Октябр 15, 2016 07:25 Asia/Dushanbe

Қисмати 736 сураи муборакаи " Рум ", ояи 50-54

50

فَانظُرْ إِلَى آثَارِ رَحْمَتِ اللَّـهِ کَیْفَ یُحْیِی الْأَرْضَ  بَعْدَ مَوْتِهَا  إِنَّ ذَلِکَ لَمُحْیِی الْمَوْتَى وَهُوَ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ قَدِیرٌ

 

Пас ба осор раҳмати Худо, " Борон " бинигар,ки чигуна заминро пас аз маргаш зинда мекунад. Бегумон ҳам Ӯ зиндакунандаи мурдагон аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност.

 

51

وَلَئِنْ أَرْسَلْنَا رِیحًا فَرَأَوْهُ مُصْفَرًّا لَّظَلُّوا مِن بَعْدِهِ یَکْفُرُونَ»

 

Ва агар боде бифиристем,ки он " Кишт ва заръ " ро зардшуда бубинанд, пас аз он носипос мешаванд " Ва куфр меварзанд "

 

Дар ояҳои қаблӣ нуктаҳоеро дар бораи бод ва борон ва нақши онҳо дар нишот ва шодобии замин ва сокинони он матраҳ кардем. Ин ояҳо мефармояд: Бод ва борон ба фармони Худо амал мекунад ва осори онҳо низ дар ихтиёри Ӯст. Ӯ агар бихоҳад борон мояи раҳмат мешавад ва заминеро,ки дар замистон мурда аст,бо бод ва борон баҳоре зинда ва сарсабз мекунад ва агар ирода кунад, метавонад боди сузон ва зиёнбор бифиристад,ки ҳамаи маҳсулотро бихушконад ва баргҳои сабзи дарахтонро ҳамчун баргҳои зарди тирамоҳӣ бар замин резад. Борон дорои осор ва бакоти фаровоне дар зиндагии башар  ва ҳаёти мавҷудоти рӯйи замин аст. Сарсабзии гиёҳон ва дарахтон,латофат ва тозагии ҳаво,танҳо гушае аз осори ин раҳмати илоҳӣ аст. Аммо набояд ба ин омилҳо ва падидаҳои табии маҳдуд шавем,балки бояд нигоҳро аз дунёи модии имрӯз ба ҷаҳони пас аз марг бибарем ва бовар кунем,ки Худованд қудрат дорад дар қиёмат низ мурдагонро зинда кунад ва ба онҳо ҳаёти дубора бубахшад.

Аз ин ояҳо меомӯзем:

1-Қурон боронро раҳмати илоҳӣ дониста,ки мояи ҳаёти замин ва сокинони ин курраи хокӣ мешавад.

1-Бориши борон ва ҳаёти нави замин,ниҳонае аз қудрати Худованд дар барпоии қиёмат ва зинда шудани дубораи мурдагон аст.

3-Инсонҳои камзарфият дар бархурд бо мушкилот ва ҳаводиси талх, дин ва имони худро аз даст дода ва куфр меварзанд.

52

فَإِنَّکَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَى وَلَا تُسْمِعُ الصُّمَّ الدُّعَاءَ إِذَا وَلَّوْا مُدْبِرِینَ

" Дилҳои онон мурдааст " Пас ту наметавони  "Даъвататро" ба мурдагон бишнавони, ва наметавони даъвататро ба каррон замоне,ки пушт мекунанд ва  рӯй мегардонанд,бишнавони.

 

53

وَمَا أَنتَ بِهَادِ الْعُمْیِ عَن ضَلَالَتِهِمْ  إِن تُسْمِعُ إِلَّا مَن یُؤْمِنُ بِآیَاتِنَا فَهُم مُّسْلِمُونَ

 

Ва ту ҳидояткунандаи курдилон аз гумроҳияшон нести ва танҳо суханатро ба гӯши касоне мерасони,ки ба  ояҳои мо имон меоварад ва " Дар баробари ҳақ " таслим ҳастанд.

 Ин ояҳо мардумро ба чаҳор гуруҳ тақсим мекунад:

Дастаи авал касоне,ки ба зоҳир зиндаанд, аммо ҳеҷ ҳақиқатеро дарк намекунанд ва имон намеоваранд.

Дастаи дуввум касоне,ки омодагии шунидани даъвати паёмбаронро надоранд Онҳо аз сухани ҳақ рӯй баргардонда ва аз он дурӣ мегузинанд.

Дастаи севвум онон,ки чашми дидани ҳақро надоранд ва дар гумроҳӣ фурӯ рафтаанд.

Ва дастаи чаҳорум муминоне,ки бо чашм ва гӯши худ дар паи дарёфти ҳақ ва пазириши он ҳастанд ва вақте ҳақро бифаҳманд,дар баробари он таслиманд.

Ин ояҳо нишон медиҳад,ки дар фарҳанги Қурон, ғайр аз марг ва ҳаёт ҷисми инсонҳо марг ва ҳаёти рӯҳӣ низ дорад. Чӣ касоне,ки ба зоҳир мурдаанд, аммо аз нигоҳи Қурон зиндаанд, монанди шуҳадои роҳи ҳақ ва чи басо касоне,ки ба зоҳир зиндаанд, аммо аз нигоҳи Қурон мурдаанд,зеро дар гумроҳӣ ба сар бурда ва худро аз нури ҳидояти илоҳӣ маҳрум сохтаанд.

Аз ин ояҳо меомӯзем:

1-Агар инсон  омодагии дарёфти ҳақиқатро надошта бошад,ҳатто сухани Паёмбари поки Худо (С) ҳам дар ӯ таъсире надорад.

2-Доштани гӯш ва чашм ва ақл, кофӣ нест. Муҳим рӯҳияи ҳақпазирӣ аст,ки кӯмак мекнад инсон дар паи шунидан ва дидани ҳақ ва пазириши он бошад.

3-Душманӣ ва лаҷоҷат бо ҳақ ва пушт кардан ба он, инсонро дар гумроҳии амиқ ва хатарнок фурӯ мебарад,ки имкони бозгашт аз он кам аст.

4-Вазифаи паёмбарон ва пешвоёни динӣ, иршоди мардум аст,на иҷбори онон ба пазириши ҳақ.

5-Имон ва бовари қалбӣ ба танҳоӣ кофӣ нест,балки таслим будан дар амал низ лозим аст.

 

 54

للَّـهُ الَّذِی خَلَقَکُم مِّن ضَعْفٍ ثُمَّ جَعَلَ مِن بَعْدِ ضَعْفٍ قُوَّةً ثُمَّ جَعَلَ مِن بَعْدِ قُوَّةٍ ضَعْفًا وَشَیْبَةً  یَخْلُقُ مَا یَشَاءُ  وَهُوَ الْعَلِیمُ الْقَدِیرُ

 

Худост он,ки шуморо аз нотавонӣ офарид, онгоҳ пас аз нотавонӣ  қувват бахшид ва онгоҳ аз паси тавоноӣ ва қувват нотавонӣ ва пирӣ қарор дод. Ӯ ҳарчи бихоҳад меофаринад ва Ӯ донои тавоност.

 

Аз онҷое,ки меҳвари ин сура, баёни неъматҳои илоҳӣ ва нишонаҳои тавҳид будааст, ин оя ба мароҳили мухталифи умри инсон аз оғоз то поён ишора карда ва мефармояд: Ҳангоми тавалуд аз модар то чанд сол, заиф ва нотавон будед, аммо бо расидан ба навҷавонӣ ва ҷавонӣ, қудрат ёфтед ва бори дигар дар пирӣ ба заъф ва нотавонӣ мерасед. Ин мароҳилро Худованд қарор дода ва шумо дар он нақше надоред.

Агар офариниш,дар ихтиёри худи инсон буд,ҳеҷкас дӯстнадошт,пир ва кӯҳансол шавад ва қувваҳои ҷисмонии ӯ рӯ ба заъф биравад. Пас қувват ва тавони ҷавонӣ ҳам аз худи инсон нест,ки битавонад онро дар пирӣ ҳифз кунад.

Аз иноят меомӯзем:

1-Оғоз ва поёни инсон, заъф аст. Касе,ки дар миёни ду заъф қарор гирифта, набояд ба чанд рӯз қуввати худ мағрур шавад. Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба он,ки дар давраи кӯтоҳе аз тавон ва қудрат бархурдорем,бояд қадри онро бидонем ва аз он ба наҳви аҳсан истифода кунем.

2-Мароҳили заъф ва қудрати инсон, бо барномаи ҳакимона аз ҷониби Худованди доно тароҳӣ шудааст.