Октябр 03, 2016 07:27 Asia/Dushanbe

Қисмати 725 сураи муборакаи " Рум ", ояи 1-8

بسم الله الرحمن الرحيم

 

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон        

 

1

الم

АЛИФ, ЛОМ, МИМ.

 

2

غُلِبَتِ الرُّومُ

Румиён мағлуби “Эрониён” шуданд.

 

3

فِی أَدْنَى الْأَرْضِ وَهُم مِّن بَعْدِ غَلَبِهِمْ سَیَغْلِبُونَ

Дар наздиктарин сарзамин “Ба аъроб” вале онон пас аз он шикасташон, базӯдӣ пирӯз хоҳанд шуд.

 

 

4

فِی بِضْعِ سِنِینَ لِلَّـهِ الْأَمْرُ مِن قَبْلُ وَمِن بَعْدُ وَیَوْمَئِذٍ یَفْرَحُ الْمُؤْمِنُونَ

Дар чанд соли “Оянда”  пеш аз ин ва баъд аз он, зимоми умур ба дасти Худост ва дар он рӯз муъминон хушҳол хоҳанд шуд.

 

5

بِنَصْرِ اللَّـهِ یَنصُرُ مَن یَشَاءُ وَهُوَ الْعَزِیزُ الرَّحِیمُ

 

Ба ёрии Худованд, Ӯ ҳаркиро бихоҳад ёрӣ мекунад ва Ӯ азиз ва бахшандааст.

Бар асоси манобеӣ таърихӣ, миёни Императури Рум ва Импиратори Эрон ҷанг ва кашмакашии тулонӣ вуҷуд дошт. Замоне, ки паёмбар дар Макка буд, чанге байни Рум ва Эрон дар низдики сарзамини Ҳиҷоз даргирифт, ки мунҷар ба шиксти румиён шуд, Худованд ба Паёмбараш  (с) хабар дод агар чӣ румиён шикаст хурданд, аммо дар ҷанги баъдӣ румиён пирӯз хоҳанд шуд, чун ин пешгӯйии ғайбӣ муҳақиқ шуд, муъминон итминон ёфтанд, ки ваъдаи пирӯзии онон бар мушрикон низ муҳақиқ хоҳад шуд, зеро ҳамаи чиз ба дасти Худост ва ҳар, киро бихоҳад ёрӣ мекунад ва ба иззат мерасонад ва ӯро машмули раҳмати хеш месозад.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Ахбор ғайбии  Қуръон ва пешгӯйиҳои он, яке аз далоили иъҷози ин китоби бузӯрг аст

 

2 – Набояд аз шикастҳо ноумед шавем.бояд ҳамвора чашми умед ба ёрии Худованд дошта бошем.

3 Кори Худованд бар асоси ҳикмат аст. Шикаст ва пирӯзии аҳли имон низ дар мадори ҳикмати илоҳӣ аст. Муъминон бояд ба вазифаҳои худ амал кунанд, аммо натиҷаи кор дар дасти онҳо нест ва оқибати кор танҳо ба дасти Худост.

 

 

6

وَعْدَ اللَّـهِ لَا یُخْلِفُ اللَّـهُ وَعْدَهُ وَلَکِنَّ أَکْثَرَ النَّاسِ لَا یَعْلَمُونَ

 

Ин ваъдаи Худост ва Худованд ҳаргиз аз ваъдааш тахаллуф намекунад, вале бештари мардум намедонанд.

 

7

یَعْلَمُونَ ظَاهِرًا مِّنَ الْحَیَاةِ الدُّنْیَا وَهُمْ عَنِ الْآخِرَةِ هُمْ غَافِلُونَ

 

Онон фақат зоҳире аз зинагии дунёро “Ки ба чашм меояд” мешиносанд ва аз “Зиндагонии” охират ғофил ва бехабаранд.

 

Оёти қабл ваъдаи пирӯзии муъминон бар мушрикон баён мекард, ин ояҳо мефармояд: Эй мардум! Дар ваъдаи Худо шак ва тардид накунед, ки ин ваъдаи қатъии Худованд аст ва тахалуф аз он имконпазир нест.

Албатта касоне, ки ба Худо имон надоранд, ё имони онҳо суст ва заиф аст, ба ваъдаҳои Худо итминон надоранд, зеро онҳо аз илм ва қудрат ва ҳикмати илоҳӣ огоҳӣ  надоранд ва фақат асбоби модии зоҳириро мебинанд ва шикаст ва пирӯзиро бо авомили модӣ тафсир ва таҳлил мекунанд, онҳо чун аз охират ғофиланд, ҳамаи чизро бо айнаки маҳдуди дунявӣ мебинанд ва худро аз пайбурдан ба ҳақоиқи олам маҳрум мекунанд.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Сарчашмаи тахаллуф аз ваъдаҳо, маъмулан ҷаҳл, аҷз ё пушаймонӣ аст, дар ҳоле, ки Худованд аз ҳамаи ин маворид пок ва мубрри аст.

 

2 – Дилбастагӣ ба дунё ва авомили модӣ, инсонро кӯтаҳбин ва сатҳнигар месозад.

 

3 – Решаи ғафлат аз охират, таваҷҷӯҳ ба зоҳирҳои дунё ва дилбастан ба он аст.

 

8

أَوَلَمْ یَتَفَکَّرُوا فِی أَنفُسِهِم مَّا خَلَقَ اللَّـهُ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَیْنَهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَأَجَلٍ مُّسَمًّى وَإِنَّ کَثِیرًا مِّنَ النَّاسِ بِلِقَاءِ رَبِّهِمْ لَکَافِرُونَ

 

Оё дар худ наяндешиданд, ки Худованд, осмонҳо ва замин ва ончиро миёни он ду аст, ҷуз ба ҳақ ва барои замони муаян наёфаридааст? Ва бешак бисёре аз мардум мункири лиқои Парвардигори хешанд.

 

Ин оят ҳамонанди бисёре аз ояҳои дигари Қуръон, инсонҳоро ба андеша ва тафаккур дар низоми ҳастӣ фаро хондааст ва аз онҳо мехоҳад ба ақл ва виҷдони худ муроҷиа кунанд, воқеан чӣ касе осмон ва заминро офаридааст? Оё ин офариниш бидуни ҳадаф ва мақсад будааст? Оё ҷаҳон оғоз ва анҷоми мушахасе надорад? Оё метавон бовар кард, ки инсон аз ақл ва шуур бархурдор буда  ва корҳояш бо ҳисоб ва барнома бошад, аммо ҳастии бо ин азаммат, ки инсонҳо яке аз маҳсулоти кӯчаки он ҳастанд, бар асоси тадбир ва шуур идора нашавад?  Оё метавон пазируф, ки зиндагии мо инсонҳо дар ин ҷаҳон, хотима пазирад ва ҷаҳони дигаре дар кор набошад?

Албатта бисёре аз афрод, ки ба дунё дил бастаанд, охират ва ҳузӯр дар додгоҳи адли илоҳиро инкор мекунанд то ба гумони худ, роҳат ва бидуни дағдаға ба лаззатҳои ин ҷаҳонӣ бирсанд, аммо аҳли фикр ва андеша, низоми ҳастиро дорои ҳадафи мантиқӣ ва дуруст медонанд ва муътақиданд офариниш дорои низоми мушахас ва мутақанӣ “Муҳкам, устувор” аст, ки баёнгари ҳикмати офаридгори ҷаҳон аст.

 

Аз ин оят меомғзем, ки:

 

1 – Ислом, инсонҳоро ба тафаккур дар низоми ҳастӣ даъваӣ кардааст, то имони онҳо барасоси маърифат ва шинохти дурӯст бошад.

 

2 – Офариниш ҳам ҳадафдор аст  ва ҳам замонбандии муаяне дорад.

 

3 – Инкори Қиёмат, барасоси фикр ва истидлоли мантиқӣ нест, балки решаи он дилбастагӣ ба дунё ва пойдор дидани он аст.