Қисмати 730 сураи муборакаи " Рум ", ояи 27-29
Қисмати 730 сураи муборакаи " Рум ", ояи 27-29
27
وَهُوَ الَّذِي يَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ وَهُوَ أَهْوَنُ عَلَيْهِ وَلَهُ الْمَثَلُ الْأَعْلَى فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
Ӯ касе аст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро боз мегардонад “Ва таҷдид мекунад” ва ин кор барои Ӯ осонтар аст ва бартарин тавсиф дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва Ӯ тавонманд ва ҳаким аст.
Дар чанд ояҳои гузашта, Қуръони Карим ба бархе аз ояҳо ва нишонаҳои Худованд дар ҳастӣ ишора кард, ояҳое, ки ҳоки аз илм ва қудрат ва ҳикмати бепоёни Ӯст, ин оят дар идома гурезе ба миод задааст ва мефармояд: ҳамон Худое, ки офаринашро оғоз кард, қодир аст дубора онҳоро дар Қиёмат бозгардонад.
Бо ин,ки барои Худованд, ҳеҷ кори сахтатар ё осонтар аз кори дигар нест ва сахтӣ ва осонӣ марбут ба мо инсонҳост, ки дучори маҳдудиятҳои фаровон ҳастем, аммо Худованд дар ин оят ба забони мо инсонҳо сухан гуфта то пазириши он барои мо осонтар бошад. Лизо мефармояд: Вақте дар миёни шумо инсонҳо боз офаридан осонтар аз офариниши аввалия аст, оё Худои Муттаол, ки ҳеҷ маҳдудияте надорад ва соҳиби ҳамаи камолот аст, қодир ба ин кор нест?
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Сифатҳои Худованд бартар аз тасаввур ва баёни инсон аст ва ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз қобили муқоиса бо Ӯ нест, Ӯ аз ҳамаи ҷиҳатҳо бартар аз махлуқот аст.
2 – Ҳукумати илоҳӣ иқтизоъ мекунад, ки ҷаҳони дигаре пас аз марг вуҷуд дошта бошад ва сарнавишти инсон бо марг поён напазирад.
28
ضَرَبَ لَكُم مَّثَلًا مِنْ أَنفُسِكُمْ هَل لَّكُم مِّن مَّا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُم مِّن شُرَكَاء فِي مَا رَزَقْنَاكُمْ فَأَنتُمْ فِيهِ سَوَاء تَخَافُونَهُمْ كَخِيفَتِكُمْ أَنفُسَكُمْ كَذَلِكَ نُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
Худованд барои шумо аз худатон масале задааст, оё аз бардагонатон дар ончӣ рӯзиятон кардаем, бо шумо шариконе ҳаст то дар он “Мол бо ҳам” баробар бошед ва ҳамонгунае, ки аз якдигар “Ва шуракои худ” бим доред, аз онҳо ҳам бим дошта бошед? Мо ингуна оёти худро барои мардуме, ки тааққул мекунанд, шарҳ медиҳем.
Мушрикон барои Худо шарикҳое қоил буданд, ки махлуқи Худо буданд, вале онҳоро ҳамчун худо соҳиби қудрат ва муасир дар умури олам медонистанд, ин оят барои нафии ин пиндори нодурӯсти мушрикон, як мисол аз инсонҳо зада ва мефармояд: Агар шумо молики бардагон бошед, оё барои онҳо ҳақи тасарруф дар амволатон қоил ҳастед? Оё онҳоро шарики худ медонед, ки ҳақ дошта бошанд дар амволи шумо ҳамонгуна, ки худатон тасарруф мекунед, онҳо низ тасарруф кунанд? Чигуна аст, ки шумо мамлуки худро дар арз ва ҳамрадифи худ намедонед, аммо махлуқоти Худоро, ки ҳамагӣ мамлуки Ӯ ҳастанд, дар радифи Ӯ мешуморед ва ба онҳо ҳақ медиҳед дар кори Худо дахолат кунанд ва анҷоми умури мухталифро дар дастгоҳи офариниш ба онҳо нисбат медиҳед.
Агар мамлуки шумо шарики шумост, махлуқи Худо ҳам метавонад шарики Ӯ бошад! Аммо агар шумо намепазиред, мамлуки шумо ҳамчун шарикатон, бидуни иҷоза дар амволатон тасарруф кунад, пас чигуна мепазиред, ки махлуқи Худо бидуни иҷозаи Ӯ дар ончӣ марбут ба Худост, дахолат дошта бошад?
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Виҷдон, беҳтарин қозӣ аст, мо, ки инсонҳои мушобеҳи худро ба далили ин, ки зердаст ва корманд ва коргари мо ҳастанд, шарики худ намедонем, чигуна ашхос ё ашёеро, ки ҳеҷ шабоҳате бо Худо надоранд ва махлуқи Ӯ низ ҳастанд, дар радифи Худо шумурда ва шарики Ӯ мепиндорем?
2 – Оёти Қуръон бар мабнои ақл ва мантиқ бо инсон сухан мегуяд ва ҳамвора инсонҳоро ба хирадварзӣ ва тааққул даъват мекунад.
29
بَلِ اتَّبَعَ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَهْوَاءهُم بِغَيْرِ عِلْمٍ فَمَن يَهْدِي مَنْ أَضَلَّ اللَّهُ وَمَا لَهُم مِّن نَّاصِرِينَ
Бале, касоне, ки ситам карданд, бидуни доштани илм ва огоҳӣ, аз ҳаво ва ҳаваси худ пайравӣ карданд, пас онро, ки Худо гумроҳ карда, чӣ касе метавонад ҳидоят кунад? Ва барои онҳо ҳеҷ ёр ва ёваре нахоҳад буд.
Дар идомаи ояи қабл, Худованд масалеро зад, ки бо ақл ва мантиқ қобили пазириш аст, ин оят мефармояд: Касоне, ки барои Худо шарик қоил мешаванд, аз ақл ва мантиқ дурӣ карда ва гирифтори хостаҳо ва тамоилоти нафсонии худ шудаанд, онҳо бидуни он, ки далили илмӣ дошта бошанд, суроғи ширк рафтаанд ва дар натиҷа бузӯргтарин ситамро ба худ раво доштаанд.
Афроде, ки ақл ва илмро канор гузорида ва аз ҳаво ва ҳаваси худ пайравӣ мекунанд, натиҷаи кори онҳо ин аст, ки гумроҳ мешаванд ва умеде ба ҳидояти онҳо нест зеро лозимаи ҳидоят, ба кор бастани ақл ва мантиқ барои фаҳми ҳақоиқ аст, ки инсонро ба илм ва огоҳӣ месозад, аммо касе, ки намехоҳад ба суроғи дарки ҳақоиқ биравад ва фақат ба дунболи расидан ба хостаҳои худ аст, чунин фарде тобеи таманниёти дил аст, на ақл инсон то вақте чунин бошад, роҳ намеёбад ва касе ҳам наметавонад ба ӯ кӯмак кунад, магар он,ки худаш бихоҳад даст аз ҳаво ва ҳавас бардорад ва ба роҳи ақл бозгардад.
Аз ин оят меомузем, ки:
1 – Ҳаргуна инҳироф аз хати мустақими тавҳид, навъе зулм ба худ аст ва дар мактаби Ислом зиштии зулм ба худ, камтар аз зиштии зулм ба дигарон нест, зеро ин зулм, зулм ба Худо ва паёмбарашро низ ба дунбол дорад.
2 – Ширк ба Худо, ки имрӯза низ дар макотибе чун будист ва ҳиндуизм дар қобили парастиши анвои бутҳо ва муҷасамаҳои инсонӣ ва ҳайвонӣ идома дорад, нишонгири ҷоҳилияти башар дар асри ҷадид аст, башар имрӯз дар ҳамаи умур бо абзори ақл ва илм пеш меравад, аммо дар бовариҳояш дар бораи мабдои ҳастӣ, гирифтори ҷаҳл ва хурофот аст.