Қисмати 715 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 24-26
Қисмати 715 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 24-26
24
فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَن قَالُوا اقْتُلُوهُ أَوْ حَرِّقُوهُ فَأَنجَاهُ اللَّهُ مِنَ النَّارِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Аммо посухи қавми Ӯҷуз ин набуд, ки гуфтанд: Ӯро бикушед ё бисузонед, вале Худованд ӯро аз оташ наҷот дод, ҳамоно дар ин “Моҷаро” барои мардуме, ки имон меоваранд, нишонаҳое аст.
Дар ин сура, пас аз саргузаши ҳазрати Нуҳ (а), аз ҳазрати Иброҳим (а) ёд шуд ва ояҳои пешин, далоили ҳазрати Иброҳим (а) дар даъвати мушрикон ба сӯйи Худо ва таваҷҷҷӯҳ ба дунёи пас аз маргро баён кард, ин оят, аксуламали мардумро дар баробари ҳазрати Иброҳим (а) баён мекунад ва мефармояд: Онҳо, ки дар баробари гуфтори мантиқӣ ва мустадили он ҳазрат, посухе дурӯст ва мантиқӣ надоштанд, ба рафтори хушунатбор рӯй оварда ва монанди ҳамаи зургӯйён ва ситамгарони олам, хостори бархурди ҷадид бо Иброҳим (а) буданд, баъзе пешниҳоди сӯзондани ӯро доданд ва гурӯҳе ҳам гуфтанд: Ӯро иъдом кунем то аз дасти вай халос шавем.
Чунон, ки дар ояҳои 68 то 70 сураи анбиё ишора шуд, онҳо дар ниҳоят тасмим гирифтанд оташи азиме фароҳам карда ва ҳазрати Иброҳим (а) ба миёни оташ партоб кунанд, лизо ин оят дар идома мефармояд: Онҳо алайҳи ҷони паёмбари Худо тавтиа карданд, аммо Худованд он ҳазратро аз сухтан дар оташ наҷот дод.
Чунон, ки дар ояҳои дигари Қуръон омада, ба фармони Худованд, оташ бар Иброҳим (а) сард ва саломат шуд ва ба ӯ ҳеҷгуна осибе нарасид, ин худ беҳтарин ибрат аст барои аҳли имон, ки қудрати Худовандро бартар аз ҳамаи қудратҳо бубинанд ва мақҳури (Зери султаи) қудратҳои зоҳирӣ ва модӣ нашавад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Мантиқи дӯшманони дин, озор ва шиканҷа ва қатл ва эъдом аст онҳо ба дунболи дарк ва фаҳми ҳақиқат нестанд, балки дар пайи ҳифзи қудрат ва шавкат ва сарвати худ ҳастанд.
2 – Андак будани теъдоди муъминон, далили таслим шудани онҳо дар баробари зургӯйён ва ситамкорон нест, Иброҳим (а) бо он, ки як нафар буд, дар баробари гумроҳон ва кофирон истод ва Худованд низ ӯро ёрӣ кард.
3 – Иродаи Худованд бар ҳамаи абзорҳо ва илал ғолиб аст, Ӯ ҳам сабаби соз аст, ҳам сабаби сӯз ба оташ, қудрат сӯзандагӣ медиҳад ва ҳаргоҳ ирода кунад, сӯзандагиро аз оташ мегирад.
25
وَقَالَ إِنَّمَا اتَّخَذْتُم مِّن دُونِ اللَّهِ أَوْثَانًا مَّوَدَّةَ بَيْنِكُمْ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ثُمَّ يَوْمَ الْقِيَامَةِ يَكْفُرُ بَعْضُكُم بِبَعْضٍ وَيَلْعَنُ بَعْضُكُم بَعْضًا وَمَأْوَاكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّاصِرِينَ
Ва Иброҳим гуфт: Ҳамоно “Шумо мушрикон” ба ҷойи Худо бутҳоеро баргузидаед, ки дар зиндагии дунё, мояи дӯстӣ миёни шумо бошад вале дар рӯзи Қиёмт, баъзе аз шумо баъзе дигарро инкор мекунанд ва бархе аз шумо бархе дигарро лаънат хоҳанд кард, ҷойгоҳи шумо дузах аст ва барои шумо ёвароне нахоҳад буд.
Ҳазрати Иброҳим (а) пас аз наҷот аз оташ, аз даъвати худ даст барнадошт ва боз ҳам ойини бутпарастиро зери суол бурд, аз назари таърихӣ ҳар қавм ва қабилае ба бути худ ифтихор мекард ва онро нишонаи ҳувият ва шахсияти худ медонис, афроди қабила бо парастиши як бут ба ҳамдилӣ ва ваҳдат мерасиданд, илова бар он, аз нигоҳи худашон, ба ақидаҳои ниёгонашон эҳтиром гузошта ва дар баробари он чӣ, ки онҳо мепарастиданд, ибодат мекарданд.
Ҳазрати Ибрҳим (а) ба онон фармуд: Ин пайванд бо ниёгон ва афроди қавм ва қабилае, ки бо меҳварияти бутҳо сурат гирифта ва мӯҷиби тақвияти равобити шумо аст, дар Қиёмат аз ҳам мепошад, дар он вақт ҳар кас гуноҳи худро ба гардани дигарон андохта ва ӯро дар ин бутпарастӣ гунаҳкор мешумурад. Афроди зердаст, раҳбарон ва бузӯргони ҷомиаро нафрин мекунанд ва онҳоро омили гумроҳии худ медонанд, ҳеҷкас ҳозир нест масуляти ин инҳирофҳои бузӯргро ба уҳда бигирад, ниёгоне, ки шумо ба хотири иҳтиром ба ақидаҳои онҳо, ба бутпарастӣ идома медиҳад, дар Қиёмат худатонро масул медонанд, ки чаро фикр накардед ва бидуни он, ки бияндешед, роҳи нодурӯсти моро идома додем.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Меҳвари ваҳдат ва ҳувияти як ҷомиа бояд амри дурӯст ва мантиқӣ бошад, на мисли бутпарастон, ки бутҳо василаи пайванди афроди як қабила бо якдигар ва бо ниёгонашон буд.
2 – Фикр ва мантиқ. Бояд бар авотиф ва эҳсосоти инсон ғалаба кунад, на он, ки пайвандҳои отифии тайин кунандаи навъи тафаккур ва ақидаи инсон бошад.
3 - Дӯстиҳои дунявие, ки бар меҳвари нодурӯст шакл гирифта бошад, дар Қиёмат на танҳо корсоз нест, балки табдил ба душманӣ ва нафрат мешавад.
26
فَآمَنَ لَهُ لُوطٌ وَقَالَ إِنِّي مُهَاجِرٌ إِلَى رَبِّي إِنَّهُ هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
Пас Лут ба ӯ имон овард ва “Иброҳим” гуфт: Ҳамоно ман ба сӯйи Парвардигорам муҳоҷират мекунам, ки Ӯ тавонои шикастнопазир ва ҳаким аст.
Ҳазрати Иброҳим (а) аз миёни шуълаҳои оташи азиме, ки Намрудиён барпо карда буданд, солим ва саломат берун омад, аввал
касе, ки ба ӯ имон овард ва ёр ва ёвари ӯ шуд, Лут (а) буд, ки баъдан ба мақоми паёмбарӣ расид ва шариати Иброҳим (а) ро дар миёни мардум таблиғ кард.
Ҳазрати Иброҳим (а) вақте, ки дид бо мушоҳидаи ин муъҷизаи бузӯрг, касе дигар ба ӯ имон наовард, эълом кард аз ин сарзамин, ки ватани ӯ ва падаронаш аст, ба хотири Худо ҳиҷрат мекунад то мардуми дигар нуқотро ба сӯйи Худо даъват намояд, ин ҳиҷрат ҳам ӯро аз озор ва шиканҷаи мардуми шаҳр наҷот медод ва ҳам заминаро барои идомаи маъмуряти ӯ ва густариши ойини яктопарастӣ дар дигар нуқот муҳайё месохт. Паёмбари Ислом низ бо ҳиҷрат аз Макка ба Мадина, ҳам аз тангноҳои Макка озод шуд, ҳам мардуми Мадинаро ба Ислом даъват кард.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Паёмбарон, ҳамчун подшоҳон нестанд, ки дар садади ҳифзи якдигар ва касби қудрати бештар бошанд, онҳо дар фикри тақвияти якдигар ва густариши дини илоҳӣ ҳастанд, чунон, ки Лут (а) ба ҳазрати Иброҳим (а) имон овард ва аз ӯ ҳимоят ва пуштибонӣ кард.
2 – Мардони Худо, ба хок ва замин ва замон вобаста нестанд ва ҳарвақт лозим бошад, муҳоҷират мекунанд.