Сентябр 29, 2016 09:45 Asia/Dushanbe

Қисмати 716 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 27-30

27

 

    وَوَهَبْنَا لَهُ إِسْحَقَ وَيَعْقُوبَ وَجَعَلْنَا فِي ذُرِّيَّتِهِ النُّبُوَّةَ وَالْكِتَابَ وَآتَيْنَاهُ أَجْرَهُ فِي الدُّنْيَا وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ       

 

Ва Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва дар миёни фарзандонаш набувват ва китоби осмонӣ қарор додем ва подоши вайро дар дунё ба ӯ додем ва қатъан ӯ дар Охират “Низ” аз шоистагон аст.

 

Дар ояҳои қабл саргузашти ҳазрати Иброҳим (а) ба иҷмол “Хулоса, мухтасаран”  баён шуд, ин оят дар поёни он ояҳо мефармояд: Пас аз он, ки Иброҳим (а) аз сарзамини худ ҳиҷрат кард то дигаронро ба роҳи ҳақ даъват кунад, Худованд ба ӯ мувваҳиби бузӯрге атто фармуд, фарзандон ва дудмони “Хонавода” пок ва шоистае, ки роҳи ӯро идома диҳад ва бо лутфи илоҳӣ, ба набувват бирасанд ва чароғи роҳи имон дар миёни қавми худ бошанд, касоне чун Исҳоқ (а) ва фарзандаш Яъқуб (а)  ва фарзанди Яъқуб (а) Юсуф (а) ҳачунин Мусо (а) ва Ҳорун (а) ва Сулаймон (а), ҳамагӣ аз насли Иброҳим (а)  буданд ва рисолати илоҳиро бардӯш кашиданд.

Ин муҳаббат, ҳам дунявӣ аст ҳам ухравӣ ҳам номи некро ба дунбол дорад, ҳам подоши илоҳиро, зеро фарзанди пок мояи ифтихори падар дар замони ҳаёт аст ва мояи ёди неки ӯ пас аз марг.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Фарзанди солиҳ, муҳаббати илоҳӣ аст, ки Худованд ба афроди пок ва шоиста ато мекунад.

Яке аз подошҳои илоҳӣ дар дунё, доштани дудмони солиҳ ва пок аст.

 

3 – Бар хилофи дидгоҳҳои инҳирофӣ, дунё ва охират бо ҳам қобили ҷамъ аст, дар фарҳанги Ислом набояд охиратро фадоӣ дунё намуд ва набояд ба хотири расидан ба охират, дунёро тарк кард.

 

 

28

    وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ إِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ مَا سَبَقَكُم بِهَا مِنْ أَحَدٍ مِّنَ الْعَالَمِينَ                           

 

Ва “Ёд кун” Лутро онгоҳ, ки ба қавмаш гуфт: Шумо кори зишт анҷом медиҳед, ки пеш аз шумо ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон чунин накардааст.

 

 

29

    أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ وَتَقْطَعُونَ السَّبِيلَ وَتَأْتُونَ فِي نَادِيكُمُ الْمُنكَرَ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَن قَالُوا ائْتِنَا بِعَذَابِ اللَّهِ إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ                            

 

Оё шумо бо мардон дармеомезед ва роҳи “Тадовуми насл” – ро қатъ мекунед ва дар маҳфили “Умуми” худ “Дар инзори якдигар” кори зишт анҷом медиҳед? Аммо посухи қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: Агар ту аз ростгуёнӣ, азоби Худоро барои мо биёвар.

 

Пас аз ҳазрати Иброҳим (а), ин ояҳо саргузашти ҳазрати Лут (а) ро, ки  Ӯ низ Паёмбари Худо буд,  ба ихтисор баён мекунад, Лут (а) ҳамасри ҳазрати Иброҳим (а) ва мубаллиғи ойини ӯ  дар миёни қавмаш буд, аммо мардум на танҳо даъвати ӯро напазируфтанд, балки ӯро ба хотири суханонаш, ки онҳоро аз корҳои бад боз медошт, ба табъид ва қатл таҳдид карданд.

Ин ояҳо ба яке аз зишттарин корҳои башар, ки назири он ҳатто дар миёни ҳайвонот ҳам дида намешавад, ишора карда ва мефармояд: Паёмбари Худо, ҳазрати Лут (а) ҳамвора ба мардум тазаккур медод, ки омезиши ҷинсии мардон бо якдигар, кори бисёр зиште аст, ки мӯҷиби камтаваҷҷуҳии мардон ба занон ва нобудии насли башар мешавад, ин кор бархилофи риволи маъмул дар табиат аст, ки байни ду ҷинси нар ва мода, тамоил ва кушиши ҷинсӣ вуҷуд дорад ва ҳайвонҳо низ, ки тобеи ғариза ҳастанд, чунин амалеро муртакиб намешаванд.

Қавми Лут (а) на танҳо ин кори зиштро муртакиб мешаванд, балки ба қадри иффати умумӣ дар миёни онҳо аз байн рафта буд, ки бархилофи касоне, ки ин корҳоро ба сурати махфиёна ва дӯр аз чашми дигарон анҷом медиҳанд, ин корро дар маҳофили умумӣ ва дар инзори якдигар анҷом медоданд, онҳо ин корро навъе айш ва ишрат ва хушӣ медонистанд.

Идомаи ояҳо мефармояд: Онҳо на танҳо аз пандҳо ва ҳушдорҳои ҳазрати Лут (а) панд нагирифтанд ва ба дунболи ислоҳи кори зишти худ набуданд, балки бо ҳолати тамасхараомез ба он ҳазрат гуфтанд: Агар Худоят аз ин кори мо нороҳат мешавад ва қарор аст моро азоб кунад, бигу дар ҳамин дунё азобашро нозил кунад ва моро аз байн бибарад, ба иборати дигар мехостанд ба ҳазрати Лут (а) бигуянд: Ту дар иддаъои Паёмбарӣ дуруғгӯ ҳастӣ ва беҷиҳат музоҳими мо ва корҳои мо машав.

 

Аз ин ояҳо меомғзем, ки:

 

1 – Раҳбарони диннӣ фақат масули даъвати мардум ба сӯйи Худо нестанд, балки онҳо бояд бо мафосид ва ноҳанҷориҳои иҷтимоӣ мубориза кунанд ва дар поксозии ҷомиа аз мафосид бикушанд.

 

 2 -  Агар фасод дар ҷомиа фарогир шуд, наметавон гуфт: Наҳӣ аз мункари дигарон асаре надорад, пас чаро худро ба заҳмат бияндозем. 

 

3 – Паёмбарони илоҳӣ башарро ба ирзоӣ ғаризаи ҷинсӣ аз роҳи саҳиҳ ташвиқ мекунанд ва баакс дар муқобили инҳирофоти ҷинсӣ, бебанд ва борӣ ва ҳамҷинсгароӣ меистанд.

 

4 – Гуноҳ то вақте, ки дар ҷомеа аланӣ ва фарогир набошад, амри фардӣ маҳсуб мешавад, аммо ҳангоме, ки ҳарими афви умумиро бишканад, мункири иҷтимоӣ аст ва бояд бо он муқобила кард.

 

5 – Ҳамҷинсгароие, ки имрӯза дар бархе кишварҳои Ғарбӣ муҷоз шумурда мешавад, дар ҳамаи адёни осмонӣ, кори зишт ва нописанд хонда шудааст ва паёмбарон маъмури мубориза бо он будаанд.

 

30

 قَالَ رَبِّ انصُرْنِي عَلَى الْقَوْمِ الْمُفْسِدِينَ

 

“Лут” гуфт: Парвардигоро маро бар қавми “Фосид ва”  табаҳкор ёрӣ фармо.

 

Ҳангоме, ки қавми гунаҳкор, ҳазрати Лут (а) ро дуруғгӯ хонданд ва набуввати ӯро зери суол бурданд, он ҳазрат ба Худо паноҳ бурд, ки барои исботи садоқати ӯ дар иддаъои набувват, муъҷизае нишон диҳад, муъҷизае, ки нишонаи риссолати ӯ бошад, ҳам омили танбеҳи хатокорон ва пирӯзии ҳақ бар ботил, онон, ки ба гуноҳ кардан ифтихор мекунанд ва покӣ ва покдоманиро корӣ зишт мешумуранд, мардуми фосиде ҳастанд, ки доманаи фасодро густариш дода  ва онро амри оддӣ ҷилва медиҳанд, ин афрод ба гунае аз масири аслӣ мунҳариф шудаанд, ки агар афроди пок ва покдоман ба онҳо тазаккур диҳад, онҳоро мавриди тамасхарра ва истиҳзоъ қарор медиҳанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Дар фарҳанги Исломӣ, ҳамҷинсгароӣ навъе тарвиҷи фасод дар замин шумурда мешавад ва касе, ки батаври аланӣ муртакиби ин гуноҳ шавад, маҳкум ба сахтарини муҷозот аст.

 

2 – Дар баробари густариши фасод дар ҷомеа, ҳам бояд қотиона биистем ва ҳам аз Худованд барои ғалаба бар муфсидон, истимдод биталабем.