْهِ تُقْلَبُونَ
“Худованд” ҳар, киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар, киро бихоҳад, мебахшояд ва ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед.
22
وَمَا أَنتُم بِمُعْجِزِينَ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي السَّمَاء وَمَا لَكُم مِّن دُونِ اللَّهِ مِن وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ
Ва шумо на дар Замин ва на дар Осмон, ба сутва “Базур, хаста шудан” овардаи “Худованд” нестед, ва барои шумо ҷуз Худованд ҳеҷ ёр ва ёваре нест.
Дар идомаи ояҳои қабл дар бораи қудрати Худованд бар ҳаёти пас аз марги инсонҳо, ин ояҳо мефармояд: Бар хилофи ояҳо, ки давраи талош ва кошт аст, Қиёмат, давраи ҳисоб ва бардошт аст, ончӣ дар мазрааи дунё коштаед, дар охират маҳсули онро бардошт мекунед, довар дар Қиёмат Худое аст, ки ба ҳамаи корҳои шумо дар дунё огоҳ аст ва бар ҳамон асос шуморо кайфар ва подош медиҳад, ё ононро, ки шоиста бидонад, машмули афв ва раҳмати худ месозад.
Ҳеҷкас гумон накунад, ки дар дунё ё охират, метавонад аз қаламрави ҳукумати иллоҳӣ хориҷ шавад ва аз дасти қудрати Ӯ дар Замин ё Осмон фирор кунад, ба ҳарҷо биравед, таҳти ҳокимяти Ӯ ҳастед ва фирор маъное надорад, чунин тасаввур накунед, ки фақат замин таҳти ҳокимяти Ӯст ва агар ба авҷи осмонҳо биравед, метавонед аз қаламрави ҳукумати Ӯ хориҷ шавед.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Меҳру қаҳри иллоҳӣ дар канори якдигар аст то некӯкорон ба раҳмати Ӯ умедвор шаванд ва бадкорон аз қаҳр ва ғазаби Ӯ биҳаросанд.
2 – Ирода ва машияти илоҳӣ дар бораи бандагонаш, бо таваҷҷӯҳ ба ояҳои дигари Қуръон, барасоси адл ва ҳукумат аст ва Ӯ зарае ба касе ситам намекунад.
3 – Хост ва иродаи башар ҳаргиз наметавонад бар хост ва иродаи Худованд ғалаба кунад, гарчӣ башар қудратманд ва дороӣ абзор ва имконҳои пешрафта бошад.
23
وَالَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِ اللَّهِ وَلِقَائِهِ أُوْلَئِكَ يَئِسُوا مِن رَّحْمَتِي وَأُوْلَئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Ва касоне, ки ба ояҳои Худованд ва лиқои “Дидори” Ӯ “Дар Қиёмат” куфр варзиданд, онон аз раҳмати ман ноумеданд, ва ононанд, ки азобӣ дарднок барояшон хоҳад буд.
Дар ояҳои қаблӣ, Қуръон фармуд, ки дар қиёмат, гурӯҳе аз афрод машмули қаҳри илоҳӣ мешаванд ва гурӯҳе машмули меҳр ва раҳмати илоҳӣ, ин оят дар бораи касоне тавзеҳ медиҳад, ки умеде ба омӯрзиши Худовад ва дарёфти раҳмати илоҳӣ надорад ва мефармояд: Ҳар кас ояҳои илоҳиро дар низоми офариниш нодида бигирад, ё ояҳои Қуръони Каримро аз рӯйи куфр ва душманӣ, “Лаҷуҷ” инкор ва такзиб кунад, яқин бидонад, ки дар Қиёмат гирифтори азоби сахт хоҳад шуд ва умеде ба бахшиши ӯ нест, зеро ҳам мабдаи ҳастиро инкор карда, ҳам маод ва Қиёматро.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Раҳмати илоҳӣ бисёр густурдааст ва ҳар кас метавонад ба андозаи зарфияти худ, аз он баҳра бигирад, аммо куфр ва инкор, роҳи истифода аз раҳмати илоҳиро бар инсон мебандад, агар тупи дарбастае дар уқёнуси бикарон “Бепоён, номаҳдуд” шиновар шавад, қатраи об ба дарунаш нуфӯз намекунад, куфр ҳам ба ҳамонгуна монеи расидани раҳмати илоҳӣ ба инсон мешавад.
2 – Танҳо гурӯҳе, ки аз раҳмати густурдаи илоҳӣ маъюс ва маҳруманд, кофирон ҳастанд.