Сентябр 29, 2016 10:03 Asia/Dushanbe

Қисмати 718 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 36-40

 

36

  وَإِلَى مَدْيَنَ أَخَاهُمْ شُعَيْبًا فَقَالَ يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَارْجُوا الْيَوْمَ الْآخِرَ وَلَا تَعْثَوْا فِي الْأَرْضِ مُفْسِدِينَ                 

 

Ва ба сӯйи “Мардуми” Мадян, бародарашон Шуайбро “Фиристодем” пас гуфт: Эй қавми ман! Худоро бипарастед ва ба рӯзи Қиёмат умедвор бошед ва дар замин “Фитнаангезӣ ва” фасод накунед.

 

 

37

  فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَتْهُمُ الرَّجْفَةُ فَأَصْبَحُوا فِي دَارِهِمْ جَاثِمِينَ

 

Аммо онон ӯро такзиб карданд, пас зилзилае ононро фаро гирифт ва бомдодон дар хонаҳои худ ба рӯ дарафтоданд “Ва мурданд”.

 

Дар ояҳои қабл ба саргузашти қавми Лут (а) ишора шуд, ин ояҳо ба рисолати ҳазрати Шуайб (а) ишора карда ва мефармояд: Он паёмбар низ монанди ҳамаи паёмбарон, мардумро ба парастиши Худо ва бовар ба Қиёмат даъват карда ва мефармояд: Гуноҳ ва нофармонии Худо, мӯҷиби фасод ва табоҳӣ дар замин мешавад ва низоми ҷомиаро дуҷори зулм ва беадолатӣ мекунад.

Аммо мутаасифона ҳамчун бисёре аз ақвоми пешин, қавми Шуайб низ паёмбарии ӯро инкор карданд, онҳо мавъизаҳо ва иршодоти ӯро, ки бародарона  ва дилсӯзона ва барои ислоҳи он қавм буд, нодида ингоштанд.

Қуръон мефармояд: Оқибати он такзиб ва иртикоби гуноҳ, гирифтор шудан ба қаҳр ва кайфари илоҳӣ дар дунё буд ва замин бо зилзилаи худ ҳамагии онҳоро ба коми марг фурӯ бурд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:

 

1 – Тавҳид ва миод, сарлавҳаи даъвати анбиёст.

 

2 – Бархурди паёмбарон бо мардум, бародарона ва дӯстона будааст, на аз рӯйи бузӯргталабӣ ва худбартарбинӣ.

 

3 –Иртикоби гуноҳ ба танҳои мояи нузӯли азоб нест, исрор бар иртикоби гуноҳ аз рӯйи огоҳӣ ва инод бо ҳақ, қаҳри илоҳиро ба дунбол дорад.

 

 

38

    وَعَادًا وَثَمُودَ وَقَد تَّبَيَّنَ لَكُم مِّن مَّسَاكِنِهِمْ وَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ فَصَدَّهُمْ عَنِ السَّبِيلِ وَكَانُوا مُسْتَبْصِرِينَ           

 

Ва Од ва Самудро “Низ ҳалок кардем” ва ба ростӣ “Фарҷоми онҳо” аз хонаҳои “Вайроншудаи” онон барои шумо ошкор аст, шайтон корҳояшонро барояшон биёрост ва ононро аз роҳи “Ҳақ” боз дошт, дар ҳоле, ки басират доштанд.

 

Ин оят ба саранҷоми қавмҳои Од ва Самуд, ки паёмбароне чун Ҳуд ва Солеҳ (а) масуляти ҳидояти ононро бар уҳда доштанд, ишора кардааст, ин ду қавм, ки саргузашташон дар ояҳои дигари Қуръон низ омадааст, паёмбаронашонро такзиб карданд ва огоҳона ба мухолифат бо дастурҳои онҳо пардохтанд.

Қуръон хитоб ба мардуми Макка мефармояд: Мардумони ин ду қавм низ гирифтори қаҳри илоҳӣ шуданд ва вайронаҳои шаҳрҳои онон, ки дар шимол ва ҷануби Макка, дар масири Шом ва Яман қарор дорад, барои шумо ошкор аст ва дар сафарҳои худ онҳоро мебинед, аммо аз онҳо ибрат намегиред.

Идомаи оят, далили гирифтор шудан ба ин кайфарро пирӯзӣ аз шайтон медонад, ки бо зиннатҳои дунявӣ онҳоро фиреб дода, бо он, ки тамоми абзорҳои шинохти ҳақ аз қабили ақл, фитрати дарунӣ ва даъвати паёмбарони берунӣ дар ихтиёри онҳо буд, аз роҳи ҳақ мунҳариф шуда ва ба бероҳа рафтанд.

 

Аз иноят меомӯзем, ки:

 

1 – Осори таърихии ақвоми гузашта, ки метавонад мояи ибрати ояндагон бошад, бояд ҳифз шавад.

 

2 – Кори шайтон, зиннатдодани зиннатҳост, ончиро, ки инсон бар асоси ақл ва фитрати худ, зишт мебинад, шайтон ба гунае зебо ва фиребанда ҷилва медиҳад ба унвони мисол, худ бузӯргбинӣ, бартариҷӯйи ва ифтихор ба сарват ва қудрат, аз умуре ҳастанд, ки шайтон дар назари инсон зебо ҷилва медиҳад.

 

 

39

    وَقَارُونَ وَفِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَلَقَدْ جَاءهُم مُّوسَى بِالْبَيِّنَاتِ فَاسْتَكْبَرُوا فِي الْأَرْضِ وَمَا كَانُوا سَابِقِينَ           

 

Ва Қорун ва Фиръавн ва Ҳомонро “Низ ҳалок кардем” ва ба ростӣ Мусо бо далоили равшан ба суроғи онҳо омад, аммо онҳо дар замин бузӯргталабӣ ва саркашӣ карданд, вале натавонистанд “Бар худ” пеши бигиранд.

 

 

40

 

    فَكُلًّا أَخَذْنَا بِذَنبِهِ فَمِنْهُم مَّنْ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِ حَاصِبًا وَمِنْهُم مَّنْ أَخَذَتْهُ الصَّيْحَةُ وَمِنْهُم مَّنْ خَسَفْنَا بِهِ الْأَرْضَ وَمِنْهُم مَّنْ أَغْرَقْنَا وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَكِن كَانُوا أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ      

 

Ва мо ҳар як “Аз онҳо” – ро ба гуноҳаш гирифтем, пас бар баъзе туфон фиристодем ва бархеро сайҳаи осмонӣ “Ва бонги маргбор” фаро гирифт ва бархеро дар замин фурӯ бурдем ва баъзеро ғарқ кардем ва Худованд бар он набуд, ки ба эшон ситам кунад, балки онон худашон бар худ ситам мекарданд.

 

Ба дунболи баёни саранҷоми бархе қавмҳои гузашта, ин оят ба поёни кори бархе афроди мустакбар ва гарданкаши таърих ҳамчун Қорун, Фиръавн ва Ҳомон ишора мекунад.

Қорун бар асари мол ва сарвати фаровон, ба ғурӯр ва такаббур гирифтор шуда буд, қудрат ва салтанат, Фиръавнро ба авҷи туғён ва саркашӣ кашонда буд, Ҳомон низ вазири Фиръавн ва шарики ӯ дар ҷиноёташ буд.

Ҳазрати Мусо (а), ин се нафарро иршод ва мавъиза кард ва ҳуҷатро бар онҳо тамом намуд, аммо онҳо дарбаробари ҳақ таслим нашуданд ва аз роҳ ва равиши ношосити худ даст барнадоштанд, онҳо дар баробари Мусо (а),  паёмбари бузӯрги илоҳӣ истоданд ва дар мақоми ҳазфи ӯ баромаданд, ин афроди туғёнгар мепиндоштанд метавонанд дар баробари иродаи илоҳӣ биистанд.

Аммо бо иродаи Худованд, замин Қорунро фурӯ бурд ва ӯро дар худ мадфун кард, об низ, бар Фиръавн ва Ҳомон мусаллат шуд ва онҳоро дар рӯди Нил ғарқ кард.

Идомаи ояҳо ба анвои кайфарҳои илоҳӣ дар дунё ишора карда, ки дар ояҳои дигари Қуръон низ ба тафсил омадааст қавми Од (а) гирифтори туфоне аз шин “Қум” ва сангрезае шуданд, ки ба мудати ҳафтшабона рӯз бар онҳо борид ва ононро нобуд кард қавми Самуд бо соиқаи осмонӣ ва зилзилаи замин ба ҳалокат расиданд, афроде низ дар замин фурӯ рафтанд ё дар об ғарқ шуданд ин азобҳо ҳамаи кайфарҳои онон дар дунё буд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Оқибати такаббур ва бартарталабӣ, нобудӣ ва ҳалокат аст, қудрат ва сарват ва сойири имконот, наҷотдиҳандаи инсони бадкор аз ҳалокат нест.

 

2 – Қудрати Худованд бартар аз ҳамаи қудратҳост ва онҳо, ки дар баробари ойини ҳақ ва раҳравони роҳи ҳақ меистанд, гумон накунанд метавонанд дар баробари Худованд биистанд.

 

3 – Азоби Худо як гуна нест ва дасти Худо барои анвои азоб боз аст ба ҳар шакле, ки бихоҳад, метавонад афроди бадкирдорро кайфар диҳад.

 

4 – Сарнавишти ҳаркас дар гарави аъмоли худи ӯст.