Қисмати 732сураи муборакаи " Рум ", ояи 35-38
Қисмати 732 сураи муборакаи " Рум ", ояи 35-38
35
أَمْ أَنزَلْنَا عَلَيْهِمْ سُلْطَانًا فَهُوَ يَتَكَلَّمُ بِمَا كَانُوا بِهِ يُشْرِكُونَ
Магар бар онон ҳуҷҷат ва далиле нозил кардаем, ки он далил дар мавриди “Дурӯстӣ” ончӣ бадон ширк меварзанд, сухан мегуед?
Ин оят дар идомаи мабоҳиси қаблӣ ба нафӣ ширк ва ақоиди мушрикон пардохта ва мефармояд: Оё мушрикон, ки барои Худо шарик қоил мешаванд, далил ва ҳуҷҷате бар ин доранд? Оё дар низоми табиат ё вуҷуди худашон алоиме ёфтаанд, ки нишон диҳад Худованд дорои шарик аст? оё китобе аз ҷониби Худованд бар онҳо нозил шуда ва Ӯ дар он китоб изъон “Иътироф, иқрор” кардааст, ки ман шарик дорам? Равшан аст, ки ҳеҷяк аз ин маворид иттифоқ наяфтода ва мушрикон аз рӯйи ҷаҳл ва таассуб бар роҳи ниёгон, ин ақидаи хурофиро пайравӣ мекунанд ва ҳеҷ далили ақлӣ ё нақлӣ бар ин бовари худ надоранд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Ислом дини мантиқ ва истидлол аст ва аз мухолифони худ далил талаб мекунад.
2 – Бархилофи тавҳид, ки дорои далоили мустаҳкам ва амиқ аст, ширк бе реша аст ва аз ҳечгуна далил ва истидлоли мантиқӣ бархурдор нест.
36
وَإِذَا أَذَقْنَا النَّاسَ رَحْمَةً فَرِحُوا بِهَا وَإِن تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ إِذَا هُمْ يَقْنَطُونَ
Ва чун ба мардум раҳмате бичашонем, ба он шодмон мешаванд ва чун ба сабаби аъмоле, ки анҷом додаанд, осеб ва мусибате ба онон бирасад, ногоҳ ноумед мешаванд.
Дар идомаи ояҳои қабл, ин оят яке аз вижвгиҳои мушрикон ва ё афроди суст имонро ингуна баён мекунад, ки онон миёни ғурур ва ноумедӣ дар навсон ҳастанд, ба ҳангоми дарёфти неъмат, мағрур мешаванд ва дар ҳангоми бурузи “Пайдо шудан” мушкилот, маъюс ва ноумед дар ҳоле, ки муъминони воқеӣ миёни шукр ва сабр қарор доранд, онҳо бар неъматҳои илоҳӣ шокиранд ва дар баробари мушкилҳо, собир ва шикебо.
Ҷолиб аст, ки дар ин оят ва ояҳои монанди он, неъматҳо, раҳмате аз ҷониби Худо муарифӣ шудааст, аммо бар хилофи он, мусибатҳо ва ногувориҳо, ҳосили амалкарди худи мо хонда шудааст, зеро Худованд чизе ҷуз лутф ва раҳмат барои бандагонаш намехоҳад ва умдаи мушкилҳои башар ношӣ аз рафторҳо ва кирдорҳои нодурӯсти худи ӯ ё зулм ва ситами дигарон аст.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Инсонҳои беимон ё суст имон, кам зарфият ҳастанд онҳо бо қадри ниъмат, маст ва мағрур мешаванд ва бо каме талхӣ ва ногуворӣ, ба бунбаст расида ва маъюс мешаванд.
2 – Неъматҳои дунявӣ собит ва пойдор нестанд ва инсон набояд ба онҳо дил бибандад, вагарна бо аз даст додани онҳо, гирифтори яъс ва нумедӣ мешавад.
37
أَوَلَمْ يَرَوْا أَنَّ اللَّهَ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَن يَشَاء وَيَقْدِرُ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Оё надиданд, ки Худованд барои ҳарки бихоҳад рӯзиро густурда ё танг мекунад? бегумон дар ин амр нишонаҳое аст барои касоне, ки имон меоваранд.
38
فَآتِ ذَا الْقُرْبَى حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ ذَلِكَ خَيْرٌ لِّلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجْهَ اللَّهِ وَأُوْلَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
Пас, ҳақи хешованд ва бенаво ва дар роҳ мондаро адо кун, ин “Инфоқ” барои онон, ки хоҳони хушнудии Худо ҳастанд, беҳтар аст ва онҳо ҳамон растагоронанд.
Дар идомаи ояи қабл, ки фармуд: Бархе афроди суст имон ва кам зарфият бо дарёфти неъмати илоҳӣ, сармаст ва мағрур мешаванд ва бо аз даст додани неъмат, маъюс ва ноумед мешаванд, ин оят мефармояд: Инсонҳои боимон муътақиданд, ки рӯзӣ ба дасти Худост ва кам ё зиёд шудани он барасоси илм ва ҳикмати илоҳӣ аст, чӣ басо афроде, ки барои бадаст овардани сарват талоши бисёр мекунанд, аммо баҳрае андак доранд ва чӣ басо афроде, ки ба таври маъмулӣ талош кардаанд, аммо баҳраи бисёр ёфтанданд.
Муҳим талош ва кушиши мост, ки бояд дар ҳадди табии ва мутаориф сурат гирад, аммо ин,ки баҳраи мо аз ин талошҳо чиқадар аст, ба авомили зиёде бастагӣ дорад, ки хеле аз онҳо дар ихтиёри мо нест, агар мо барои ба дастовардани сарват бештар кушиш кунем, вале ба ҳар далиле ба он нарасем, дучори ноумедӣ ва афсурдагӣ мешавем, аммо агар вазифаи худро кушиш ва талош бидонем ва натиҷаро ба Худо вогузор кунем, ҳамвора ба ончӣ дорем розӣ ҳастем ва худро талабкор аз Худо намедонем. Идомаи ояҳо ба масуляти инсон дар баробари дигарон ишора карда ва мефармояд: албатта касе, ки рӯзии бештаре дорад, масуляти бештаре низ бардуши ӯст ва бояд илова бар хонаводаи худ, ба фикри дигар ниёзмандони ҷомиа бошад ва дар миёни онон, хешовандони ӯ дар увлавият қарор доранд.
Поёни ин ояҳо низ барният ва ангезаи иттифоқ ишора карда ва мефармояд: Албатта ин кори хайр ба шарти барои инфоқкунанда боқӣ мемонад, ки қасди ӯ ҷалби ризои илоҳӣ бошад, на касби ном ва унвон ё бузӯргталабӣ ва шуҳрат илова бар ин, ки агар инфоқ барои хушнудии Худо бошад, миннате бар ниёзманд намегузорад ва кори худро ба рухи ӯ намекашад.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Агар рӯзиро аз ҷониби Худованд бидонед, дар инфоқ ба ниёзмандон ва маҳрумони ҷомиа кутоҳӣ намекунем.
2 – Агар инфоқ ба ниёзмандон, холисона ва барои Худо набошад, гирандаи инфоқ баҳра мебарад, аммо инфоқкунанда, аз ин амали худ баҳрае дар охират намебарад.
3 – Бастагон ва маҳрумон дар дороии инсон ҳақ ва ҳуқуқе доранд, ки бояд ба дурӯстӣ адо шавад.
4 – Сарватмандон илова бар пардохти хумс ва закот, бояд барои зудудани фақр аз пайкараи ҷомиа, аз амвол ва дороиҳои худ инфоқ кунанд ва танҳо ба инфоқҳои воҷиб иктифо нанамоянд.
5 – Ислом, таваҷҷӯҳи вижае ба маҳрумият зудоӣ ва решакании фақр аз ҷомиа дорад лизо бенавоён ва дармондагон ва сойири ақшори осебпазиро ба шиддат мавриди ҳимоят қарор медиҳад.