Қисмати 717 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 31-35
Қисмати 717 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 31-35
31
وَلَمَّا جَاءتْ رُسُلُنَا إِبْرَاهِيمَ بِالْبُشْرَى قَالُوا إِنَّا مُهْلِكُو أَهْلِ هَذِهِ الْقَرْيَةِ إِنَّ أَهْلَهَا كَانُوا ظَالِمِينَ
Ва ҳангоме, ки фиристодагони мо барои Иброҳим муждаи “Тавалуди фарзанд” оварданд, гуфтанд: Мо аҳли ин шаҳрро нобуд хоҳем кард, зеро аҳли он ситамгаранд.
32
قَالَ إِنَّ فِيهَا لُوطًا قَالُوا نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَن فِيهَا لَنُنَجِّيَنَّهُ وَأَهْلَهُ إِلَّا امْرَأَتَهُ كَانَتْ مِنَ الْغَابِرِينَ
“Иброҳим” гуфт: Лут дар онҷост, “Фариштагон” гуфтанд: Мо беҳтар медонем чӣ касе дар онҷост, қатъан ӯ ва хонадонашро наҷод медиҳем, ҷуз ҳамсарашро, ки аз боқимондагон “Дар азоб” аст.
Дар ояи қабл гуфтем, ки қавми Лут (а), мардумони фосид ва табаҳкор буданд, онҳо ба ҷойи таваҷҷҷӯҳ ба суханони мантиқии он ҳазрат, ӯро ба тамасхарра гирифтанд ва ба дуруғгӯйи мутаҳам карданд, аммо ҳазрати Лут (а) дар баробари фишорҳо ва таҳдидҳои табаҳкорон ақибнишинӣ накард ва даст аз наҳӣ аз мункар барнадошт, ӯ аз Худованд хост то ӯро барон мардуми фасод, ғолиб ва пирӯз гардонад.
Ин ояҳо мефармояд: Худованд фариштагонеро ба сӯйи ҳазрати Иброҳим (а) фиристод то ҳам ӯро аз фарзанддоршудан дар синни прӣ бохабар кунанд ва ҳам ӯро дар ҷарёни нузӯли азоб бар қами Лут (а) қарор диҳанд, зеро ҳазрати Лут (а) паёмбари таблиғии ӯ дар он минтақа буд ва Худованд дуои ӯро барои кайфари гунаҳкорон мустаҷоб карда буд.
Қуръон мефармояд: ҳазрати Иброҳим (а) бо шунидани хабари нузӯли азоби илоҳӣ, нигарони сарнавишти ҳазрати Лут (а) шуд, ки дар он шаҳр зиндагӣ мекард, аммо фариштагон дар посух гуфтанд, ки бар асоси суннати илоҳӣ, мо хушк ва тарро бо ҳам намесузонем ва танҳо гунҳкорон гирифтори кайфар мешаванд, ҳатто ҳамсари Лут (а) ҳам, ки аз саффи муъминон ҷудо шуда ва ба гурӯҳи кофирон пайваста буд, аз ин қонуни илоҳӣ мустасно набуд, ӯ бо он, ки дар хонаи паёмбар зиндагӣ мекард, аммо аз наҷотёфтагон набуд.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Фариштагони илоҳӣ, коргузорони низоми ҳастӣ ҳастанд, ҳам маъмури башорат ва меҳри илоҳӣ, ҳам маъмури кайфар ва қаҳри илоҳӣ.
2 – Инҳироф аз масири саҳиҳ дар ирзои ғаризаи ҷинсӣ, зулм маҳсуб мешавад, зулм ба худ, хонавода ва ҷомиа.
3 – Агар зулм дар ҷомиа фарогир ва густурда шавад, мардуми он ҷомиа ба ҳалокат наздик мешаванд.
4 – Ҳамсар ва фарзандон дар интихоби роҳ озоданд, ҳамсари Лут (а) роҳи кофиронро дар пеш гирифт, аммо фарзандони ӯ роҳи падарро интихоб карданд.
33
وَلَمَّا أَن جَاءتْ رُسُلُنَا لُوطًا سِيءَ بِهِمْ وَضَاقَ بِهِمْ ذَرْعًا وَقَالُوا لَا تَخَفْ وَلَا تَحْزَنْ إِنَّا مُنَجُّوكَ وَأَهْلَكَ إِلَّا امْرَأَتَكَ كَانَتْ مِنَ الْغَابِرِينَ
Ҳангоме, ки фариштагони мо назди Лут омаданд, “Аз ҳузӯрашон” бадҳол шуд ва дасташ аз “Ҳимояти” онҳо кӯтоҳ шуд “Дар корашон фурӯ монд” “Фариштагон” гуфтанд: Натарс ва ғамгин мабош, ҳамоно мо ту ва хонаводаатро наҷот медиҳем, магар ҳамсаратро, ки ӯ дар миёни қавм боқӣ мемонад.
34
إِنَّا مُنزِلُونَ عَلَى أَهْلِ هَذِهِ الْقَرْيَةِ رِجْزًا مِّنَ السَّمَاء بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ
Мо бар мардуми ин шаҳр ба сабаби гуноҳе, ки анҷом медоданд, азобе аз осмон низил хоҳем кард.
35
وَلَقَد تَّرَكْنَا مِنْهَا آيَةً بَيِّنَةً لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
Ва аз он шаҳри “Вайроншуда” нишонаи равшан барои касоне, ки меандешиданд, боқӣ гузоридем.
Аз ояҳои дигари Қуръон ба даст меояд, ки ҳазрати Лут (а) фариштагони илоҳиро нашинохт, зеро онҳо дар шакли ҷавонони зебо ва зоҳир шуда буданд, лизо нигарон буд, ки меҳмононаш мавриди таарӯзи мардуми олуда ва фосид қарор гиранд, аз ин рӯ дучори ғам ва андӯҳ шуда ва кор бар ӯ сахт ва танг омад, ки чигуна ҳурмати меҳмононашро ҳифз намояд.
Аммо фариштагон худро муарифӣ карданд ва ба ӯ итминон доданд, ки нопокон ба онҳо нахоҳанд расид, зеро ин қавми гунаҳкор ба зудӣ гирифтори чунон кайфаре мешаванд, ки асаре аз онҳо боқӣ нахоҳад монд, ҷуз хонаҳои вайроншуда ва фурӯрехта .Бар асоси ин ояҳо исрори баргуноҳ ва истимрор ва густариши он дар ҷомеа, амри хатарнок аст, ки на фақат афроди хос, чӣ басо ҳамаи афрод як ҷомиаро гирифтори қаҳри илоҳӣ кунад, он ҳам қаҳре, ки мояи ибрати дигарон шавад.
Бар тибқи ояҳои дигари Қуръон, ибтидо зилзилае шадиде шаҳри садум, маҳалли сукунати он қавмро зеру рӯ кард, сипас бороне аз санг бар сари онҳо фурӯ борид ва ҳама чиз ва ҳама касро зери санг ва хок мадфун сохт.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Агар ҷомиа фосид шавад, мумкин аст фасод ба ҳамаи аркони он нуфӯз кунад, дар он сурат ҳатто хонаводаҳои пок низ, дар хонаашон амният надоранд ва нигарони фарзандони худ ҳастанд.
2 – Ҳифзи ҳарими меҳмонон ба уҳдаи мизбон аст ва бояд ҳурмати ӯ дар хонаи мизбон нигаҳ дошта шавад.
3 - Муъмин ғайрати диннӣ дорад ва ҳар ҷо хатар, инҳироф ё фасодиро мушоҳида кунад, аз худ вокуниш нишон медиҳад, на он, ки бетафовут аз канори беҳурматиҳо ва беифатиҳо бигзарад.
4 – Пайвандҳои хонаводагӣ ва доштани нисбати хешовандӣ бо афроди нек, ба танҳоӣ омили наҷоти инсон дар дунё ва охират нест, чӣ басо ҳамсари паёмбар, ки ҷойгоҳи ӯ дар дузах бошад “Мисли зани Лут (а)” ва чӣ басо ҳамсари Фиръавн, ки дар биҳиштбарин ҷой гирад.