Қисмати 719 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 41-45
Қисмати 719 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 41-45
41
مَثَلُ الَّذِينَ اتَّخَذُوا مِن دُونِ اللَّهِ أَوْلِيَاء كَمَثَلِ الْعَنكَبُوتِ اتَّخَذَتْ بَيْتًا وَإِنَّ أَوْهَنَ الْبُيُوتِ لَبَيْتُ الْعَنكَبُوتِ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ
Масали касоне, ки ғайри Худоро сарпарастони “Худ” гирифтаанд, ҳамонади масали анкабут " Тортанак "аст, ки хонае “Барои худ” бино кардааст ва бетардид сусттарин хонаҳо, хонаи анкабут аст, агар медонистед.
42
إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا يَدْعُونَ مِن دُونِهِ مِن شَيْءٍ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
Ҳамоно Худо медонад ончиро ғайри Ӯ мехонанд ва Ӯ шикастнопазир ва Ҳаким аст.
Дар ояи қабл, сарнавишти ақвом ва афроди саркаше, ки дар баробари паёмбарон истодаанд, баён шуд, ин оят, ки номи сура низ аз он баргирифта шуда, бо як ташбеҳи зебо ва гуё, вазъи кофиронро баён карда ва мефармояд: Онҳо ба ҷойи Худо ба суроғи афрод ё ашёи дигар мераванд, дар ҳоле, ки ғайри Худо ҳар чӣ ва ҳар кӣ бошад, ҳатто қудратмандтарин ҳокимон ҳамчун Фиръавн, дар баробари қудрати Худо, бисёр нотавон ва ночиз ҳастанд, дурӯст монанди хонаи анкабут, ки аз торҳои суст ва нопойдор ташкил шуда ва бо вазидани боди мулоим, аз ҳам мепошад, касоне ҳам, ки ба ғайри Худо такя мекунанд, дар воқеъ такяи онҳо ба тори анкабут аст, торҳои ғайри қобили эътимод ва итминон дар шароити сахт ва душвори зиндагӣ. Агар мушрикон медонистанд ончиро, ки ба он такя кардаанд, ҳамчун тори анкабут аст, ба суроғаш намерафтанд ва ба он такя намекарданд, чунон, ки агар медонистанд офаридгори онҳо медонанд, ки онон ба ҷойи Ӯ ба суроғи махлуқоташ рафтаанд, даст аз ин кор кашида ва ба сӯйи Ӯ боз мегаштанд.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Яке аз шеваҳои Қуръон, истифода аз тамсил ва ташбеҳ барои равшан кардани ҳақоиқ аст ва беҳтарин мисолҳо, мисолҳое аст, ки дар ҳамаи маконҳо ва замонҳо ва барои ҳамаи ақшори мардум, қобили дарк ва фаҳм бошад.
2 – Бинои имон, маҳкам ва устувор аст, аммо бинои ширк бисёр суст ва нопойдор аст.
3 – Ба ҷойи такя бар ғайри Худо, ки монанди хонаи анкабут суст ва бепоя аст, ба суроғи Худое биравем, ки шикастнопазир ва ҳаким аст.
43
وَتِلْكَ الْأَمْثَالُ نَضْرِبُهَا لِلنَّاسِ وَمَا يَعْقِلُهَا إِلَّا الْعَالِمُونَ
Ва ин масалҳоро барои мардум мезанем, аммо ҷуз аҳли илм ва маърифат дар онҳо таақул намекунанд.
44
خَلَقَ اللَّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِالْحَقِّ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً لِّلْمُؤْمِنِينَ
Худованд осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид, ҳамоно дар ин офариниш, барои муъминон нишонае аст.
Ин ояҳо ба аҳмияти масалҳои Қуръонӣ ишора карда ва мефармояд: Тасавур нашавад ин тамсилҳо сода ва бефоида аст, инҳо каломи Худост, ки барои равшантар шудани ҳақиқати имон ва куфр баён шудааст, агар ин тамсилҳо дар назди мардум одӣ, содда ва маъмулӣ ба назар ояд, дар назди донишмандон дорои нукоти амиқ ва арзишманд аст. Нуктаҳои дақиқе, ки бо таваҷҷӯҳи олимона ҳосил мешавад ва ақл ба хубӣ онҳоро дарк мекунад.
Идомаи ояҳо бар холиқияти Худованд таъкид карда ва мефармояд: Он Худое, ки ҳамаи чизро медонад ва азиз ва ҳаким аст, ҳастиро беҳуда ва беҳадаф наофарида, балки бар асоси ҳақ офаридааст, аҳли имон ин матлабро дарк мекунанд, аммо мушрикон ва кофирон ҳозир ба дарки ин ҳақиқат нестанд.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Масалҳои Қуръонӣ, амиқ ва дақиқ аст ва танҳо донишмандон ва огоҳон метавонанд ба умқи онҳо пай бибаранд.
2 – Ҷаҳон бар асоси барнома ва ҳадафи мушахасе офарида шудааст, на он, ки маҳсули тасодуфии нохоста бошад.
3 – Мушрикон ва кофирон дар шинохти падидаҳои ҳастӣ мутавақиф мешаванд, аммо аҳли имон аз падидаҳо убур мекунанд, онҳоро нишонаи вуҷуди Худо дониста ва ба шинохти Худо мерасанд.
45
اتْلُ مَا أُوحِيَ إِلَيْكَ مِنَ الْكِتَابِ وَأَقِمِ الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ وَلَذِكْرُ اللَّهِ أَكْبَرُ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا تَصْنَعُونَ
“Эй паёмбар!” ончиро аз китоби “Осмонӣ” ба ту ваҳӣ шуда, тиловат кун ва намозро ба по дор, ки намоз “Инсонро” аз корҳои зишт ва нописанд боз медорад ва албатта ёди Худо бузӯргтар “Ва бартар” аст ва Худованд ончиро анҷом медиҳед, медонад.
Ин оят хитобаш ба Паёмбари акрам (с) аст, аммо ихтисосе ба он ҳазрат надорад ва ҳамаи аҳлли имонро шомил “Дарбар мегирад” мешавад, Худованд барои он,ки таваҷҷӯҳи муъминонро мештар ҷалб кунад, Паёмбараш (с) ро ба таври мустақим мавриди хитоб қарор додааст.
Дар ин оят ба ду кор супориш шудааст, яке тиловати Қуръон ва дигаре иқомаи намоз, табиӣ аст истимрори ин ду кор, таъсири бисёре бар зиндагии афрод дорад ва сустӣ ва кутоҳӣ дар онҳо мӯҷиби заъф ва сустии имон мешавад, зеро Қуръон ва намоз, ду манбаи нерӯбахш барои аҳлли имон ҳастанд. Албатта равшан аст тиловати Қуръони агар ҳамроҳ бо таваҷҷӯҳ ва тадаббур дар мафоҳими ояҳои илоҳӣ бошад, таъсири бештаре дорад ва мӯҷиби тақвияти имон мешавад.
Иқомаи намоз низ, ки рӯзе 17 ракаат намози воҷибро дарбар мегирад, агар ба наҳви дурӯст ва ҳамвора бо таваҷҷӯҳ ва ҳузӯри қалб бошад, заминаи дӯрии инсон аз гуноҳон ва корҳои нописандро фароҳам мекунад, аз фоидаҳои намоз ин аст, ки инсонро аз олудагии рӯҳӣ пок мекунад, албатта хосияти боздорандагии намоз аз гуноҳон, камтарин хосият он аст ва муҳимтарин фоидаи намоз, ёди Худо ва ёди меҳрубониҳо ва неъматҳои Ӯст, ки ин ёд аз ҳар чизе бартар ва боарзиштар аст.
Аз ин оят меомӯзем,ки:
1 – Тиловати Қуръон ва иқомаи намоз, дар раъси барномаҳои тарбиятии Ислом қарор дорад ва авлиёи дин дар ин хусус супориши бисёр кардаанд.
2 – Қуръон, фалсафаи бархе аҳкоми динро баён кардааст, аз ҷумла намоз, ки мӯҷиби дӯрии инсон аз нопокиҳо ва омили таваҷҷӯҳи ӯ ба Худованд аст.
3 – Анҷоми корҳои шоиста монанди тиловати Қуръон ва ба ҷо овардаи намоз, ба таври табии инсонро аз корҳои ношоист дӯр мекунад.
4 – Намоз, нақши фаровоне дар ислоҳи фард ва ҷомеа дорад.