Қисмати 723 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 62-66
Қисмати 723 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 62-66
62
اللَّهُ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَن يَشَاء مِنْ عِبَادِهِ وَيَقْدِرُ لَهُ إِنَّ اللَّهَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
Худованд барои ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, рӯзриро вусъат медиҳад ва ё бар ӯ танг мегирад, ҳамоно Худованд ба ҳар чизе доност.
Дар ояҳои қабл ишора кардем, ки мусалмонон дар шаҳри Макка дар маърази озор ва азияти мушрикон буданд, чанд соле низ аз сӯйи онон мавриди таҳрими тиҷорӣ ва иқтисодӣ қарор гирифтанд, бо ин ҳол, дар чунин шароите бархе аз онҳо ҳозир набуданд, ки аз хона ва кошонаи худ ҳиҷрат кунанд.
Ин оят мефармояд: Ба хотири касодии касб вакор ва бурузи мушкилоти маишӣ, даст аз имон барнадоред, балки бар имони худ пойдор ва устувор бошед ва бидонед, ки рӯзӣ ба дасти Худост, агар ҳам лозим шуд, ки ҳиҷрат кунед, аз шаҳр ва диёри худ даст кашед ва ба Мадина муҳоҷират кунед.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1-Талош ва кӯшиш барои касби маош, вазифаи мост, аммо мизони даромад ва рӯзӣ дар ихтиёри мо нест ва ба ҳикмати илоҳӣ вобастааст.
2 – Тафовути инсонҳо дар бархурдорӣ аз ризқ ва рӯзӣ ва неъматҳои дунявӣ, ҳамонанди тафовути худи инсонҳо дар баҳрамандӣ аз ҳуш ва истиъдод, амри ҳакимона аз ҷониби Худованд аст, албатта ин тафовутҳо, лозимаи ҷомиаи башарӣ аст.
63
وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّن نَّزَّلَ مِنَ السَّمَاء مَاء فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ مِن بَعْدِ مَوْتِهَا لَيَقُولُنَّ اللَّهُ قُلِ الْحَمْدُ لِلَّهِ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ
Ва агар аз онон бипурси, чӣ касе аз осмон, обе фиристод, ки ба василаи он, заминро пас аз маргаш зинда кард? Бетардид хоҳанд гуфт: Худо! Бигу: ситоиш махсуси Худост, аммо бештари онон намеандешанд.
64
وَمَا هَذِهِ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا لَهْوٌ وَلَعِبٌ وَإِنَّ الدَّارَ الْآخِرَةَ لَهِيَ الْحَيَوَانُ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ
Ва ин зиндагии дунё ҷуз саргармӣ ва бозича нест ва бетардид сарои охират, ҳамон зиндагии ҳақиқӣ аст, агар медонистанд.
Аз онҷо, ки сарчашмаи ҳаёт ва ризқи инсон дар гарави нузули борон аст ва агар дар минтақае чанд соле борон наборад, хушксолӣ мӯҷиби нобудии гиёҳон ва ҳайвонот ва қаҳтӣ ва гурӯснагии инсонҳо мешавад, ин оят мефармояд: Ҳатто мушрикон низ эътиқод доштанд, ки нузули борон ба дасти Худост, аммо боз ҳам ба суроғи бутҳо мерафтанд ва онҳоро дар зиндагии худ таъсиргузор медонистанд, ҳол чигуна аст, ки аҳли имон дар мавриди таъмини ризқи худ нигарон ҳастанд ва аз тарси рӯзӣ ҳозир ба ҳиҷрат дар роҳи Худо нестанд?
Магар онҳо намедонанд, ки ҳаёт ва ризқи воқеӣ дар сарои охират аст ва ин дунёи пурзарқ ва барқ, ҳамааш бозӣ ва саргармӣ аст кӯчактарҳо бо асбоби бозиҳои мутанавеъ, худро саргарм мекунанд ва бузӯргтарҳо бо чизҳои бузӯргтар мисли мошин ва хона ва корхона ва амсоли он, дар бозиҳои кӯдакона яке шоҳ мешавад ва яке вазир яке дуктур ва яке бемор яке модар ва яке фарзанд ва пас аз он, ки бозӣ тамом шуд, маълум мешавад ҳамаи ин ановини сохтагӣ ва тахайюлӣ будааст, дар даврони бузӯргсолӣ низ мумкин аст ҳар кас унвонеро барои худ даст ва по кунад ва ҷойгоҳе барои худ дар ҷомиа қоил шавад, аммо вақте, ки умр ба поён мерасад, фард мутаваҷҷеҳ мешавад ҳаммаи инҳо сохтагӣ ва нопойдор буда ва ӯ зиндагиашро бо бозӣ дар чунин нақшаҳое бохтааст. Куҷоянд подшоҳони пурмуддаои таърих?! Куҷоянд сардорон ва фармондиҳони ҷангҳои бузӯрги таърих?! Гуё даврони бозии онҳо ба поён расида ва ҳамакнун гурӯҳи дигаре ба бозӣ машғуланд.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1-Худошиносӣ амри фитрӣ аст ва агар ғубори гуноҳ ва инҳироф, аз сафҳаи дили гумроҳон канор зада шавад, ба ҳақиқат эътироф хоҳанд кард.
2 – Бисёре аз мардум худро ба ғафлат мезананд ва ҳозир нестанд дар бораи оғоз ва анҷоми худ ва ҷаҳон бияндешанд.
3 – Ғафлат аз охират ва надонистани ҳақиқати он, мӯҷиби дилбастан ба дунё ва саргарм шудан ба умури модӣ ва дунявӣ мешавад.
4 – Зиндагии воқеӣ дар ҷаҳони охират аст, ки дар он ҳар кас дар ҷойгоҳи воқеии худ қарор мегирад, дар онҷо дард ва ранҷ ва ситаме нест ва ҳақи ҳеҷкас поймол намешавад.
65
فَإِذَا رَكِبُوا فِي الْفُلْكِ دَعَوُا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ فَلَمَّا نَجَّاهُمْ إِلَى الْبَرِّ إِذَا هُمْ يُشْرِكُونَ
Пас ҳангоме, ки бар кишти савор шаванд ва кишти дучори туфон шавад, Худоро холисона мехонанд ва ғайри Ӯро фаромуш мекунанд, пас чун Худованд онҳоро ба хушкӣ расонд ва наҷот дод, боз ба “Ойини” ширк рӯй меоваранд.
66
لِيَكْفُرُوا بِمَا آتَيْنَاهُمْ وَلِيَتَمَتَّعُوا فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ
То ончиро ба онон додаем, носипосӣ кунанд ва “Аз лаззатҳои зудгузари зиндагӣ” баҳра гиранд, аммо ба зӯдӣ хоҳанд фаҳмид.
Дар идомаи ояҳои қабл, ки барои бедор кардани фитрати инсонҳо, ба нишонаҳои қудрати илоҳӣ дар осмон ва замин ишора карда, ин ояҳо ба инсонҳо ёдовар мешавад, ки дар замони эҳсоси хатар, ҳангоме, ки аз ҳамачиз ва ҳама кас ноумед мешавед, ба чӣ касе рӯй меоваред ва аз чӣ касе истимдод металабед?
Ҳангоме, ки кишти дар ҳоли ғарқ шудан аст, чӣ касеро мехонед? Ҳангоме, ки ҳавопаймо дар маърази суқут аст, аз чӣ касе ёрӣ металабед? Ӯ ҳамон Худованди бузӯрг аст, ки қодир аст шуморо наҷот диҳад ва аз марги ҳатмӣ бираҳонад.
Инсон дар зиндагии худ, ба таври маъмул ба асбоб ва васоили модӣ ё дӯстон ва хешовандонаш такя мекунад ва дар мушкилот даст ба домони онҳо мешавад, ба ҳамин хотир Худоро фаромуш мекунад, аммо дар мувоҷиҳа бо хатар, ҳангоме, ки касе наметавонад ба фарёди инсон бирасад, фақат Худоро мехонад ва дигаронро фаромуш мекунад.
Аммо аҷиб аст ҳамин исоне, ки Худованд ӯро аз хатароти ҳатмӣ наҷот дода, дубора Худоро фармуш мекунад ва ба дунболи зиндаги модӣ ва баҳрагирӣ аз неъматҳои дунявӣ меравад, бидуни он, ки ҳатто Худоро ба хотири ин неъматҳо сипос гуяд ва ёди неъматҳои Ӯ бошад.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Ғубори ғафлат, фитрати инсонро мепушонад, вале ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои хатарнок, пура ғафлатро канор зада ва фитрати Худоҷӯйии башарро бедор мекунад.
2 – Дуои холисона мустаҷоб мешавад, кофир ҳам агар дуояш холисона бошад, дар маърази истиҷобат аст.
3 – Ширк ба Худо, навъе носипосӣ ва куфрони неъматҳои Ӯст ва тавҳид, наъе шукри атоёи илоҳӣ.