Феврал 29, 2020 06:39 Asia/Dushanbe

Қисмати 884 сураи муборакаи " Фуссилат ", ояти 13-18

13

 

فَإِنْ أَعْرَضُوا فَقُلْ أَنذَرْتُکُمْ صَاعِقَةً مِّثْلَ صَاعِقَةِ عَادٍ وَثَمُودَ   

 

Пас агар рӯй гардонанд, бигу: шуморо аз соиқае ҳамчун соиқаи Од ва Самуд метарсонам.

 

14

 

إِذْ جَاءَتْهُمُ الرُّسُلُ مِن بَیْنِ أَیْدِیهِمْ وَمِنْ خَلْفِهِمْ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا   اللَّـهَ  قَالُوا لَوْ شَاءَ رَبُّنَا لَأَنزَلَ مَلَائِکَةً فَإِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُم بِهِ کَافِرُونَ

 

Онгоҳ, ки фиристодагони "Мо" аз пеш рӯ ва пушти сарашон "Аз ҳар сӯ" ба суроғашон омаданд "Ва гуфтанд" ҷуз Худовандро напарстед, онҳо "Дар посух" гуфтанд: агар Парвардигори мо мехост, "Паёмбаре бифиристад" фариштагоне нозил мекард, пас мо ба ончӣ шумо ба он мабъус шудаед, кофирем.

 

Дар оятҳои қабл, ба бархе нишонаҳои илм ва қудрати илоҳӣ дар замин ва осмон ишора шуд, ин оятҳо хитоб ба мункирони илоҳӣ мегуяд: иннод ва лаҷоҷат бо ҳақ, поёни ҷуз қаҳри илоҳӣ надорад, чунон, ки бархе ақвоми гузашта, бо он,ки даъвати паёмброни илоҳиро шуниданд ва муъҷизоти ононро мушоҳида карданд, дар мақоми инкор баромаданд.

Онҳо барои тавҷиҳи мухолифаташон, ба паёмбари худ мегуфтанд: агар мехоҳи ба ту имон биёварем, бояд фариштагонеро, ки бар ту нозил мешаванд ва ваҳӣ меоваранд, ба мо нишон диҳи то мо онҳоро бубинем, аммо ҳоло, ки наметавони чунин коре бикуни, ба ту ва даъвати ту имон намеоварем ва дар куфр мемонем, бадеҳи аст ин гуна иғрози лаҷуҷона, боиси нузули қаҳри илоҳӣ мешавад ва табиат, ки мазҳари Худованд аст, асбоби ҳалокати ононро фароҳам месозад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Яке аз вазифаҳои паёмбарон, ҳушдор додан ба мардум дар бораи оқибати корҳои ношоисти онҳост.

 

2 – Ҳамаи кайфарҳо дар охират нест, балки бархе кайфарҳо дар ҳамин дунё нозил мешаванд, муроқиб бошем, ки рафторҳои зишт ва нодурусти мо муҷиби хусрони мо дар дунё ва охират нашавад.

 

3 – Худованд аз тариқи паёмбарон, ҳуҷатро бар мардум тамом мекунад то онҳо узр ва баҳонае барои куфр ва ширк надошта бошанд, суннати Худованд ин аст, ки то бар мардум итмоми ҳуҷҷат накунад, мухолифон ва мункиронро кайфар намедиҳад.

 

4 – Сарлавҳаи барномаҳои паёмбарон, даъвати мардум ба тавҳид ва яктопарастӣ будааст, лизо ҳеч паёмбаре мардумро ба сӯйи худ даъват накардааст.

 

15

 

فَأَمَّا عَادٌ فَاسْتَکْبَرُوا فِی الْأَرْضِ بِغَیْرِ الْحَقِّ وَقَالُوا مَنْ أَشَدُّ مِنَّا قُوَّةً  أَوَلَمْ یَرَوْا أَنَّ اللَّـهَ الَّذِی خَلَقَهُمْ هُوَ أَشَدُّ مِنْهُمْ قُوَّةً  وَکَانُوا بِآیَاتِنَا یَجْحَدُونَ                                                                     

 

Аммо қавми Од ба ноҳақ дар замин саркашӣ карданд ва гуфтанд: чӣ касе аз мо нерӯмантар аст? Ва "Ба хотири ин эҳсоси қудрат" пайваста оятҳои Моро инкор мекарданд.

 

 

16

 

فَأَرْسَلْنَا عَلَیْهِمْ رِیحًا صَرْصَرًا فِی أَیَّامٍ نَّحِسَاتٍ لِّنُذِیقَهُمْ عَذَابَ الْخِزْیِ فِی الْحَیَاةِ الدُّنْیَا  وَلَعَذَابُ الْآخِرَةِ أَخْزَى وَهُمْ لَا یُنصَرُونَ

 

Саранҷом тунбоди сахт ва сард дар рӯҳҳои шум бар онон фиристодем то дар зиндагӣ азоби хориро ба онҳо бичашонем ва қатъан азоби охират хор кунанда аст ва онон ёри нахоҳанд шуд.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, номи ду қавм Од ва Самуд бурда шуд, ин оятҳо, ба куфр варзидани онҳо ва шеваи кайфарашон ишора мекунад, лозим ба зикр аст, ки қавми Од дар ҷануби Арабистон зиндагӣ мекарданд, онҳо афроди ҷангҷӯ буданд ва аз қудрат ва сарвати зиёд баҳра доштанд дар маконҳои муртафеъ бино месохтанд ва дорои қулъаҳои мустаҳкам ва қасрҳои зебо буданд онҳо худро шикастнопазир ва бартар аз ҳама мепиндоштанд инҳо сабаби ғурур ва гарданкашии онон шуд лизо ба паёмбарашон ҳазрати  Ҳуд, ки онҳоро ба Худо даъват мекард аз рӯйи ғурур ва такаббур мегуфтанд: ту кисти, ки ба мо ҳушдор медиҳи, ки нофармонии Худо муҷиби нузули азоб мешавад? Магар касе қудрат дорад моро аз байн бибарад ва ё бар мо ғалаба ёбад? Онҳо чунон масти қудрат ва ҷамъияти худ буданд, ки дар баробари Худо ва паёмбарашон ба туғён ва саркашӣ ва такзиб бархостанд онҳо аз ин нукта ғофил буданд, ки Худое, ки ононро офарида аз онҳо қавитар аст. Ӯ на танҳо Холиқи онҳо балки Холиқи ҳамаи осмонҳо ва замин аст ва усулан қудрати башар бо Ӯ қобили муқоиса нест.

Ба ҳар ҳол бар асари саркашӣ ва туғёнгарии он қавм азоби хоркунандае бар онҳо нозил шуд ба мудати як ҳафта тундбоди сахт ва ҳулангез дар рӯзҳои наҳс бар онҳо вазид ва хонаҳо ва боғҳо ва ҳамаи зиндагии он қавми худхоҳ ва мағрурро дар ҳам кубид, саранҷом ҷуз вайронае аз он қасрҳои пуршукуҳ ва зиндагии марфа ва амволи саршор боқӣ намонд. Ин азоби дунёст албатта азоби охират аз он ҳам хоркунандатар аст ва ҳечкас ба ёрии онҳо нахоҳад шитофт.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Куфр ва инкоре, ки аз рӯйи такаббур ва ғурур бошад, кайфари дунявӣ низ ба ҳамроҳ дорад.

 

2 – Мағрур шудан ба қудрат хатаре аст, ки ҳар фард ва ҷомиаеро таҳдид мекунад ва зиллат ва хории дунёро дар пай дорад.

 

3 – Авомили табии дар ҳангоми нузули неъмат ё омадани азоб дар ҳар ду ҳол маъмурон иҷрои фармони Худо ҳастанд ва ончиро Ӯ бихоҳад анҷом медиҳанд.

 

4 – Мавоқее, ки раҳмати илоҳӣ нозил шавад муборак аст ва замонҳое, ки бало ва қаҳри илоҳӣ нозил шавад наҳс ва шум аст.

 

17

 

وَأَمَّا ثَمُودُ فَهَدَیْنَاهُمْ فَاسْتَحَبُّوا الْعَمَى عَلَى الْهُدَى فَأَخَذَتْهُمْ صَاعِقَةُ الْعَذَابِ الْهُونِ بِمَا کَانُوا یَکْسِبُونَ                                     

 

Ва аммо қавми Самуд, онҳоро ҳидоят кардем, вале онҳо курдилиро бар ҳидоят тарҷиҳ доданд, пас ба кайфари аъмоле, ки муртакиб мешуданд, соиқаи азоби хоркунанда ононро фаро гирифт.

 

18

 

وَنَجَّیْنَا الَّذِینَ آمَنُوا وَکَانُوا یَتَّقُونَ                                        

 

Ва мо касоне, ки имон оварда ва парҳезкори мекарданд, наҷот додем.

Пас аз қавми Од, ин оятҳо ба саранҷоми қавми Самуд ишора кардааст, онҳо дар шимоли Арабистон зиндагӣ мекарданд, дар дили кӯҳҳо биноҳои маҳкам месохтанд ва заминҳои хурам ва сарсабз ва боғҳои пурнеъмат доштанд.

Худованд дар мавриди қавми Самуд мефармояд: ин қавмро низ монанди дигар аққвом ҳидоят кардем ва ҳазрати Солеҳро барои ҳидояти онҳо фиристодем, Солеҳ бо мантиқ ва далоили равшан, ҳамроҳ бо муъҷизаи илоҳӣ ба суроғи онон омад, вале онҳо ба ҷойи пазириши сухани паёмбари илоҳӣ, ба мухолифат бархостанд гуё курдилиро бар шинохти ҳақиқат тарҷиҳ дода ва намехостанд ҳақро бипазиранд.

Аз онҷо, ки мухолифати он қавми мағрур барпояи иннод ва лаҷоҷат буд, на барасоси нодонӣ ва нашинохтани ҳақиқат, ба азоби сахт ва хоркунанда дар ҳамин дунё гирифтор шудаанд, бо соиқаи даҳшатнок, шаҳр ва диёрашон сухт ва нобуд шуд соиқае, ки на фақат раъд ва барқи он омили тарс ва ваҳшат шуд, балки заминларзаи сахтро ба дунбол дошт ва ҳамаи чизро зер ва рӯ ва вайрон кард.

Албатта касоне, имон оварданд ва дурусткори пеша карданд, дар кайфари кофирон шарик нашуданд, Худованд онҳоро наҷот дод ва аз азоби сахт ва ваҳшатнок раҳои ёфтанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Куфр, нишонаи курдилӣ аст, исрор бар куфр ва каҷравӣ, авоқиби зиёнборе барои инсон дорад.

 

2 – Лутф ё қаҳри илоҳӣ, қонунманд аст ва дар ҳақиқат, натиҷаи амалкарди худи инсон аст, покӣ ва имон, рамзи наҷот ва куфр ва гуноҳ, омили ҳалокат аст.