Октябр 01, 2016 08:28 Asia/Dushanbe

Қисмати 724 сураи муборакаи " Анкабут ", ояи 67-69

67

    أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّا جَعَلْنَا حَرَمًا آمِنًا وَيُتَخَطَّفُ النَّاسُ مِنْ حَوْلِهِمْ أَفَبِالْبَاطِلِ يُؤْمِنُونَ وَبِنِعْمَةِ اللَّهِ يَكْفُرُونَ     

 

Оё надидаанд, ки мо “Маккаро” ҳаррами амне қарор додем, дар ҳоле, ки мардум аз атрофашон рабуда мешаванд? Пас оё ба ботил имон меоваранд ва ба неъмати Худо куфр меварзанд?

 

Дар давроне, ки ғорат ва чаповулгарӣ “Ғорат”, дар миёни аъроб ройиҷ буд ва афроди қабоил ба дигар қабилаҳо метохтанд, идаеро кушта ва бархеро асир мекарданд, Худованд шаҳри Маккаро шаҳри амн қарор дод то сокинони он  муҳтрам шумурда шаванд ва касе ҷуръати ҳамла ба Маккаро надошта  бошад, чунон, ки дар моҷарои ҳамлаи сипоҳиёни муҷаҳази абраҳае, ки филсавор буданд, ба иъҷози “Нотавон сохтан, оҷиз сохтани” илоҳӣ, муҳоҷимон пеш аз вуруд ба Макка бо ҳуҷуми парандагоне аз осмон ба ҳалокат расиданд.

Ин оят хитоб ба мушрикони Макка мефармояд: Бо он, ки Худованд чунин неъмати бузӯргеро насиби шумо карда ва дар амният ва осоиши зиндагӣ мекунед, чаро бутҳоро мепарастед ва ба ҷойи имон ба Худои якто ба суроғи бутҳо меравед?! Оё кори шумо чизе ҷуз куфрони неъмати илоҳӣ аст?

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

1 – Амният яке аз неъматҳои бузӯрги илоҳӣ аст ва шукри он, дурӣ ҷустан аз ҳаргуна ширк ва куфр аст.

 

2 – Ёдоварии неъматҳои илоҳӣ, заминаи даъвати мардум ба яктопарастиро фароҳам мекунад.

 

 

68

    وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَى عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِالْحَقِّ لَمَّا جَاءهُ أَلَيْسَ فِي جَهَنَّمَ مَثْوًى لِّلْكَافِرِينَ              

 

Ва кист ситамкортар аз касе, ки бар Худо дурӯғ бандад, ё ҳангоме, ки ҳақ ба суроғи ӯ омад, онро такзиб кунад? Оё ҷойгоҳи кофирон дар дузах нест?

 

Дар фарҳанги башарӣ, зулм дар равобити иҷтимоӣ тафсир мешавад ва бар асоси он, золим касе аст, ки ҳақи дигаронро зойеъ кунад, аммо дар фарҳанги диннӣ, гарчӣ ин навъи зулм ба шиддат мавриди накӯҳиш қарор гирифта, аммо ба навъи муҳимтаре аз зулм низ ишора шуда, ки маншаи бисёре аз зулумҳои дигар аст, агар инсон бут ё чизҳои дигарро шарики Худо қарор диҳад, ба Худо зулм кардааст, зеро чизеро, ки дар радифи Худо нест, ҳам радифи Ӯ шумурдааст.

Ҳамчунин касе, ки паёмбарони илоҳиро дуруғгӯ бишморад ва рисолати онҳоро такзиб кунад, ба он бузӯргворон ситам кардааст, зеро заҳамоти хастагӣ нопазири онҳоро дар роҳи ҳидояти башар нодида гирфта ва ин неъмати бузӯргро куфрон кардааст.

Табии аст вақте, ки зулм ба афроди одӣ, кайфарӣ сахт дар Қиёмат дорад, зулм ба Худо ва паёмбарон, сахтарин кайфарҳоро дар пай хоҳад дошт.

Албатта мумкин аст ширк ба ишколи мухталиф ҷилва кунад:Дар қолаби бутпарастӣ ё дар қолабҳои дигар назири мақомпарастӣ, ҳавопарастӣ, пулпарастӣ ва ғайра лизо муъминон низ дар маърази хатари ин навъ ширк ҳастанд ва бояд дил ва ҷони хешро аз дилбастагӣ ба авомиле, ки инсонро аз Худо дур мекунад пок кунанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Бадтарин зулмҳо, зулми фарҳангӣ аст, ки барпойяи он, сухани ҳақ инкор ва саркуб шавад ва ҳарфи ботил ривоҷ ёбад, инсони золиме, ки ҳақро такзиб мекунад, табъан таслими он намешавад.

 

2 – Изофа кардани чизе ба дин ва нисбат додани салиқаҳои худ ба он, навъи бидъат дар дин ва ифтироъ ба Худованд маҳсуб мешавад, бояд тобеъи таолими дин бошем, на он, ки дар пайи он бошем динро тобеи афкор ва омол ва салиқаҳои худ қарор диҳем.

 

 

69

    وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا وَإِنَّ اللَّهَ لَمَعَ الْمُحْسِنِين

 

Ва касоне, ки дар роҳи мо “Талош ва” муҷоҳида кунанд, қатъан онҳоро ба роҳҳои худ ҳидоят мекунем ва ҳамоно Худованд бо некӯкорон аст.

Ин оят, ки ояи поёни сураи Анкабут аст, ба мавзӯи ҷиҳод ва муҷоҳида дар роҳи Худо ишора дорад, ки ҳам шомили ҷиҳод бо душманон мешавад, ҳам талош дар роҳи густариши дини Худо.

Дар фарҳанги Исломӣ, ҷиҳод шомили ҷиҳод бо душмани берунӣ ва ҷиҳод бо душмани дарунӣ мешавад, инсони муъмин бояд бо душманони дини Худо мубориза кунанд ва дар ин роҳ омодагӣ ҷонфишонӣ дошта бошад, ҳамчунин бояд бо нафси худ ва тамоилоти номашруи нафсонӣ мубориза кунад то гирифтори ҳавои нафс нашавад.

Ончӣ ин оят бар он таъкид меварзад, ҷиҳод дар роҳи Худо ва барои Худост, чӣ басо афроде бо душманони дин меҷанганд, аммо ҳадафашон касби ном ва шуҳрат ё баҳрамандӣ аз бархе имтиёзоти дунявӣ ва ғаноими ҷангӣ аст, лизо муҳимтарин аз ҷиҳод ва талош, ихлос  дар корҳост, ки агар ихлос набошад, ҷон додан дар ҷанг низ арзише надорад ва мояи зиён ва хасорат аст.

Агар ҷиҳод ва талош дар роҳи Худо бошад, Худованд бар асоси ин оят, ҳам ваъдаи ҳидоят додааст, ҳам ваъдаи ҳимоят табии аст дар роҳи расидан ба мақсуд, ҳамвора мавонеъ ва мушкилоти зиёде зоҳир мешавад, ки гоҳ шинохти роҳи муқобила бо онҳо ва гузар аз онҳо сахт аст, лизо Худованд ваъда медиҳад, ки ман дар ин мавозеи сахт, шуморо дар шинохти роҳи дуруст, ёрӣ ва дар ғалаба бар мушкилот ҳимоят мекунам.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Худованд илова бар ҳидояти умуме, ки ҳама аз он баҳраманд мешаванд, инсонҳои талошгари мухлисро ба шакли вижае ҳидоят мекунад, албатта гоми аввалро бояд худи инсон бардорад.

 

2 – Дар анҷоми корҳо, агар бо ният ва ангезаи холис шуруъ карда бошем, Худованд моро дар роҳи расидан ба мувафақият, роҳнамоӣ мекунад ва танҳо намегузорад.

 

3 – Агар касе дар роҳи Худо гом бардорад ва ҳамаи талош ва кӯшиши хешро дар ин масир қарор диҳад, Худованд то расидан ба мақсад, дасти ӯро гирифта ва ӯро ёрӣ мекунад.