Қисмати 729 сураи муборакаи " Рум ", ояи 23-26
Қисмати 729 сураи муборакаи " Рум ", ояи 23-26
23
وَمِنْ آيَاتِهِ مَنَامُكُم بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَابْتِغَاؤُكُم مِّن فَضْلِهِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَسْمَعُونَ
Ва аз нишонаҳои “Ҳикмати” Ӯ хоби шумо дар шаб ва рӯз ва ҷустуҷҷӯйи шумо “Рӯзии худро” аз фазли Ӯст, ҳамоно дар ин умур, нишонаҳое аст барои касоне, ки мешунаванд.
24
وَمِنْ آيَاتِهِ يُرِيكُمُ الْبَرْقَ خَوْفًا وَطَمَعًا وَيُنَزِّلُ مِنَ السَّمَاء مَاء فَيُحْيِي بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
Ва аз нишонаҳои “Қудрати” Ӯ он аст, ки барқи “Осмон” – ро, ки мояи бим ва умед аст, ба шумо нишон медиҳад ва аз осмон обе фурӯ мефиристад, ки ба василаи он, заминро пас аз мурданаш, зинда мекунад, бегумон дар ин амр, нишонаҳое аст барои гурӯҳе, ки меандешанд.
Дар ояҳои қабл гуфтем, ки Қуръон дар бахше аз сураи Рум, ояҳо ва нишонаҳои Худованд дар офариниши инсон ва ҷаҳонро бармешуморад, ин ояҳо ба ду намунаи дигар аз онҳо дар зиндагии инсон ишора карда ва мефармояд: Шояд хоб дар назди шумо амри сода баназар ояд, аммо ҳамин хоб ва бедорие, ки ба сурати мутановиб “Навбат кунандаи коре ё чизе” дар шабонарӯз итифоқ меафтад, аз нишонаҳои ҳукумати Худованд аст то инсон бо нишот ва рӯҳияи шодоб ба дунболи касб ва кор ва фаолятҳои зиндагӣ биравад ва ҳангоме, ки хаста шуд ба истироҳат бипардозад, агар инсон хоб надошт, ҳамвора эҳсоси хастагӣ ва маломат мекард ва аз шодобии лозим барои идомаи зиндагӣ бархурдор набуд.
Раъд ва барқи осмон низ, ки гоҳ боиси тарс ва дилҳураи умуми мардум мешавад, муқадамаи нузули борон аст, ки ҳаёти замин ва инсон ва ҳайвонҳо ва гиёҳон ба он вобаста аст, агар дар минтақае барои мудати тулони борон наборад, сокинони он минтақа арзиши ин мояи ҳаётиро бештар дарк мекунанд.
Имрӯза барои интиқоли нефт ва газ аз полоишгоҳо “Маҳали соф кардани нефт ва амсоли он” ба шаҳрҳо ва рӯстоҳо, милиёрдҳо долор ҳазинаи сохти лулаҳо, ҳифораи “Кандан” замин, насби лулаҳо ва ҳифз ва нигаҳдорӣ таъсисот мешавад.
Аммо Худованд дар як низоми табии, оби дарёҳо ва уқёнусҳоро аз тариқи ҷараёни бод, ҳаракати абрҳо ва резиши борон ба сурати ройгон дар ихтиёри сокинони замин қарор медиҳад.
Пас сазовор аст дар ин неъматҳои бешумори офаридгор, қадре таамул ва тафаккур кунем то сипосгузори муҳаббатҳои Ӯ бошем.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Аз канори неъматҳои илоҳӣ ба содагӣ нагузарем, низоми хоб ва бедорӣ, аз неъматҳои бузӯрги илоҳӣ аст.
2 - Кор ва талош барои касби рӯзии ҳалол ва таъмини ниёзҳои зиндагӣ, амри писандида ва мавриди супориши дин аст.
3 – Барқи осмон, бориши борон ва рӯйиши гиёҳон дар замин, умури тасодуфӣ нест, ҳамаи ин рӯйдодҳои табии барасоси як барномарезии дақиқ ва ҳисобшуда аз сӯйи Парвардигори олам рух медиҳад.
4 – Худошиносӣ бояд барасоси илм ва тафаккур ва тааққул бошад.
25
وَمِنْ آيَاتِهِ أَن تَقُومَ السَّمَاء وَالْأَرْضُ بِأَمْرِهِ ثُمَّ إِذَا دَعَاكُمْ دَعْوَةً مِّنَ الْأَرْضِ إِذَا أَنتُمْ تَخْرُجُونَ
Ва аз нишонаҳои Ӯ он аст, ки осмон ва замин ба фармони Ӯ барпост, пас ҳаргоҳ шуморо бо як даъват, аз замин фаро хонд, ногаҳон “Аз гурҳо” хориҷ мешавед.
Дар ояҳои қабл, ба офариниши осмон ва замин ишора шуд, ин оят ба субот ва бақои онҳо ишора карда ва мефармояд: Ҷурмҳои азими осмоние, ки ҳануз башар ба умқи онҳо даст наёфта ва бо ин ҳол миллиардҳо ситора ва саёрар шиносоӣ кардааст дар як низоми мушахас дар ҳоли ҳаракат ва гардиш ҳастанд ва агар кучактарин инҳирофе аз масири худ пайдо кунанд, мумкин аст мӯҷиби нобудии бахше аз ҷаҳон ва аз ҷумлаи кураи замин ва сокинонаш шаванд, аммо тадбир чунон аст, ки ин карроти “Ҳамлаҳои” бешумор таҳти қонуни ҷозиба ва дофиа дар мадори мушахасе ҳаракат кунанд ва низоми ҷаҳон побарҷо бимонад.
Албатта онгоҳ, ки Ӯ ирода кунад, ин низом дар ҳам мерезад ва ин ҷаҳон ба пойён мерасад ва низоми дигаре барпо мешавад дар он низоми ҷадид, бархилофи ин дунё, ки инсонҳо аз модарони худ мутаваллид мешаванд, онҳо ҳамчун гиёҳон аз дили хок бармеоянд ва бидуни иртибот бо падар ва модар ва хоҳар ва бародар ва хешони динявӣ, ҳар инсоне так ва танҳо дар он ҷаҳон ҳозир шуда ва посухгӯйи аъмоли худ дар дунё хоҳад буд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Устувории низоми офариниш, на тасодуфӣ аст ва на ба дасти дигарон фақат ба иродаи Худованд аст.
2 – На фақат офариниш, балки тадбири умури ҷаҳон ба дасти Худованд аст, ин гуна нест, ки ҷаҳонро офарида ва ба ҳоли худ раҳо карда бошад, балки Ӯ чун боғбоне аст, ки афзӯн баркошти дона, мароҳил дошт ва бардоштро низ тадбир ва мудирият мекунад.
3 – Хуруҷи инсон аз хок, далиле бар ҷисмонӣ будани миод аст, зеро бо марг, ҷисми инсон дар хок меравад, ва на рӯҳи ӯ
26
وَلَهُ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ كُلٌّ لَّهُ قَانِتُونَ
Ва ҳар, ки дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст, ҳамагӣ "Дар низоми таквин" фармонбардори Ӯ ҳастанд.
Дар идомаи ояи қабл, ки сухан аз интиқоли инсон аз ин ҷаҳон ба ҷаҳони дигар буд, ин оят мефармояд : Аз онҷо, ки Худованд молики инсон ва дигар мавҷудот ҳамчун фариштагон ва ҷиниён аст, ҳақ дорад, ки ҳаргуна бихоҳад дарбораи онҳо амал кунад ва ҳеҷ касро ёрой мухолифат дар баробари Ӯ нест, зеро агар чӣ барои ин мавҷудот, имкони мухолифат дар баробари низоми ташрии Ӯ вуҷуд дорад, аммо вуҷуди онҳо дар баробари низоми таквини Ӯ, мутиъ ва фармонбардор аст, ҳатто ихтиёри онҳо низ ба иҷоза ва иродаи Ӯст.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – На фақат ҷамодот ва наботот ва ҳайвонот, балки мавҷудот дорои шууре чун инсон ва фаришта ва ҷин низ, имкони хуруҷ аз таҳти ҳокимяти илоҳиро надорад.
2 – Ҳамонгуна, ки дар низоми таквин, вуҷуди инсон фармонбардори Парвардигор аст ва ба ҳамин далил ба рушд ва камоли ҷисмӣ мерасад, агар дар низоми ташриъ низ ба ихтиёри худ тобеи фармони илоҳӣ бошад, ба камол ва саодат мерасад.