Октябр 01, 2016 07:27 Asia/Dushanbe

Қисмати 721 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 50-55

 

50

    وَقَالُوا لَوْلَا أُنزِلَ عَلَيْهِ آيَاتٌ مِّن رَّبِّهِ قُلْ إِنَّمَا الْآيَاتُ عِندَ اللَّهِ وَإِنَّمَا أَنَا نَذِيرٌ مُّبِينٌ                          

 

Ва гуфтанд: Чаро бар ӯ аз сӯйи Парвардигораш “Муъҷизаҳо ва” нишонаҳое нозил нашудааст? Бигу: Нишонаҳо “Ва муъҷизаҳо” танҳо назди Худост ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам.

 

 

51

    أَوَلَمْ يَكْفِهِمْ أَنَّا أَنزَلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ يُتْلَى عَلَيْهِمْ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَرَحْمَةً وَذِكْرَى لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ                

 

Оё ин барои онон кофӣ нест, ки мо китоби “Осмонӣ”- ро бар ту нозил кардем, ки “Пайваста” бар онон хонда мешавад? Ҳамоно дар ин китоб, барои мардумоне, ки имон меоваранд, раҳмат ва тазакуре аст.

 

Дар ояҳои қабл, нишонаҳое аз ҳақонияти Қуръон ва рисолати паёмбари акрам баён шуд, ин ояҳо мефармояд: Бо вуҷуди ин нишонаҳо, боз ҳам кофирон аз рӯйи баҳонаҷӯйи мегуянд, чаро Муҳаммад (с) муъҷизаҳое монанди муъҷизаҳои Мусо (а) ва Исо (а) намеоварад?! Чаро ончиро мо аз ӯ мехоҳем анҷом намедиҳад?! Чаро аз биёбонҳои хушк, чашмаҳои об ҷорӣ намекунад?! Чао аз сӯйи Худояш номаи мактуб барои мо намеоварад?!

Ҳақиқат ин аст, ки онҳо ба дунболи имон овардан набуданд, чунон, ки бисёре аз қавмҳои пешин низ бо дидани муъҷизаҳои Мусо (а) ва Исо (а) ва дигар паёмбарон ба онҳо имон наёваранд ва пай дар пай баҳонагирӣ карданд.

Худованд, Қуръонро ба унвони муъҷизаи ҷовиди Паёмбар (с) нозил кард ва мункирон ҳарчи талош карданд, натавонистанд ҳатто сурае монанди яке аз сураҳои он биёваранд, илова бар он, муъҷиза ба дасти паёмбарон нест, балки амре аст, ки ҳаргоҳ Худованд ирода кунад, муҳақиқ мешавад ва табъан ба хости кофирон ҳам нест.

Вазифаи аслии паёмбарон, иршод ва ҳидояти мардум аз роҳи ҳушдор ва башорат аст, ки бо ақл ва мантиқ ва фитрати одамӣ созгор аст, на он, ки ҳамчун соҳирон ва найрангбозон, корҳои аҷиб ва шигефтангез анҷом диҳанд то мардум гирди онҳо ҷамъ шаванд, мухолифон тақозои муъҷизаҳои модии зудгузарро доштанд, дар ҳале, ки Қуръон, муъҷизаи маънавӣ ва мондагор Паёмбари Ислом (с) аст, китобе бо ин муҳтавои баланд, тавссути фарде оварда шуд, ки дарс нахонда ва мактаб надида буд, вале ба лутфи илоҳӣ, худ муалими башарият дар тули таърих шуд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Муъҷизаи охирини Паёмбар (с), аз ҷинси сухан ва каломи мактуб аст, ки ҷовидон ва ҷаҳонӣ аст.

 

2 – Қуръон, китоби ҷомиъ ва комиласт ва ҳамаи ниёзҳои маънавии инсонро ба навъе посух дода ва барои ҳамаи наслҳо дар ҳамаи асрҳо қобили дарк ва фаҳм аст.

 

3 – Қуръон, омили дурии инсон аз ғафлат ва дарёфи лутф ва раҳмати бепоёни илоҳӣ аст.

52

    قُلْ كَفَى بِاللَّهِ بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ شَهِيدًا يَعْلَمُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالَّذِينَ آمَنُوا بِالْبَاطِلِ وَكَفَرُوا بِاللَّهِ أُوْلَئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ

 

“Эй  Паёмбар ба кофирон” бигу: кофӣ аст, ки миёни ман ва шумо, Худо шоҳид бошад “Ӯ” ончиро дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва касоне,  ба ки ботил гаравиданд ва ба Худо куфр варзиданд, онон зиёнкоронанд.

 

 

53

    وَيَسْتَعْجِلُونَكَ بِالْعَذَابِ وَلَوْلَا أَجَلٌ مُّسَمًّى لَجَاءهُمُ الْعَذَابُ وَلَيَأْتِيَنَّهُم بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ                

 

Онон аз ту шитоб дар “Нузули” азоби “Илоҳӣ” – ро мехоҳанд ва агар муҳлати муаяне “Барои онон” набуд, қатъан ба суроғашон меомад. “Ва албатта”  азоб ногаҳонӣ ба суроғашон хоҳад омад, дар ҳоле, ки намедонанд “Ва аз он ғофиланд”

 

Ин ояҳо аз яксӯ ба Паёмбари Ислом (с)  тасалои хотир медиҳад, ки агар кофирон, рисолати туро инкор мекунанд, дар роҳи худ, суст ва беангеза машав, зеро Худованд гувоҳ бар талоши ту аст ва туро мавриди ҳимоят ва пуштибонӣ қарор медиҳад, аз сӯйи дигар, Паёмбар (с)  ба кофирон эълом мекунад, ки агар ман воқеан паёмбар набошам ва чунин идаоеро ба дуруғ ба Худо нисбат дода бошам Худованде, ки ба ҳамаи чиз огоҳ аст, бар кори ман низ гувоҳ аст ва маро расво хоҳад кард.

Идомаи ояҳо мефармояд: Аммо кофирони лаҷбоз мегуянд: Агар рост мегӯйи азоби Худоро бар мо нозил кун, дар ҳоле, ки намедонанд Худованд ба инсонҳо дар дунё муҳлат медиҳад то дар интихоби роҳи зиндагӣ аз озодӣ ва ихтиёр бархурдор бошанд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Гом ниҳодани кофирон дар роҳи куфр ва ботил ва имон наёвардани онҳо ба Худо, мӯҷиби дилсардии аҳли имон нашавад, зеро Худованд ҳозир ва нозир аст ва оқибат, ин кофирон ҳастанд, ки дучори хусрон ва зиён мешаванд.

 

2 – Худованд, садоқати паёмбаро тайид мекнад ва бар он гувоҳӣ медиҳад.

 

3 – Қаҳри илоҳӣ, ҳакимона ва ҳисобшудааст, на аҷулона, тобеи иродаи илоҳӣ аст, на хости афроди ноогоҳ ва лаҷуҷ.

 

 

54

         يَسْتَعْجِلُونَكَ بِالْعَذَابِ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ

 

Онон аз ту шитоб дар “Нузули” азоби “Илоҳӣ” – ро мехоҳанд ва ҳолон, ки дузах бар кофирон иҳота дорад.

 

 

55

    يَوْمَ يَغْشَاهُمُ الْعَذَابُ مِن فَوْقِهِمْ وَمِن تَحْتِ أَرْجُلِهِمْ وَيَقُولُ ذُوقُوا مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ                    

 

Рӯзе, ки азоб аз болои сарашон ва аз зери пойяшон ононро фаро гирад ва “Худованд ба онон” мегуяд: Бичашед “Натиҷаи” ончиро анҷом медодед.

Дар идомаи ояҳои қабл, ки дархости тамасхураомези кофирон мабни бар шитоб дар нузули азобро баён фармуд, ин ояҳо мефармояд: Чаро беҷиҳат шитоб мекунед? Ҳамин ҳозир низ дар ҷаҳаннам зиндагӣ мекунед, вале мутаваҷиҳ нестед, ҷаҳннами зулм ва беадолатӣ, ҷҳаннами ҷанг ва хунрезӣ, ҷаҳаннами ноамнӣ ва нооромӣ, ҷаҳаннами изтироб ва афсурдагӣ ва ғайра.

Онҳо гумон кардаанд, ки азоб фақат туфон ва сел ва зилзила аст, корҳое, ки шумо мекунед, натиҷае ҷуз ҳамин мушкилот ва мусибатҳоро барои фард ва ҷомеаи шумо надорад ва азоби шумо дар дунё, натоиҷи аъмоли ношоисти шумост, албатта дар охират низ ба дузахе ворид мешавед, ки шуълаҳояш аз ҳар тараф шуморо дарбар мегирад ва роҳи фироре барои шумо боқӣ намегузорад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Таъхири Худованд дар ҳалокати кофирон дар дунё, фурсате аст барои таваҷҷӯҳ ва бозгашти онҳо, аммо онон аз ин фурсат истифода намекунанд.

 

2 – Ҳар амал ботине дорад, ки дар охират зоҳир мешавад, дузах низ таҷассуми аъмоли инсон дар дунёст.