Қисмати 734 сураи муборакаи " Рум ", ояи 43-46
Қисмати 734 сураи муборакаи " Рум ", ояи 43-46
43
«فَأَقِمْ وَجْهَکَ لِلدِّینِ الْقَیِّمِ مِن قَبْلِ أَن یَأْتِیَ یَوْمٌ لَّا مَرَدَّ لَهُ مِنَ اللَّـهِ یَوْمَئِذٍ یَصَّدَّعُونَ»
Пас " Бо ҳамаи вуҷуд " ба суйи ин дини устувор руй биовар, пас аз он,ки рӯзе фаро расад,ки аз суйи Худо ҳеҷ бозгаште барои он нест. Дар он рӯз " Мардум" даста даста мешаванд.
Яке аз вижагиҳои дини ислом ин аст,ки бо ақл ва фитрати башарӣ ҳамоҳанг аст. Лизо дар ин оя, ислом ба унвони дине муарифӣ шуда,ки ҳам бар мабнои муҳкам ва устувор бино шуда ва ҳам дарбаргирандаи ҳамаи масолеҳи фардӣ ва иҷтимоии башар аст. Албатта осор ва баракоти дин дар сурате шомили ҳоли ҷавомеъи исломӣ мешавад,ки бо тамоми вуҷуд ба он руй оварданд ва дар ҳамаи умури зиндагӣ бар мабнои он амал кунанд,на он ки ба майл ва дилхоҳи худ,бахше аз динро бигиранд ва бахшеро раҳо кунанд. Агар инсон бидонад,ки фурсати ӯ дар зиндагии дунё кӯтоҳ аст ва хеле зудтар аз ончӣ фикр мекунанд,ба поёни хатт мерасад, саъй мекунанд аз ин фурсат бештарин баҳраро бигиранд то камтар гирифтори пушаймонӣ шаванд.Яке аз вижагиҳои рӯзи қиёмат ин аст,ки мардум дар он рӯз, гуруҳ гуруҳ шуда, роҳи муъминон аз кофирон ва афроди мунҳариф ҷудо мешавад ва ҳар як ба суйе мераванд.
Аз ин оя меомӯзем,ки:
1-Таваҷҷуҳ ба дин ва таълимҳои он,бояд ба сурати ҷиддӣ ва фарогир бошад,на амре дар ҳошия ва мақтаъӣ ва ё мавсумӣ.
2-Ончӣ сабаби наҷоти ҷомиъа аз осебҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мешавад,рӯйкарди тамомаёр ба омузаҳои динӣ аст.
44
«مَن کَفَرَ فَعَلَیْهِ کُفْرُهُ وَمَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِأَنفُسِهِمْ یَمْهَدُونَ»
Ҳар кас кофир шавад, куфраш ба зиёни ӯст, ва касоне,ки кори шоиста анҷом диҳанд, " Фарҷоми нек ва саодати абадиро " барои худашон омода мекунанд.
45
لِیَجْزِیَ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِن فَضْلِهِ إِنَّهُ لَا یُحِبُّ الْکَافِرِینَ»
То Худованд касонеро,ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, аз фазли хеш подош диҳад; " Ва кофиронро маҳрум кунад зеро " Ӯ кофиронро дӯст намедорад.
Дар ояи қабл фармуд: Дар қиёмат, мардум пароканда ва гурӯҳ гурӯҳ шуда ва сафҳои муъминон аз кофирон ҷудо мешавад,ин оя мефармояд: Он кайфар ва подоши натиҷаи амали худи инсонҳо дар дунёст. Куфр ба инсон зиён мерасонад ва ӯ ро дузахӣ мекунад ва имон ва амали шоиста,оромиш ва осоиш дар Биҳиштро дар пай дорад.
Илова бар дарёфти подоши корҳои неки худ, аз лутф ва раҳмати вижаи илоҳӣ баҳраманд шуда ва машмули фазли Худованд мешаванд. Ин ҳамон чизе аст,ки куфрпешагон худро аз дарёфти он маҳрум кардаанд.
Аз ин ояҳо меомузем,ки:
1-Имон ва куфри инсонҳо,фоида ё зараре барои Худованд надорад,балки суд ва зиёнаш ба худи онҳо мерасад.
2-Рафтори Худованд бо кофирон бар асоси адли ӯ ва бо аҳлли имон ва амали солеҳ бар пояи фазли Ӯст.
46
وَمِنْ آیَاتِهِ أَن یُرْسِلَ الرِّیَاحَ مُبَشِّرَاتٍ وَلِیُذِیقَکُم مِّن رَّحْمَتِهِ وَلِتَجْرِیَ الْفُلْکُ بِأَمْرِهِ وَلِتَبْتَغُوا مِن فَضْلِهِ وَلَعَلَّکُمْ تَشْکُرُونَ
Ва аз нишонаҳои " Қудрат ва ҳикмати " Ӯ ин аст,ки бодҳоро мужда диҳандаи " Борон " мефиристад ва то азраҳматаш ба шумо бичашонад ва киштиҳо ва фармонаш ҳаракт кунанд ва шумо " Низ " аз фазли Ӯ " Рӯзӣ" биҷуед, шояд шукргузорӣ кунед.
Ин оя бори дигар ба ояҳои тавҳидӣ,ки дар оғози сура омадааст,боз мегардад ва бар низоми ҳамоҳанги ҳастӣ ишора мекунад. Мефармояд: агар ба осмон ва замин ва падидаҳои табиие чун бод ва борон,ки ҳамвора дар замин рӯй медиҳад таваҷҷуҳ кунед, ба қудрат ва ҳикмати илоҳӣ ва яктоии Офаридагори ҳаст пай мебаред. Дар меёбем,ки Худованд бо ин ду падидаи ба зоҳир содда,ба мавҷудоти зинда назири гиёҳон, ҳайвонот ва инсонҳо, зиндагӣ мебахшад ва ончиро мавриди ниёзи онҳост, дар ҳамаи ҷои замин дар ихтиёри онҳо қарор медиҳад. Кишовардӣ ва домдорӣ,ки ду манбаъи тағзияи башар аст, мадювни бод ва борон аст. Ончӣ дар асри нав,киштиҳо ҳастанд,ки аз тариқи дарёҳо ва уқёнусҳо ба ҳамаи нуқтаҳои ҷаҳон дастрасӣ доранд.
Аммо мутаасифона умумиафроди башар ба ин неъматҳои бузурги илоҳӣ,ки дар ихтиёрашон ҳаст,таваҷҷуҳе надоранд ва онҳоро умури табии медонанд,ки гӯё худ ба худ рух медиҳанд ва ҳеҷ дасти бартаре дар шаклгирии ин падидаҳо нақш надорад.
Аз ин оя меомӯзем,ки:
1-Бод,ки омили ҷобаҷоии абрҳо дар сатҳи курраи замин аст, ин манбаъҳои бузурги обро аз тариқи ҳаво ба нуқтаҳои хушкзамин мунтақил карда ва заминҳои ташнаро сероб месозад.
2-Ҳаракати киштиҳо дар дарёҳо, дар ҳақиқат ба дасти Худост, на нохудо! " Капиттани кишти "
Зеро Худованд бо вазъи қавонини табиат,заминаи ҳаракати киштиҳоро бар рӯйи об фароҳам сохтааст. Барасоси ин қавонин, киштиҳои ғулпайкар бар рӯйи об фароҳам сохтааст. Бар асоси ин қавонин,киштиҳои ғулпайкар бар рӯйи об шиновар мемонанд. Онҳо бо камтарин ҳазина, мусофиратҳои тулониро тай мекунанд ва анбуҳи коло ва мусофирро ҷо ба ҷо мекунанд.
3-Талош ва кшиш барои касби рӯзии ҳалол аз тавсиаҳои Қурон аст. Албатта инсон бобати ончиро,ки ба даст меоварад,бояд шукргузори Худо бошад ва онро аз ҷониби Худованд бидонад на аз илм ва тадбири худ.