Октябр 01, 2016 08:01 Asia/Dushanbe

Қисмати 722 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 56-61

56

    يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ أَرْضِي وَاسِعَةٌ فَإِيَّايَ فَاعْبُدُونِ

 

Эй бандагони ман, ки имон овардаед! Замини ман васеъ аст, пас танҳо маро бипарастед.

 

 

57

            كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ثُمَّ إِلَيْنَا تُرْجَعُونَ

 

Ҳар касе чашандаи марг аст, сипас ба сӯйи мо бозгардонда мешавед.

 

Яке аз дастурамалҳои ҷолиби Ислом, ҳиҷрат барои ҳифзи имон аст, дар садри Ислом, мусалмонон таҳти фишори шадиди мушрикон буданд ва наметавонистанд вазифаҳои диннии худро озодона анҷом даҳанд лизо паёмбари Ислом ва муъминони воқеӣ аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд ва дар он шаҳр мустақар шуданд.

Ин ояҳо ба унвони як қоидаи куллӣ мефармояд: Вобастагӣ ва дилбастагӣ ба шаҳр ва ватан, набояд шуморо аз рушд ва боландагӣ дар имон ва парастиши Худо боз дорад, гумон накунед, ки ҳамеша дар ин ҷаҳон зиндаед, бинобар ин набояд ҳадафатон аз зиндагӣ, танҳо ҷамъи мол ва сарват ва ҳифз ва таҳкими мавқеияти худ бошад. Агар ба ин таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки охират, сароӣ ҷовидон аст, ҳаргиз беш аз андоза ба шаҳр ва ватани худ дил намебандед ва асири он намешавед.

 

Аз инояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Дар интихоби маҳалли сукунат, ба ҳифз ва муроқибат аз дин ва имони худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошем.

 

2 – Ҳиҷрат барои ҳифзи дин, яке аз вазоифи аҳли имон аст.

 

3 – Касоне, ки ба хотири дилбастагӣ ва алоқа ба шаҳр ва минтақае, гирифтори инҳироф шаванд, дар Қиёмат узрашон пазирӯфта нест.

 

4 – Марг фарогир аст ва ҳеч роҳи гурезе аз он нест пас лозим аст дар муҳосиботи зиндагии худ, барои даврони пас аз марг низ, барномарезӣ кунем.

 

 

58

    وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُبَوِّئَنَّهُم مِّنَ الْجَنَّةِ غُرَفًا تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا نِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ     

 

Ононро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, қатъан ононро дар ғурфаҳое аз Биҳишт ҷой медиҳем, ки аз зери онҳо ҷӯйборон равон аст, дар онҷо ҷовидонанд, чӣ некуст подоши амалкунандагон.

 

 

59       

  الَّذِينَ صَبَرُوا وَعَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ

 

Ҳамонҳо, ки шикебоӣ варзиданд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд.

 

Дар ин ояҳо, Худованд ба касоне, ки дар роҳи ҳифзи имон, сахтиҳоро таҳаммул намуда ва дар сурати лузум аз шаҳри худ муҳоҳоҷират мекунанд, ваъда медиҳад, ки  дар охират дар беҳтарин хонаҳои биҳиштӣ сокин мешаванд ва аз неъматҳои бешумори он баҳра мебаранд, ин ояҳо ба се вижаи муҳими аҳлли имон, ки онҳоро ба биҳишти раҳмати илоҳӣ мерасонад, ишора мекунад: амал, сабр ва таваккул.

Лозим ба зикр аст, ки имон бидуни амали солиҳ арзише надоранд, амал низ бидуни сабр ва шикебоӣ ба натиҷа намерасад, сабр ҳам бидуни таваккул ба Худованд, давом ва истимрор надорад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Шарти дастёби ба Биҳишт ва неъматҳои биҳиштӣ, имон ва амали солиҳ аст.

2 – Ончиро муъминон дар дунё ба хотири ҳифзи имони худ аз даст медиҳанд, Худованд дар Қиёмат ҷуброн карда ва беҳтар аз онро ба онҳо иноят мекунад.

 

3 – Сабр ва истиқомат, рамзи пирӯзӣ бар мушкилот ва расидан ба мавқеият дар мароҳили мухталифи зиндагӣ аст, бадеҳӣ аст аҳлли имон, ки ҳамвора дар маърази озор ва тувҳини душманон ҳастанд, бояд беш аз дигарон пойдорӣ кунанд.

 

60

    وَكَأَيِّن مِن دَابَّةٍ لَا تَحْمِلُ رِزْقَهَا اللَّهُ يَرْزُقُهَا وَإِيَّاكُمْ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ                         

   Ва чӣ басо ҷунбандае, ки наметавонад рӯзии худро таъмин кунад, Худост, ки ба ӯ ва шумо рӯзӣ медиҳад ва Ӯ шунаво ва доност.

 

Дар идомаи ояҳо қабл дар бораи лузуми ҳиҷрат барои ҳифзи имон, ин оят мефармояд: Аз ин, ки ба хотири ҳиҷрат аз сарзамини куфр, касб ва кори худро аз даст дода ва дар таъмини маоши зиндагӣ дучори мушкил шавед, натарсед, агар ҳиҷрат лозим шуд, ҳиҷрат кунед ва бидонед, ки Худованд рӯзирасон аст, ҳамон Худое, ки ба анвои ҷунбандагон дар замин ва осмон рӯзӣ медиҳад, шуморо фаромӯш намекунад, ҳатто ҳайвонете, ки наметавонанд ғазои худро ба лона биёваранд ва захира кунанд ва маҷбуранд ҳар рӯз ба дунболи ғазо аз лона берӯн бираванд, даст холи барнамегарданд ва рӯзии онҳоро Худованд таъмин мекунад, инсон, ки аз он ҳайвонот камтар нест ва метавонад бо талош ва кушиш, рӯзии худро ба даст биёварад.

Агар ба хотири ҳиҷрат ва дӯрӣ аз ватан, касб ва кори инсон аз даст биравад, пас аз ҳиҷрат имкон ҷуброни мофот ҳаст, аммо агар инсон зиндаги худро дар роҳи ширк ва куфр сипари кунад ё таслими зулм ва ситам ва тоғут шавад. ин қобили ҷуброн нест, зеро ширк ва куфр ва зулм, инсонро аз мадори инсоният хориҷ мекунад.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

1 – Муҳоҷирон дар роҳи Худо, нбояд нигарони ризқ ва рӯзӣ ва имрори маоши худ бошанд ва набояд ба хотири нигаронӣ аз даст додани рӯзӣ, ҳиҷрат дар роҳи Худоро тарк кунанд.

 

2 – Инсони муъмин ҳамвора ба Худо таваккул дорад ва ба хотири тарс аз қатъи рӯзӣ, дар анҷоми вазоифаш кӯтоҳӣ намекунад.

 

3 – Худованд, ки холиқи ҳастӣ аст, таъмини рӯзии ҳамаи ҷунбандагон ва низ инсонро тазмин кардааст.

 

    

61

    وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ لَيَقُولُنَّ اللَّهُ فَأَنَّى يُؤْفَكُونَ         

 

Ва агар аз онон “Ки ба Худо шарик меварзанд” бипурси: чӣ касе осмонҳо ва заминро офарида ва хуршед ва

моҳро ром ва мусаххар кардааст? Ҳатман хоҳанд гуфт: Худо, пас чигуна “Аз ҳақ” мунҳариф мешаванд?

Мушриконе, ки дар Макка зиндагӣ мекарданд ва бутҳоро мепарастиданд, Худовандро ба унвони офаринанда қабул доштанд, аммо тадбири умури худро тавассути хуршед ва моҳ ва ситорагон, ё анвои бутҳои заминӣ медонистанд, онҳо Худовандро ба унвони холиқ мепазируфтанд, вале барои ӯ рабубият қоил набуданд, ба гунае, ки гуё сарнавишти онҳо ва ҳатто ризқ ва рӯзии онҳо ба дасти Худо нест ва Худованд дар он нақше надорад.

Аҷиб аст, ки имрӯза низ бисёре аз мардум, Худоро холиқи худ медонанд, аммо барои Ӯ ҳақи рабубият  ва қонунгузорӣ қоил нестанд ва ба дастуроти Ӯ амал намекунанд, ин гурӯҳ муътақиданд башар дар зиндагии худ аз Худованд бениёз аст ва ҳақ дорад ҳаргуна бихоҳад тасмим бигирад ва амал кунад.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

1 – Дар мубоҳисаи эътиқодӣ, аз нуқоти иштирок бо дигарон оғоз кунем, сипас онро идома диҳем, нуқтаи муштараки мусалмонон бо мушрикони Макка, эътиқоди онҳо ба холиқияти Худованд буд.

 

2 – Инҳироф аз ҳақ, яке аз хатарот ва осебҳое аст, ки ҳамаро таҳдид мекунад, пазириши холиқияти Худованд бидуни пазириши рабубияти Ӯ дар зиндагӣ, навъи инҳироф аз ҳақ аст.