Қисмати 726 сураи муборакаи " Рум ", ояи 9-13
Қисмати 726 сураи муборакаи " Рум ", ояи 9-13
9
أَوَلَمْ یَسِیرُوا فِی الْأَرْضِ فَیَنظُرُوا کَیْفَ کَانَ عَاقِبَةُ الَّذِینَ مِن قَبْلِهِمْ کَانُوا أَشَدَّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَأَثَارُوا الْأَرْضَ وَعَمَرُوهَا أَکْثَرَ مِمَّا عَمَرُوهَا وَجَاءَتْهُمْ رُسُلُهُم بِالْبَیِّنَاتِ فَمَا کَانَ اللَّـهُ لِیَظْلِمَهُمْ وَلَـکِن کَانُوا أَنفُسَهُمْ یَظْلِمُونَ
Оё дар замин гардиш накардаед, то бубинед саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чигуна буд? Онҳо қавитар ва нерӯмандтар аз инон буданд ва заминро зер ва рӯ карданд ва беш аз ончӣ инон обод карданд, онро обод сохтанд ва паёмбаронашон бо далоили равшан ба суроғашон омаданд, “ВАле ба сабаби такзиби паёмбарон ҳалок шуданд” пас Худованд бар он набуд, ки онон ситам кунад, балки онҳо худ ба худ ситам мекарданд.
10
ثُمَّ کَانَ عَاقِبَةَ الَّذِینَ أَسَاءُوا السُّوأَى أَن کَذَّبُوا بِآیَاتِ اللَّـهِ وَکَانُوا بِهَا یَسْتَهْزِئُونَ
Сипас саранҷоми онон, ки корҳои зишт муртакиб шуданд, ин шуд, ки ояҳои Худоро такзиб кардаанд ва онҳоро ба масхара мегирифтанд.
Дар ояҳои қабл, гуфтем, ки Худованд касоне, ки дар офариниши осмон ва замин андеша намекунанд, мавриди интиқод қарор дода ва аз онон мехоҳад, ки дар низоми ҳастӣ бияндешанд то ба ҳадафманд будани он пай бибаранд ин низом бар пояи ҳақ офарида шудааст.
Ин ояҳо мефармояд: Чаро аз таърихи гузаштагон панд намегиред? Чаро ҳангоми сафар ба нуқоти мухталиф, ба харобаҳои боқимонда аз ақвоми пешин наменигаред ва аз он дарси ибрат намегиред?
Ақвоме, ки киштзорҳо ва боғҳои обод ва пурмаҳсул доштанд ва соҳибонашон аз сарвати бисёр бархурдор буданд, аммо ба далили инкори ҳақ ва иртикоби корҳои зишт ба ҳалокат расиданд ва аз онҳо танҳо харобаҳое ба ҷо монд.
Ин ҳалокат натиҷаи зулме буд, ки онҳо ба худашон карданд, зеро дар фарҳанги Исломӣ, ҳам зулум ба дигарон ва ҳам зулм ба худ, ҳарду ҷоиз нест, бархилофи мактаби умонисм, ки мекуяд: Инсон муҷоз аст ҳар кореро анҷом диҳад, магар онки мӯҷиби озори дигарон шавад, дар фарҳанги Исломӣ инсон ҳақ надорад ҳатто ба худаш осеб бирасонад, чӣ расад ба дигар ҳамнавъонаш.
Албатта болотарин осеб ба худ, погзоштан бар ақл ва виҷдон ва инкори ҳақоиқе аст, ки инсон бо ақл ва виҷдони хеш дармиёбад.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Сайр ва сафар ба маконҳои бостонӣ барои мутолиа дар таърихи ақвоми гузашта ва ибрат гирфтан аз сарнавишти онҳо мавриди таъкиди Қуръони Карим аст.
2 – Таҳавулоти таърихӣ дорои қоидаҳо ва усули муаяне аст ва метавон аз гузашта барои оянда дарс омӯхт ва баҳрагирифт.
3 – Саодат ва хушбахтии милатҳо танҳо дар сояи қудрат ва ободонӣ ва тавсиаи зоҳирӣ фароҳам намешавад, балки зербинои саодати воқеӣ, имон ба Худо ва пирӯзӣ аз паёмбарони илоҳӣ аст.
4 – Исрор баргуноҳ ва такрор ва тадовуми он, инсонро бадоқибат мекунад ва ба такзиб ва тамасхараи ҳақ мекашонад.
11
اللَّـهُ یَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ یُعِیدُهُ ثُمَّ إِلَیْهِ تُرْجَعُونَ
Худованд офаринишро оғоз мекунад, сипас онро боз мегардонад, онгоҳ ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавем.
12
وَیَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ یُبْلِسُ الْمُجْرِمُونَ
Ва рӯзе, ки Қиёмат барпо шавад, муҷримон маъюс мешаванд.
13
وَلَمْ یَکُن لَّهُم مِّن شُرَکَائِهِمْ شُفَعَاءُ وَکَانُوا بِشُرَکَائِهِمْ کَافِرِینَ
Ва барои онон аз шариконашон “Маъбудонашон” шафионе нахоҳад буд ва онон ба шарикони худ кофир мешаванд.
Барасоси ояҳои Қуръон, марг поёни зиндагии инсон дар ин ҷаҳон ва қабр даричае ба дунёи дигар аст, чунон, ки зоимони модар, поёни зиндагии инсон дар шиками модар ва даричае барои вуруд ӯ ба ин ҷаҳон аст.
Ин ояҳо мефармояд: Офариниш ва марги шумо дар ин дунё, ба ихтиёри шумо набуда ва нест, шумо ба хости Худованд ба инҷо омадед ва ба хости Ӯ аз ин ҷаҳон рахт бармебандед. Ҳаёти дубораи шумо дар Қиёмат низ, амре иродаӣ нест, шумо хоста ё нахоста дар инҷо ҳозир хоҳед шуд, пас коре кунед, ки дар онҷо дастатон холӣ набошад ва аз корҳои гузаштаи худ пушаймон нашавед, ба афрод, ашё ва мутаалиқоти ин дунё, зиёд дил набандед, ки дар онҷо ҳеҷ чиз ва ҳеҷкас ба кори шумо намеояд, касонеро, ки имрӯз мепиндоред метвонанд шафии ҳумо дар Қиёмат бошанд, дар Қиёмат ба нокоромадии онҳо пай мебаред ва дар меёбед, ки онҳо наметавонанд нақше дар наҷоти шумо ифо кунанд.
Оре, мушрикон, ки бутҳоро шафиони худ дар Қиёмат мешумурданд, дар онҷо мефаҳманд, ки ин ашёи беҷон ва руҳ, ҳеҷ нақш ва хосияте дар тадбири умури олам надоштаанд ва колои беарзиш будаанд, ҳам аз шафоат ноумед шуда ва гирифтори ғам ва андуҳ мешаванд, ҳам умеде ба лутф ва раҳмати Парвардигор надорад, зеро дар дунё чунон бо паёмбарон, ситезаҷӯйи ва мухолифат кардаанд, ки ҳеҷ рӯз на умедеро барои дарёфти раҳмати илоҳӣ дар чунин рӯзе “Охират” боз нагузоштаанд.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Низоми ҳастӣ аз Худованд оғоз шуда ва ба сӯфи Ӯ боз мегардад ба баёни дигар,мабдоъ ва миод яке аст, ғафлат аз ин амр, мӯҷиби пушаймонӣ ва ноумедии инсон дар оянда мешавад.
2 – Шодӣ ва сармастии муҷримон ва гунаҳкорон дар дунё, моро таҳти таъсир қарор надиҳад, зеро дар Қиёмат, рӯзгори бисёр ғамангезе дар пеш дорад.
3 – Дар Қиёмат, ишқҳо ва алоқаҳои бепоя ва козиби дунявӣ, ба кина ва нафрат табдил мешавад ва шафиони хаёлӣ, мавриди куфр ва инкор қарор мегиранд.