Қисмати 735 сураи муборакаи " Рум ", ояи 47-49
Қисмати 735 сураи муборакаи " Рум ", ояи 47-49
47
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِکَ رُسُلًا إِلَى قَوْمِهِمْ فَجَاءُوهُم بِالْبَیِّنَاتِ فَانتَقَمْنَا مِنَ الَّذِینَ أَجْرَمُوا وَکَانَ حَقًّا عَلَیْنَا نَصْرُ الْمُؤْمِنِینَ
Ва ба рости мо пеш аз ту паёмбароне ба суйи қавмашон фиристодем, пас онҳо далоили равшан барояшон оварданд. Онгоҳ аз касоне,ки муртакиби ҷурм ва гуноҳ шуданд, интиқом гирифтем " Ва муъминонро ёрӣ кардем " ва ёрии муъминон ҳақе бар уҳдаи мост.
Дар ояи пеш дар мавриди фиристодани бодҳо ва нузули борон барои рӯйиши гиёҳон ва ҳаёти инсон буд. Ин оят ба фиристодани паёмбарон барои ҳидояти мардум бар асоси далил ва бурҳон ишора мекунад ва ояҳои пас аз он, бори дигар ба мавзуъи фиристодани бод ва борон барои зинда кардани замин мепардозад. Гуё қарор гирифтани ин оят дар миёни ояҳои марбут ба қудрат ва ҳикмати илоҳӣ дар офариниш,баёнгари ин нуктаи зариф аст,ки низоми таквин ва ташриъ аз як мабдаъ сарчашма мегирад. Яъне ҳамон Худое,ки шуморо офарид ва барои таъмини ниёзҳои рӯҳии шумо низ паёмбаронро фиристод то бо истифода аз ақл ва фитрат шуморо ҳидоят кунанд.
Табии аст дар ин сурат онон,ки ҳақиқатро дарк кунанд ва имон биёваранд, мавриди лутф ва раҳмати Худованд қарор гирифта ва аз нусрат ва ёрии Ӯ бархурдор мешаванд. Аммо онон,ки ба муқобила бо ҳақ бархезанд ва аз фармони Худо сарпечӣ кунанд, ба кайфари илоҳӣ гирифтор мешаванд.
Аз ин оят меомӯзем:
1-Худованд бо фиристодани паёмбарон ва муъҷизаҳо ва далелҳои равшан, ҳуҷҷатро бар мардум тамом кардааст.
2-Кайфари муҷримон пас аз иршоди онҳо ва итмоми ҳуҷҷат аст,зеро агар ҳуҷҷат бар касе тамом нашавад,кайфари Ӯ одилона нест.
3-Пирӯзии ниҳоии муъминон бар кофирон ва ҷабҳаи ҳақ бар ботил,ваъдаи қатъии Худованд аст.
48
اللَّـهُ الَّذِی یُرْسِلُ الرِّیَاحَ فَتُثِیرُ سَحَابًا فَیَبْسُطُهُ فِی السَّمَاءِ کَیْفَ یَشَاءُ وَیَجْعَلُهُ کِسَفًا فَتَرَى الْوَدْقَ یَخْرُجُ مِنْ خِلَالِهِ فَإِذَا أَصَابَ بِهِ مَن یَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ إِذَا هُمْ یَسْتَبْشِرُونَ
Худованд касе аст,ки бодҳоро мефиристад ва абреро бармеангезад,пас онро дар осмон,онгуна ки бихоҳад,мегустаронад ва онро порп пора менамояд. Пас боронро мебини,ки аз лобалои он берун меояд. Пас ҳар гоҳ он " Борон " ро ба ҳар кас аз бандагонаш,ки бихоҳад бирасонад, ба ногоҳ онон шодмон ва хушҳол мешаванд.
49
وَإِن کَانُوا مِن قَبْلِ أَن یُنَزَّلَ عَلَیْهِم مِّن قَبْلِهِ لَمُبْلِسِینَ»
Ҳарчанд пеш аз он,ки " Борон " бар онон фурӯ резад,пас аз он навмед ва маюс буданд.
Бо тобиши хуршед ва гармои он,оби сатҳи дарёҳо ва уқёнусҳо,бухор шуда ва ба осмон мунтақил мешавад. Сипас Худованд бо фиристодани бодҳо, абрҳоеро,ки аз бухори об ташкил шуда,ба нуқтаҳои хушкзамин дар сарзаминҳои дур даст ҳидоят мекунад ва дар он ҷо бо эҷоди шароити табиӣ барои бориш,қатраҳои латифи боронро бар замин меборад. Азаммати ин кор вақте равшан мешавад,ки бидонем имрӯза башар барои интиқоли газ,нефт ё об аз нуқтае ба нуқтаи дигар, ногузир аст милиардҳо долар барои сохти лулаҳои интиқол,ҳифории " Кандани " замин, лулагузори, эҷоди истгоҳҳои кантрол ва нигаҳдорӣ ва ғайра,ҳазина кунад. Бо ин ҳол,ин иқдомот минтақаи маҳдудеро метавонад пушиш диҳад. Аммо Худованд бо истифода аз системае,ки ҳеҷгуна ҳазинае барои башар надорад,об,ин мояи ҳаётро дар дастраси сокинони ин курраи хокӣ қарор дода то на фақат башар,балки тамоми мавҷудоти зиндаи рӯйи замин аз он баҳраманд шаванд.
Аз нузули борон,на фақат ҷисми инсон,балки рӯҳу равони ӯ низ баҳра мебарад. Дидани саҳнаи фараҳбахши бориши борон ва низ гулҳова боғҳо ва бустонҳои зебое,ки аз боридан тароват меёбанд,дар ҳар инсоне нишот ва шодобӣ меофаринад ва ӯро аз гирифтагӣ ва андуҳ раҳо месозад. Кишоварз ё домдоре,ки гирифтори камобӣ ё хушксолӣ шуда ва ҳамаи дастранҷи ӯ дар маърази нобудӣ аст, бо дидани абр ва бод,барқи умед дар чашмонаш медурахшад ва лабханди шодӣ бар лабонаш менишинад. Ин ҳамон умедворӣ ба лутф ва раҳмати бекарони илоҳӣ аст,ки бод ва борон башоратдиҳандаи он ҳастанд.
Аз ин ояҳо меомӯзем,ки:
1-Падидаҳои табииро умури тасодуфӣ напиндорем. Онҳо нишонаи қудрат ва ҳикмати Худованд дар тадбири умури ҳамаи олам аз ҷумла курраи замин ҳастанд.
2-Иродаи илоҳӣ бар он аст,ки умури ҷаҳон аз тариқи илал ва асбоби табиӣ муҳақақ шавад ва низоми иллат ва маълул,офаридаи Худованди ҳаким аст.
3-Таваҷҷуҳ ба алтофи бепоёни Худованд,дармонкунандаи рӯҳияи яъс ва ноумедӣ дар инсон аст. Ба рости дар канори сахтиҳо, осоиш ва дар канори нодориҳо,дороиҳост.