Сентябр 29, 2016 10:19 Asia/Dushanbe

Қисмати 720 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 46-49

46

    وَلَا تُجَادِلُوا أَهْلَ الْكِتَابِ إِلَّا بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ إِلَّا الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْهُمْ وَقُولُوا آمَنَّا بِالَّذِي أُنزِلَ إِلَيْنَا وَأُنزِلَ إِلَيْكُمْ وَإِلَهُنَا وَإِلَهُكُمْ وَاحِدٌ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ                      

 

Ва бо аҳлли китоб бо беҳтарин шева муҷодала ва гуфтугӯ накунед, магар ситамгорон аз онҳо ва “Ба онон” бигуянд: Мо ба ончӣ бар мо ва шумо нозил шуда имон дорем ва худои мо ва худои шумо яке аст ва мо таслими Ӯ ҳастем.

 

Дар ояҳои пешин, ба шеваи баҳс бо мушрикон ва кофирони мункири Худо ишора шуд, аммо ин оят шеваи баҳс бо аҳлли китоб назири масиҳиён ва яҳудиёнро баён мекунад, дар ибтидо ба унвони як асли куллӣ мефармояд: Дар гуфтугӯ бо аҳлли китоб, ба онҳо иҳтиром бигзоред ва дар сухан гуфтан бо онҳо лаҳни муадабона ва дӯстона дошта бошед, мустадил ва мантиқӣ гуфтугӯ кунед ва дар мақоми бартарҷӯйи набошед то сухани шумо дар онҳо нуфӯз кунад ва касоне, ки толиби ҳақ ва дар ҷустуҷӯйи он ҳастанд, ба Ислом ҷазб шаванд.

Албатта табии аст касоне, ки аҳлли гуфтугӯйи муадабона ва риояти эҳтироми мутақобил нестанд, аз ин қоида мустасно ҳастанд ва набояд рафтори муҳтарамонаи шумо дар баробари ин афроди мутакаббир ва мағрур, мӯҷиби зиллат ва кучакии шумо дар баробари онҳо шавад.

Идомаи оят ба лузуми таваҷҷӯҳ ба муштаракоти байни динҳои осмонӣ ишора карда ва мефармояд: Ба ҷойи шуруъ аз нуқтаҳои мавриди ихтилоф, кушиш кунед дар гуфтугӯҳо аз меҳварҳои ваҳдат ва муштарикоти пайравони динҳои илоҳӣ оғоз кунед, ки имон ба Худо ва китобҳои осмонӣ аст.  Аз онҳо бихоҳед ҳамагӣ дар баробари Худо ва дастуроти Ӯ таслим бошанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 –Дар гуфтугӯ бо ғайри мусалмонон, бояд аз аҳонат, истиҳзоъ ва носазогӯйи бипарҳезем, ин гуфтугӯҳо бояд мубтани бар истидлол ва мантиқӣ ва бо ангезаҳои ислоҳӣ бошад, бадеҳи аст бо мусалмонони ҳамкеш “Ҳам дин, ҳам орзӯ”  низ бояд ҳамаи ин усул риоят шавад.

2 – Табодули назар ва гуфтугӯйи саҳиҳ миёни адёни осмонӣ, он ҳам бар меҳвари муштарикот, мавриди супориши Ислом аст.

 

3 – Имон ба Худо ва паёмбарон кофӣ нест, балки бояд таслими дастуроти онҳо буд ва аз онҳо иттоат кард.  

 

47 

 

    وَكَذَلِكَ أَنزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ فَالَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يُؤْمِنُونَ بِهِ وَمِنْ هَؤُلَاء مَن يُؤْمِنُ بِهِ وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا الْكَافِرُونَ       

 

Ва ин гуна, китобро бар ту фрӯ фиристодем, пас касоне, ки ба онҳо китоб додаем, ба он “Қуръон” имон меоваранд ва аз инон “Мушрикон низ” касоне ба он имон меоваранд ва ҷуз кофирон “Касе” ояҳои моро инкор намекунад.

 

Ҳамонгунае, ки Худованд бар Мусо (а) ва Исо (а), Таврот ва Инҷилро нозил кард, бар паёмбари Ислом (с)  низ Қуръонро фурӯ фиристод ва мабдаи китобҳои ҳамаи паёмбарон, каломи Худованд аст, пас миёни онҳо таорӯзе нест ва ҳамонгуна, ки мусалмонон ба китобҳои паёмбарони пешин имон доранд, интизор меравад пайравони дигар динҳо низ ба Қуръон имон дошта бошанд ва ба он иҳтиром бигзоранд, зеро маорифаш аз назари аслҳои куллӣ, бо маорифи китобҳои паёмбарони пешин ҳамоҳанг аст.

Идомаи оят мефармояд: На фақат аҳлли китоб, балки мушрикон ва бутпарастон низ, ҳар кадом толиби ҳақиқат бошанд, ба Қуръон имон оварда ва ба Ислом мегараванд, фақат кофирони лаҷуҷ, ки ҳақро фаҳмидаанд, аммо ба далоили мухталиф ҳозир ба пазириши он нестанд, онро инкор мекунанд, ки албатта дар ин сурат, ба ҳақонияти Қуръон зарури ворид намешавад, дурӯст монанди касе, ки пеши тирезаи утоқи хонааш пардаи зихим бикашад ва иҷоза надиҳад нури хуршед ба утоқаш роҳ ёбад, ӯ бо ин кор аз аззамати хуршед намекоҳад, балки фақат худро аз нури дурахшони он маҳрум мекунад.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Қуръон, дар айни иҳтиром ба китобҳои паёмбарони пешин, пайравони сойири динҳоро ба Ислом даъват мекунад.

2 – Касе таслими Худост, ки бар дин ва ойини хосе таасуб надошта ва бо омадани паёмбари баъдӣ, ба ӯ ва китобаш имон биёварад, на он, ки бар ойини паёмбари қаблӣ таасуб ва исрор биварзад.

 

 

48

    وَمَا كُنتَ تَتْلُو مِن قَبْلِهِ مِن كِتَابٍ وَلَا تَخُطُّهُ بِيَمِينِكَ إِذًا لَّارْتَابَ الْمُبْطِلُونَ                                 

 

Ва ту пеш аз ин, ҳеҷ китобе намехондӣ ва бо дасти худ ҷизе наменавишти, ки дар ин сурат, ботилгароён ба шак меафтоданд.

 

49

    بَلْ هُوَ آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ فِي صُدُورِ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَمَا يَجْحَدُ بِآيَاتِنَا إِلَّا الظَّالِمُونَ                          

 

Балки он “Қуръон” оёте аст равшан, дар синаи касоне, ки ба онҳо муарифӣ дода шуда, ва ҷуз ситамгарон ояҳои моро инкор намекунанд.

 

Илова бар ҳамоҳангии ояҳои Қуръон бо ояҳои китобҳои осмонии пешин, ин оят “Ояи 48” ба якдигар аз нишонаҳои ҳақонияти Қуръон ишора карда ва мефармояд: Паёмбари Ислом  (с) қабл аз нузули Қуръон, на муалим ва на устод дида буд, на ба мактабхонае рафта буд, ва на китобе хонда ва  на матне навишта буд, мабодо онон, ки дар садади ибтоли даъвати ӯ ҳастанд, дучори шак ва тардид шаванд ва бигуянд: Қуръон, баромада аз мутолиаи китобҳои пешин аст ва ӯ, ки иддъои рисолат мекунад, дуруғ мегуяд.

Ҳамин, ки фарде дарс нахонда ва устод надида, чунин маорифи баландеро ироа карда, ки дар миёни аъроби он замон собиқа надошта ва дар бисёре аз маворид низ, маориферо баён карда, ки мағойир бо фарҳанги ройиҷи он замон буда, худ яке аз далоили эъҷози Қуръон аст.

Лизо дар идома мефармояд: Нишонаҳои ҳақонияти ин китоб дар ояҳои он наҳуфта ва аҳлли дониш ва маърифат ба он пай мебаранд ва ҷуз онон, ки ба худ ситам мекунанд, онро мункир намешаванд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Гоҳе ба иродаи Худованд, касе, ки дарс нахондааст, фарҳаги башариятро дигаргун месозад ва чӣ басо афроди таҳсилкардае, ки бо нафӣ маънавияти диннӣ, мӯҷиби инҳирофи ҷомиаҳои башарӣ мешаванд.

 

2 – Бояд боҳушёрӣ, аз ҳаргуна суйи истифода ё баҳонаҷҷӯйии душманон ҷилавгирӣ кард.

 

3 – Онон, ки ба сурати воқеии аҳлли илм ва маърифат ҳастанд, ҳақонияти Қуръонро бо ҳамаи вуҷуд дарк мекунанд.