Октябр 03, 2016 07:49 Asia/Dushanbe

Қисмати 727 сураи муборакаи " Рум ", ояи 14-19

14

وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ يَوْمَئِذٍ يَتَفَرَّقُونَ

 

Ва рӯзе, ки Қиёмат барпо шавад, он рӯз “Мардум” аз ҳам ҷудо мешаванд.

 

 

15

فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَهُمْ فِي رَوْضَةٍ يُحْبَرُونَ   

 

Пас касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, пас  онон дар бустоне “Аз биҳишт” шодмон хоҳанд буд.

 

 

16

      

وَأَمَّا الَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَلِقَاء الْآخِرَةِ فَأُوْلَئِكَ فِي الْعَذَابِ مُحْضَرُونَ                            

 

Ва аммо касоне, ки куфр варзида ва ояҳои мо ва дидори охиратро такзиб кардаанд, пас онон иҳзоршудагон дар азобанд.

 

Ин ояҳо мардуми дунёро дар Қиёмат ба ду даста тақсим мекунад: Гурӯҳе, ки аҳлли имон ва амали солиҳ будаанд, ва гурӯҳи дигаре, ки бинои кори онҳо бар куфр ва инкори ҳақ будааст. Ончӣ инсонро дар дунё аз якдигар мутамоиз  “Мушахас”  сохта ва гурӯҳ – гурӯҳ мекунад. мисли син, савод, ҷинс, нажод, забон ё мол, мақом ва мавқеият, дар Қиёмат таъсире надорад, танҳо чизе, ки сарнавишти инсонҳоро аз якдигар мутафовит мекунад, имон ва куфр аст, ки ба дунболи худ, корҳои нек ва бадро меоваранд.

Ҷолиб он, ки барои вуруд ба Биҳишт, имон ба танҳои кофӣ нест ва анҷоми корҳои нек ва шоиста низ лозим аст, аммо барои вуруд ба дузах, куфр ба танҳои кофӣ аст, зеро куфр, худ бузӯргтарини зулм ба хеш ва сармояи вуҷудие аст, ки Худованд дар ихтиёри инсон қарор додааст.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Қиёмат рӯзи ҷудоии покон аз нопокон ва некон аз бадон ва муҷримон аст.

 

2 – Кори неки арзишманд аст, ки дорои реша ва ангезаи илоҳӣ буда ва аз имон ба Худо нашъат гирифта бошад.

 

3 – Такзиби ояҳои илоҳӣ ва Қиёмат, аз рӯҳияи куфр ва иннод дар инсон сарчашма мегирад.

 

4 – Сарнавишти инсон дар Охират, дар гарави амалкарди ӯ дар зиндагонии ин дунёст.

 

 

17  

فَسُبْحَانَ اللَّهِ حِينَ تُمْسُونَ وَحِينَ تُصْبِحُونَ

 

Пас Худоро ба покӣ биситойед, “Ситоиш, шукургузорӣ”  онгоҳ, ки ба шаб ворид мешавад ва ҳангоме, ки ба субҳ дар меоед.

 

 

18

 

 وَلَهُ الْحَمْدُ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَعَشِيًّا وَحِينَ تُظْهِرُونَ

 

Ва ҳамд ва ситоиш дар осмонҳо ва замин махсуси Ӯст, ва “Низ” дар поёни рӯз ва онгоҳ, ки зуҳр мекунед.

 

Баъзе аз муфасирон бар ин ақидаанд, ки ин ояҳо ба вақтҳои намозҳои воҷиб дар шабонарӯз ишора карда ва мефармояд: Дар субҳ ва шом ва зуҳр ва аср Худоро ёд кунед ва ба ҳамд ва тасбиҳи Ӯ машғул бошед, чаро, ки ҳамаи олами ҳастӣ ба покӣ ва азаммати Ӯ гувоҳӣ медиҳанд ва нишонаи илм ва қудрати бепоёни Ӯ ҳастанд, оре барои дурӣ аз ширк, бояд дар ҳама ҳол Худоро тасбиҳ ва бо қалб ва забон, Ӯро аз ҳаргуна шарик ё айб ва нуқс пок донист.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Ҳамд ва тасбиҳи Худованд, дар ҳамаи замонҳо ва ҳамаи маконҳо “Осмонҳо ва замин” як арзиш аст бо ин ҳол, баъзе замонҳо барои зикри Худо муносибтаранд.

 

2 – Тасбиҳи Худованд ва пок донистани Ӯ аз ҳаргуна айб ва нуқс ва нопокӣ, заминаи сипос ва ситоиши Ӯро фароҳам мекунад, лизо тасбиҳи Ӯ бар ҳамд ва ситоиши Ӯ муқадам шудааст.

 

19

 

يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَيِّ وَيُحْيِي الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَكَذَلِكَ تُخْرَجُونَ                  

 

Ӯ зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда берун меоварад, ва заминро пас аз мурданаш зинда мекунад, ва шумо “Низ” ингуна “Аз гурҳо” берун оварда мешавед.

 

Дар посух ба шубҳаи касоне, ки миъодро инкор мекунанд, ин ояҳо ба намунаҳое аз зиндашудани мурдагон дар дунё ишора карда ва мефармояд: Чигуна зинда шудани мурдагонро дар Қиёмат баид мешуморед, дар ҳоле, ки Худованд ҳамвора дар ҳоли зинда кардан ва мирондан аст, ҳангоми зимистон, дарахтон ва гиёҳон мемиранд ва ҳангоми баҳор, дубора зинда мешаванд ва ҳар сол чунин амре такрор мешавад ва онро ба чашми худ мебинед, илова бар он, ки ҳар сол аз дили хоки беҷон, анвои гиёҳон ва бутаҳо сар меоваранд ва ҳаётро ба намоиш мегузоранд, дар муқобил, бисёре аз мавҷудоти ҷондор, беҷон шуда ва ба хок табдил мешаванд. Об ва ғазое, ки мо мехурем, мавҷудоти зиндае нестанд, аммо ҳангоме, ки ҷузъи бадани мо мешаванд, табдил ба сулулаҳои зинда мешаванд. Дар низоми табиат низ доиман зиндагӣ аз дили марг ва марг аз дили зиндагӣ берун меояд, ин беҳтарин далил бар қудрати офаридгор барои зиндакардани мурдагон дар Қиёмат аст.

Албатта ин оя аз буъди маънавӣ низ қобили тафсир аст, чунон, ки дар бархе ривоёт, тавалуди муъминон аз кофир ва кофир аз муъмин ё олим аз ҷоҳил ва ҷоҳил аз олим, аз намунаҳои берун омадани зинда аз мурда ва мурда аз зинда шумурда шудааст.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Агар инсон хирадманд ва мунсиф “Инсоф диҳанда”  бошад, ҳеч ҷойи шаке дар эътиқоди ӯ ба Қиёмат боқӣ намемонад, зеро Худованд қудрати хешро дар мирондан ва зинда кардани мавҷудот дар ин дунё ба намоиш гузоридааст.

 

2 – Дар низоми ин олам, гардиш ва чархиши мавҷудот миёни марг ва ҳаёт мушоҳида мешавад ва ин амр то Қиёмат идома дорад.