Қисмати 728 сураи муборакаи " Рум ", ояи 20-22
Қисмати 728 сураи муборакаи " Рум ", ояи 20-22
20
وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ إِذَا أَنتُم بَشَرٌ تَنتَشِرُونَ
Ва аз нишонаҳои “Қудрати” Ӯ ин аст, ки шуморо аз хоки “Беҷон” офарид, пас “Ба сурати” башарӣ “Дар замин” пароканда шудед.
Дар ояҳои қабл ба қудрати Худованд дар зинда кардани мурдагон ва мирондани зиндагон ишора шуд, ин оят ва ояҳои пас аз он ба нишонаҳои қудрати Худованд дар офариниши мавҷудот бавижа инсонҳо ишора кардааст, дар ибтидо мефармояд: Маншаи вуҷуди ҳамаи шумо инсонҳо, ки имрӯза дар саросари замин парокандаед, хоки беҷон аст. ин оят, ҳам метавонад ишора ба офариниши инсон нахустин аз хок бошад, ки дар бархе ояҳои Қуръон омадааст ва ҳам метавонад ба тағзияи инсон ишора дошта бошад, ки маводи он, ба таври мустақим ё ғайри мустақим аз хок таҳия мешавад, пас бар ин мабно метавон гуфт вуҷуди инсон аз хок аст.
Агар инсон ба маншаи офариниш ва ҳаёти худ таваҷҷӯҳ кунад, мебинед, ки офаридгори ҷаҳон, чигуна аз хоки беҷон, сулулаҳои зарифи мағзро офаридааст, ки ҳамаи пешрафтиҳои башар дар арсаи улум ва фунун, мадюни он аст, хоке, ки ҳаракат ва идрок ва эҳсос надорд, тайи таҳаввули иъҷозгунае ба сулулаҳое табдил мешавад, ки башар ба воситаи онҳо соҳиби идрок ва эҳсос ва ҳаракат мешавад ва ин бисёр иъҷобовар аст.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Худшиносӣ муқадамаи Худошиносӣ аст ва инсон яке аз боризтарин офаридаҳои Парвардигор бар рӯйи замин аст.
2 – Ҳамаи мо инсонҳо аз хок ҳастем ва ба хок боз мегардем, пас тафохирҳои беарзишро канор бигзорем ва гирифтори ғурур ва такаббур нашавем.
21
وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِّتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُم مَّوَدَّةً وَرَحْمَةً إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ
Ва аз нишонаҳои Ӯ он аст, ки аз ҷинси худатон ҳамсароне барои шумо офарид то дар канори онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дустӣ ва меҳрубонӣ қарор дод, бегумон дар ин нишонаҳое аст барои гурӯҳе, ки меандешанд.
Дар пайи баҳси офариниши инсон, ин оят ба яке дигар аз нишонаҳои бузӯрги илоҳӣ яъне қонуни завҷият ишора карда ва мефармояд: Худованд барои ҳар инсоне, завҷе қарор дод, ки ҳамроҳ ва ёвари ӯ дар масири зиндагӣ бошад ва дар канори ӯ ба оромиш бирасад. Чунин пайванде бо ишқ ва алоқаи Худододӣ миёни ҳамсарон падид меояд ва мояи дилбастагӣ ва вобастагии онҳо ба якдигар дар саросари умр мешавад. Ин пайванд, зан ва мардро мукамали якдигар қарор дода ва омили нишот ва сарзиндагии онҳо мешавад, ба яқин аз осори муҳими ин пайванд, аз зиёдшавии таватуд ва тазмини бақои насли башар аст пайванди хонаводагӣ ҳамчунин, пояи ташкили ҷомиа ва пазириши масъулятҳои иҷтимоӣ аст.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Зан ва мард аз як ҷинс ҳастанд, “Бар хилофи бархе дидгоҳҳои мунҳит ва инҳирофие, ки занро мавҷуди пастар муарифӣ мекунанд”
2 – Дар фарҳанг ва омӯзаҳои исломӣ, хонаводаи матлуб ва мавриди қабул аст, ки ҳамсарон мояи оромиши якдигар бошанд на боиси ташниҷ ва изтироб ва ихтилоф.
3 – Муваддат ва муҳаббат, ҳадяи ҷолиби Худованд ба занон ва шаҳварон аст, ки пайванди онҳоро мондагор ва бодавом месозад.
4 – Ҳамонгуна, ки алоқа ва муҳаббат, омили пайванди ҳамсарон аст, давом ва бақои зиндагии муштарак низ ба муҳаббат ва дустӣ ниёз дорад.
22
وَمِنْ آيَاتِهِ خَلْقُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافُ أَلْسِنَتِكُمْ وَأَلْوَانِكُمْ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّلْعَالِمِينَ
Ва аз нишонаҳои Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва тафовут “Ва гуногунии” забонҳо ва рангҳои шумост баростӣ дар ин амр нишонаҳое барои донишмандон аст.
Ин оят офариниши инсонро дар канори хилқати осмон ва замин матраҳ карда то инсон илова бар худ, ба ҷаҳони атроф низ бингарад, алорағми вуҷуди моҳвораҳо ва телескубҳои бисёр пешрафта, башар ҳануз ба умқи осмон бо он ҳама манзумаҳо ва каҳкашонҳо даст наёфта, бо ин ҳол ба азамати он муътариф аст, замин низ дорои шугуфтиҳои фаровоне аст, ки ҳануз бисёре аз онҳо барои башар ношинохта мондааст, дар дили замин, захираҳои фаровоне наҳуфтааст дар аъмоқи хоки он, нефт ва газ ва маъданҳо ва дар аъмоқи дарёҳо ва уқёнусҳои он, анвои обзиён ва моҳиён вуҷуд доранд, ки башар аз онҳо ба сурати густурда баҳра мебарад.
Оят бори дигар ба инсон боз мегардад, ва ба ду вижагии муҳими ӯ ишора мекунад: Тафовути забонҳо, ки омили шаклгирии анвои гуйишҳо ва лаҳҷаҳо шуда ва тафовути рангҳо, ки нажотҳо ва тираҳои мухталифро падид овардааст, тасаввур кунед агар ҳамаи инсонҳо дар шакл ва қиёфа ва ранг ва туни садо яксон ва мушобеҳ буданд, шинохти одамиҳо аз якдигар чигуна мумкин буд? Фарзанд чигуна падар ва модари худро аз миёни ҳазорон мард ва зани ҳамсин ва сол ташхис медод? Ва ҳамсарон чигуна якдигарро шиносоӣ мекарданд?
Ин тафовут чеҳраҳо ва гуйишҳо, беҳтарин роҳи шинохти инсонҳо аз якдигар аст, илова бар он, ки агар ин танавуъ ва тафовутҳо набуд, зиндагӣ дар ҷомеаи башарӣ бисёр якнавохт ва каслкунанда буд, дуруст мисли он, ки шумо вориди шаҳре шавед, ки ҳамаи худравҳои он як мудел ва як ранг бошанд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Улуми таҷрибӣ илова бар кумак ба инсон барои баҳрагирии башар аз табиат, бояд мӯҷиби рӯшди бовари инсонҳо ба офаридгори Қодир ва Ҳаким шавад.
2 – Аз нигоҳи донишмандон, танавуи нажодҳо, рангҳо ва забонҳо, аз нишонаҳои азаммати Парвардигор аст аммо афроди ҷоҳил, ин тафовутҳоро мояи таҳқир ва тамасхараи дигарон ва сабаби тафохир ба якдигар медонанд.
3 – Ҳар забоне барои худаш асолат ва арзиш дорад, лизо ҳеҷкас ҳақ надорад нажодҳо ва ақвом ва забонҳои дигарро таҳқир ва тамасхара кунад.