Қисмати 731 сураи муборакаи " Рум ", ояи 30-34
Қисмати 731 сураи муборакаи " Рум ", ояи 30-34
30
فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
Пас, аз рӯйи ҳақгароӣ ба ин дин рӯй биёвар, “Ин” фитрати илоҳӣ аст, ки Худованд мардумро барасоси он офаридааст. Дар офариниши илоҳӣ дигаргуние нест ин аст дини пойдор, вале бештри мардум намедонанд.
Дар чанд ояи қабл, Қуръони Карим ба нишонаҳое аз вуҷуди Худованд ва илм ва қудрати Ӯ дар офариниши замин ва осмон ишора кард, ин оят мефармояд:илова бар мушоҳидаи низоми табиат, таваҷҷӯҳ ба дарун низ инсонро ба Худошиносӣ мерасонад, зеро ботини ҳамаи инсонҳо ба вуҷуди офаридгори қодир ва мутаол гувоҳӣ медиҳад.
Худованд дар ин оят, аз Паёмбари Ислом (с) ва ҳамаи аҳлли имон мехоҳад, ки на фақат ба сурати забонӣ ва зоҳирӣ, балки бо дил ва ботин ба ойини ҳақ рӯй оваранд ва аз ҳаргуна каҷӣ ва инҳироф дурӣ гузинанд, ба таври мусаллам ҳамаи адёни осмонӣ аз ҷониби Худованд нозил шудаанд, аммо мутаасифона аксари онҳо дучори таҳриф шуда ва аз масири воқеии худ, ки ҳидояти мардум ба сӯйи саодат аст, мунҳариф шудаанд, ин оят мефармояд: танҳо дине, ки собит ва устувор монда ва гирифтори таҳриф нашуда, Ислом аст, дине, ки бо фитрати илоҳӣ дар хилқати инсон низ ҳамоҳанг аст.
Ҳамон тавре, ки сиришти инсон дар тули замон тағийр намекунад ва ҳамаи инсонҳо дар ҳар замон ва макон аз сиришти инсонӣ яксон бархурдоранд, ончиро Худованд барои саодати башар нозил карда низ, собит ва устувор аст ва дар дини ислом, ки охирин дини осмонӣ аст, таҷаллӣ ёфтааст. Албатта бисёре аз мардум, аз ин ҳақиқат ғофиланд, онҳо ба ҷойи таваҷҷӯҳ ба Ислом, ба суроғи макотиби башарӣ мераванд, ки пур аз костагӣ ва таноқиз ҳастанд ё аз адёне пайравӣ мекунанд, ки аз масири худ мунҳариф шудаанд ва онҳоро ба мақсад намерасонанд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Худованд, сиришти инсонро ба гунае офарида, ки ба ҳақ тамоил дорад ва аз ботил безор аст, дини осмонӣ низ барпояи ҳақ аст ва гароиш ба он амри фитрӣ аст.
2 – Ончӣ фитрӣ аст, ниёз ба таваҷҷӯҳ ва иқдом дорад, вагарна мавриди ғафлат ва фаромӯшӣ қарор мегирад, асоси дин, амри фитрӣ аст, аммо бояд таолим ва омӯзаҳои онро ба кор баст то дар вуҷуди мо пойдор бимонад.
3 – Низоми таквини инсон бо низоми ташрии илоҳӣ ҳамоҳанг аст, зеро ҳар ду аз як маншаъ сарчашма мегиранд ва ҳечгуна тазоде байни онҳо вуҷуд надорад.
31
مُنِيبِينَ إِلَيْهِ وَاتَّقُوهُ وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَلَا تَكُونُوا مِنَ الْمُشْرِكِينَ
“Шумо низ” ба сӯйи Ӯ рӯй биёваред ва аз Ӯ парво намоед ва намозро барпо доред ва аз мушрикон набошед.
32
مِنَ الَّذِينَ فَرَّقُوا دِينَهُمْ وَكَانُوا شِيَعًا كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ
Ва аз касоне, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурӯҳ – гурӯҳ шуданд ва ҳар гурӯҳе ба ончӣ назди онҳост, “Дилхуш ва” шодмонанд.
Дар ояи қабл гуфтем, ки гарчӣ дин амри фитрӣ аст, аммо ҳамвора ин хатар вуҷуд дорад, ки аз сӯйи инсон мавриди ғафлат ва фаромӯшӣ қарор гирад, лизо ин оят мефармояд: ҳар замон, ки аз ин масир ғофил ё мунҳариф шудед, ба Худо боз гардед, ки бозгашт ба ҳамон сиришти тавҳидии шумост, сипас барои ҳифзи дин чанд дастур медиҳад: яке риояти тақво ва парво аз гуноҳ ва дигаре истимрори иртибот бо Худо дар қолаби намоз ва ниёйиш, ки агар ин ду асл мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад, инсон дар эътиқодҳо ва амали худ, гирифтори ширк намешавад.
Идомаи оят ба яке аз паёмадҳои ширк ишора карда ва мефармояд: ширк мӯҷиби чанддастагии ҷомиаи башарӣ мешавад ва ҳар кас ба ончӣ шарики Худо мепиндорад, дилхуш медорад ва саодати зиндагиро аз Ӯ металабад, дар ҳоле, ки агар ҳамаи афроди башар дар ақида ва амал бар меҳвари тавҳид гирд оянд, ҳеҷ ихтилоф ва тазоде дар ҷомиа рӯй намедиҳад ва ваҳдат ва якпорчагӣ бар ҷомиаи башарӣ ҳукумфармо мешавад.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Гироиши фитрӣ ба дин, дар сурате дар вуҷуди инсон шукуфо шуда ва ба бор менишинад, ки ӯ аҳли ниёиш ва тавба ва тақво ва намоз бошад.
2 – Тавҳид, омили ваҳдат ва якпорчагии ҷомиаи башарӣ ва ширк, омили тафриқа ва чанддастагӣ миёни инсонҳост.
3 – Эҷоди тафриқа ва чанддастагӣ дар иҷтимоъ, нишонаи дурӣ аз хати тавҳид ва гирфтор шудан ба ширк аст.
33
وَإِذَا مَسَّ النَّاسَ ضُرٌّ دَعَوْا رَبَّهُم مُّنِيبِينَ إِلَيْهِ ثُمَّ إِذَا أَذَاقَهُم مِّنْهُ رَحْمَةً إِذَا فَرِيقٌ مِّنْهُم بِرَبِّهِمْ يُشْرِكُونَ
Ҳар гоҳ зарар ва зиёне ба мардум бирасад, Парвардигори хешро мехонанд ва тавбакунон ба сӯйи Ӯ боз мегарданд, аммо ҳангоме, ки Худованд аз ҷониби худ раҳмате ба онон бичашонад, гурӯҳе аз онон ба Парвардигорашон ширк меварзанд.
34
لِيَكْفُرُوا بِمَا آتَيْنَاهُمْ فَتَمَتَّعُوا فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ
То дар бораи ончӣ ба эшон бахшидаем, носипосӣ кунанд пас баҳраманд шавед, ки ба зудӣ хоҳед донист.
Дар идомаи ояҳои қабл, дар бораи фитрӣ будани Худошиносӣ, ин оят ба яке аз намудҳои он дар зиндагии инсон ишора карда мефармояд: Ҳаргоҳ мушкил ё мусибате ба инсон бирасад, ки дигарон натавонанд ӯро ёрӣ кунанд ва аз ҳамаҷо ноумед шавад, ба Худо рӯй меоваранд ва аз Ӯ мехоҳад, ки мушкилашро ҳал кунад дар ин ҳол, инсон ончиро, ки дар асари ғафлат фаромӯш карда, ба ёд меоварад, лизо ҳам аз ғафлати худ тавба мекунад ва ҳам аз Худованд мехоҳад, ки гирифторияшро бартараф намояд, аммо ҳангоме, ки лутфи Худо ба ӯ бозгашта ва раҳмати илоҳӣ шомили ҳолли ӯ мешавад, бори дигар Худоро фаромӯш карда ва кушоиши корашро мадюни илал ва авомили дигар медонад, агар чунончӣ ин рӯҳияи носипосӣ дар зиндагии инсон тадовум дошта бршад, ӯ ба оқибати бад гирифтор мешавад ва бо он, ки аз неъматҳои дунявӣ баҳраманд аст, аммо поёни хуше дар интизори ӯ нкст.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Гурӯҳе аз мардум танҳо дар сахтиҳо ва мусибатҳо Худоро ёд мекунанд, гуё Худоро барои ҳалли мушкилоташон мехоҳанд ва агар мушкиле надошта бошанд, ниёзе ба Худо надоранд.
2 – Дар сахтиҳо ва фишорҳо, ғубори ғафлат канор зада мешавад ва инсон ба асл ва фитрати хеш, ки Худоҷӯйи аст боз мегардад.
3 – Рифои зиндагӣ, бистари ғафлат аз ёди Худо ва гирифтор шудан ба рӯҳияи куфр ва носипосиро фароҳам мекунад.