Қисмати 733 сураи муборакаи " Рум ", ояи 39-42
Қисмати 733 сураи муборакаи " Рум ", ояи 39-42
39
وَمَا آتَيْتُم مِّن رِّبًا لِّيَرْبُوَ فِي أَمْوَالِ النَّاسِ فَلَا يَرْبُو عِندَ اللَّهِ وَمَا آتَيْتُم مِّن زَكَاةٍ تُرِيدُونَ وَجْهَ اللَّهِ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الْمُضْعِفُونَ
Ва ончиро ба расми рибо медиҳед, то дар миёни амволи мардум фузӯнӣ ёбед, назди Худо фузӯнӣ нахоҳад ёфт ва ончӣ аз закот медиҳед ва хушнудии Худоро металабед, пас чунин касоне “Подошӣ” чанд баробар доранд.
Дар охирин ояе, ки ба он пардохтем, сухан аз инфоқ ба ниёзмандон буд, аммо ин оят инфоқ барои Худо ва ғайри Худоро бо ҳам муқоиса карда ва мефармояд: Ончиро шумо ба дигарон медиҳед, агар барои ризои Худо бошад ва қасд ва ғарази дигаре надошта бошед, подоши он бо Худост, ки чандин баробар атто мекунад, аммо агар кумаки шумо ба мардум барои Худо набошад, балки ҳадафи дигаре дошта бошед, монанди он,ки моли мардум зиёд шавад ва бахше аз он низ ба худи шумо бозгардад, чун барои ризои Худо набуд, подоше назди Худо надорад.
Касе, ки вом медиҳад, аммо умед дорад, ки вом " Қарз " гиранда, ҳангоми бозпардохт ба он биафзояд, ниёзи дигаронро бароварда кардааст, аммо чун ҳадафаш фақат афзудани моли худаш буда, назди Худо подошое надорад.
Аз ин оят меомӯхем, ки:
1 – Дар пардохти вом ё инфоқ, масалаи муҳим, ният ва ангизаи пардохткунандаи он аст, на миқдор ва навъи он.
2 – Ончӣ ба корҳо арзиш ва эътибор мебахшад, бархурдорӣ аз ангезаи илоҳӣ аст ва корҳое, ки бидуни ин пуштивона анҷом шавад, арзише надорад.
3 – Дунё, бозоре аст, ки гурӯҳе бо мардум муомила мекунанд то дар дунё ба суд бирасанд ва гурӯҳе бо Худо муомила мекунанд то ба подоши охират даст ёбанд.
40
اللَّهُ الَّذِي خَلَقَكُمْ ثُمَّ رَزَقَكُمْ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ هَلْ مِن شُرَكَائِكُم مَّن يَفْعَلُ مِن ذَلِكُم مِّن شَيْءٍ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ
Худованд касе аст, ки шуморо офарид, сипас ба шумо рӯзӣ дод, онгоҳ шуморо мемиронад ва пас аз он шуморо зинда мекунад, оё аз шариконе, ки шумо барои Худо гирифтаед касе ҳаст, ки чизе аз ин корҳоро анҷом диҳад? Ӯ муназзаҳ ва бартар аст аз ончӣ шарики Ӯ қарор медиҳед.
Ин оят ба нақши бемонанди Худованд дар ҳастӣ ишора карда ва мефармояд: Офариниши шумо, ризқ ва рӯзии шумо дар даврони ҳаёт, марги шумо ва офариниши дубораи шумо дар Қиёмат, ҳама ба дасти Худоӣ яктост, чаро шумо бархе ашёъ ё афродро шарики Худованд мепиндоред? Оё онҳо дар ин гуна умури марбут ба шумо ҳеч нақше доранд? Агар мушрикони он рӯзгор ва асри ҳозир ба ин саволҳо фикр кунанд, посухашон ба он манфӣ аст, зеро ба равшанӣ дармеёбанд, ки он чизҳое, ки мепарастанд, ҳеч нақше дар ҳаёт ва марг ва рӯзии онҳо надорад ва танҳо ба хотири табаият “Пайравӣ” аз ниёгони худ, чунин ашёи беҷонеро мепарастанд ва муқаддас мешуморанд.
Аз ин оят меомӯзем,ки:
1 – Гузашта, ҳол, оянда ва ризқ ва рӯзии мо ба дасти Худост, пас фақат бандаи Ӯ бошем ва дигаронро шарики Ӯ напиндорем.
2 – Асбоб ва васоил ва қавонини табииро офаридаи Худо бидонем, на дар арзи Ӯ, қудратҳои ғайри илоҳӣ ҳеч истиқлоле аз худ надоранд ва аз офаридани кучактарин мавҷудот низ оҷизанд.
41
ظَهَرَ الْفَسَادُ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ بِمَا كَسَبَتْ أَيْدِي النَّاسِ لِيُذِيقَهُم بَعْضَ الَّذِي عَمِلُوا لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ
Ба хотири корҳое, ки мардум анҷом додаанд, фасод ва табоҳӣ дар хушкӣ ва дарё ошкор шудааст то “Худованд кайфари” баъзе аз ончиро, ки кардаанд, ба онон бичашонад, шояд “Ба сӯйи ҳақ” бозгарданд.
42
قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَانظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِينَ مِن قَبْلُ كَانَ أَكْثَرُهُم مُّشْرِكِينَ
Бигу дар замин гардиш кунед, пас бингаред, ки саранҷоми касоне, ки пештар буданд чигуна буд, бештари онон мушрик буданд.
Дар пайи ояҳои қабл дар бораи нодурӯстии ақоиди мушрикон, ин ояҳо мефармояд: Робитаи мустақиме миёни боварҳо ва рафтрҳои мардум бо бурузи “Пайдо шудани” фасод ва табоҳӣ дар ҷомиаи башарӣ вуҷуд дорад, решаи аслии тамоми мушкилот, ё куфр ва ширк ба Худост, ё фаромӯш кардани Худо, касе,ки дар корҳояш Худоро дар назар нагирад, аз иртикоби гуноҳ, парвое надорад ва худ ва хонавода ва ҷомиаашро гирифтори паёмадҳои корҳои нодурӯсти худ мекунад, паёмадҳое, ки бахше аз онҳо дар дунё ва зиндагии мардум зоҳир мешавад ва бахше низ дар охират, гунаҳкоронро гирифтори дузах мекунад.
Қуръон ба мусалмонон супориш мекунад бо мутолиаи таърихи ақвоми гузашта ва ё мушоҳидаи зиндагии бархе аз ақвоми имрӯз, ба паёмадҳои гуноҳ ва фасод дар ҷомиа таваҷҷӯҳ кунанд, онҳо бояд бидонанд Худованд натиҷаи баъзе аз корҳое, ки мардум анҷом додаанд, дар ҳамин дунё ба онҳо мечашонад, то шояд бедор шаванд ва даст аз ҷароими худ бардоранд.
Имрӯза дар нуқоти мухталифи дунё, осори тамадунҳои бузӯрге баҷо мондааст, тамадунҳое, ки замоне дорои қудрат ва сарват ва мукнат “ тавоноӣ, қудрат, хоста” бисёр буданд, аммо ба хотири зулм ва ситам ва ашрофигарӣ ва исроф, ба мурур аз байн рафтанд ва имрӯз танҳо харобаҳои кохҳои онҳо боқӣ мондааст.
Ҷолиб аст, ки Қуръон решаи ҳамаи гуноҳон ва фасодҳоро ширк медонад то бар ин нукта таъкид кунад, ки ширк омили табоҳӣ ва ҳалокат аст ва ончӣ мояи саодат ва оромиши воқеии башар аст, тавҳид ва бандагии Худованди яктост.
Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:
1 – Корҳои зишт ва норавои инсонҳо дар низоми табиат таъсиргузор буда ва дар бурузи “Пайдо шудан” падидаҳои ногувори табии нақш дорад, фасоди муҳити зист, ба хотири амалкарди мухриби инсонҳост.
2 –Муҳити зист, чӣ хушкӣ в чӣ дарё, амонати Худо дар дасти башар аст, бетардид, Парвардигори олам иҷозаи ҳаргуна тасарруферо дар ин амонат надодааст.
2 – Сайр ва сафар ва ҷаҳонгардӣ, дар сурате, ки ҳадафманд буда ва мояи дарси ибрат барои инсон бошад, Ислом ба он суфориш кардааст.
4 – Агар аксаряти мардуми як ҷомиа, дучори инҳироф ва фасод шаванд, он ҷомиа ба қаҳри Илоҳӣ мубтало мешавад ва бояд аз онҷо ҳиҷрат кард.